Ҷашни донишгоҳи қадимаву азми мутахассиси ҷавон
Ҳафтаи гузашта яке аз машҳуртарин мактабҳои олии Федератсияи Россия-Донишгоҳи миллии маъданшиносӣ ва ашёи хоми шаҳри Санкт Петербург 240 солагии таъсисёбии худро ҷашн гирифт. Донишгоҳе, ки тарҳи таъсиси онро ҳанӯз М. В. Ломоносов кашидаву бо васияти Петри 1 ва фармони Екатерина он дар соли 1773 бунёд ёфта ба фаъолият пардохта буд.
Ин аввалин муассисаи таълимии техникии Россияи подшоҳӣ буд, ки дар соҳаи маъданшиносӣ ба толибилмонаш маълумоти олӣ медод. Хатмкардагони ин Донишгоҳ дар тӯли наздик ба ин дувуним аср на танҳо дар ҳудуди Русия, балки дар тамоми рӯи замин ҳазорҳо конҳои канданиҳои фоиданокро аз нафт шуруъ карда то ангишту газ, тиллову нуқра ва дигар металҳои рангаву сангҳои қимматбаҳо кашф намуда дар хизмати мардуми давлатҳои мухталиф супоридаанд.
Александр Карпинский, геологи энсиклопедист, аввалин Президенти АУ Русия, Евграф Федоров, эҷодкори методи кимиёкристаллӣ дар маъданшиносӣ, Владимир Обручев, бузургтарин геолог ва нависандаи маъруф, Николай Курнаков, эҷодкори методи физикӣ-кимиёвӣ дар металлургия, Иван Губкин, геологи маъруф, асосгузори таълимот дар бораи нафт, Иван Ефремов, нависандаи фантаст, олими палеонтолог аз ҷумлаи хатмкардагони ин Донишгоҳ ҳастанд.
Воқеан, яке аз аввалин хатмкардагони ин Дошишгоҳ аз ҷумлаи тоҷикон, собиқ аввалин Президенти Тоҷикистони соҳибистиқлол Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович мебошад. Маҳкамов Қ. М. ин Донишгоҳро, ки он вақт Институти кӯҳкории Ленинград (Ленинградский горный Институт) ном дошт, ҳанӯз соли 1953 хатм кардааст. Яке аз роҳбарони собиқи давлати Муғулистон низ хатмкардаи ҳамин Боргоҳи илму ҳунар аст.
Имрӯз ҳам дар 9 факултети он бештар аз 16 ҳазор донишҷӯ таълиму тарбия мегиранд. Донишҷӯён баъди гирифтани донишҳои зарурӣ онҳоро дар базаҳои таълимие, ки дар вилоятҳои Ленинграду Новгород фаъолият мекунанд, дар таҷриба месанҷанд, мустаҳкам ва афзун мекунанд.
Дар ин Донишгоҳ барои машҳуртарин, маъруфтарин ва тавонотарин ширкатҳои Русия ва ҷаҳон аз қабили "ФосАгро", "Новатек", "Газпром нефть", "Сургутнефтегаз", "Русская медная компания", "Метал групп", "Уралкалий", "Норильский Никель, "Алроса", "Метрополь", "Тоталь", "Фербунднетц ГАЗ", "Лукоил", "BP" ва ғайра муҳандисони баландихтисос барои чандин соҳаҳои хоҷагии халқ омода мекунанд.
Бо ибтикори Донишгоҳ чандин форумҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки яке аз онҳо (Форуми Русӣ-Олмонии ашёи хом)-ро Президенти Русия Владимир Путин ва Канслери Олмон Ангела Меркел созмон додаанд ва дар бархе аз ҷаласаҳои он шахсан ширкат кардаанд.
Осорхонаи Донишгоҳ ҳудуди 2,5 ҳазор метри мураббаъ масоҳатро ишғол мекунад ва дар 22 толори барҳавои он маводҳое ба намоиш гузошта шудаанд, ки аз 80 давлати ҷаҳон ҷамъ оварда шудаанд. Ин осорхона дар байни осорхонаҳо, ки боигарии табиатро ба намоиш мегузорад, дар ҷаҳон ҷои саввумро ишғол мекунад. Тақрибан 240 ҳазор экспонат дорад.
Хушбахтона, дар чунин як муассисаи таълимии сатҳи баланди ҷаҳонидошта имрӯз ҳам фарзандони Тоҷикистони азизи мо сабақ мегиранд. Ба мо муяссар шуд, ки бо яке аз онҳо, ки ба ҳамагӣ се сол қабл ин Донишгоҳро хатм карда боз дар зарфи дувуним соли баъдӣ аспирантураи онро рӯзона хатм карда унвони баланди номзади илмҳои техникиро соҳиб шудааст, ҳамсуҳбат шавем.
Шарипов Чаҳонгир Додоҷонович соли 1987 дар Душанбе таваллуд шудааст. То синфи 9-ум дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 20-и пойтахт таҳсил намуда сипасро хонданро дар лисеи назди Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ идома дода, соли 2005, баъди хатми он, ба факултети кимиё ва металлургии Донишгоҳи милии маъданшиносӣ ва моли хоми шаҳри Санкт Петербург дохил мешавад. Онро соли 2010 бо ихтисоси металлургияи металҳои ранга хатм кардааст.
Ҳангоми таҳсил Ҷаҳонгир барои азхуд кардани илму дониши ихтисоси интихобкардааш ҷидду ҷаҳд ва талошҳои зиёде мекунад. Дар баробари азхуд кардани дарсҳои устодон дар семинару конференсияҳои илмии Донишгоҳ фаъолона ширкат, суханронӣ ва маърӯзаҳо мекард. Махсусан ҳангоми таҷрибаомӯзӣ, ки дар заводи алюминии Тоҷикистон сурат гирифт, дар амал нишон дод, ки ӯ касби интихоб намудаашро дӯст медорад ва саъй дорад, ки тамоми нозукиҳо онро азбар намояд.
Ҳамин саъйю кӯшиш ва собитқадамиву устувории ӯ дар роҳи касби илму дониш ва ҳунари интихобнамудааш буд, ки устодони Донишгоҳ, махсусан роҳбари кори дипломияш дотсент Бажин Ю.В. ва мудири кафедраи металлургияи ранга профессор, доктори илмҳои техникӣ Сизяков В.М., пеши раҳбарияти Донишгоҳ кафил шуданд, ки Ҷаҳонгир агар таҳсилашро дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳ идома диҳад, ба манфиати кор аст. Ба бахти ман, мегӯяд Ҷаҳонгир, Бажин ва Сизяков аз нахустин инженероне ҳастанд, ки дар бунёди заводи алюминии тоҷик, шахсан ширкат намудаву хидмат кардаанд. Онҳо нисбат ба Тоҷикистону мардуми тоҷик як эҳтироми бузург қоиланд. Онҳо аз фаъолияти завод ва ҳайати раҳбарикунандаву коргарон, дастовардҳову камбудиҳои он тавассути матбуот огоҳии комил доранд. Барои ҳамин ҳам ҳангоме, ки кори илмиямро менавиштам, аз донишу таҷрибаи онҳо зиёд истифода мебурдам, меафзояд Ҷаҳонгир.
Кори илмии Ҷаҳонгир "Ба эътидол овардани параметрҳои технологӣ дар шароити электролитҳои кислотаӣ (аксидӣ) барои электролизерҳои пурқудрати алюминӣ" ("Стабилизация технологических параметров в условиях кислых электролитов для мощных алюминиевых электролизеров") ном дорад. Ӯ диссертатсияашро охири моҳи июни соли 2013 дар Санкт Петербург дар назди бузургтарин донишмандони соҳа дифоъ кард ва сазовори унвони номзади илмҳои техникӣ шуд. Дар синни 26 солагӣ. Воқеан нахустин тоҷики хатмкардаи ин Донишгоҳ, ки дар он ҷо боз рисолаи номзадиро дифоъ кардааст.
Оғози бад не. Аз ӯ мепурсам, ки "пажуҳишҳои илмияшро идома доданист ё на?". Бале, посух медиҳад ӯ. Вале нахуст мехоҳад, ки агар Худо хоста бошад, нуктаҳои муҳими кори номзадияшро дар амал дар заводи алюминийи тоҷик татбиқ намояд. "Ман дар кори илмиям барои тамоми заводҳои алюминий, махсусан заводи алюминийи тоҷик, якчанд пешниҳод дорам, ки дар сурати дар истеҳсолот ҷорӣ шудани онҳо ҳам завод самараи хуби иқтисодӣ ба даст меорад ва ҳам ман метавонам маводи бештаре барои кори докториям ба даст биёрам", меафзояд Ҷаҳонгир Шарипов.
Агар пешниҳоди Чаҳонгир дар истеҳсолот татбиқ шаванд ба гуфтаи ӯ солона ба заводи алюминий 11, 8 миллион доллар самараи иқтисодӣ оварда метавонад. Мисол барои истеҳсоли 1 тонна алюминий дар айни ҳол дар завод 23 килограмм намаки фтор истифода бурда мешавад. Як тонна намаки фтор дар бозори ҷаҳонӣ имрӯз 5, 5 ҳазор доллар меистад. Аз рӯи пешниҳодҳои Ҷаҳонгир бошад барои истеҳсоли як тонна алюминий аз 14 то 18 килограмм намаки фтор истифода мешавад. Яъне аз панҷ то ҳашт килограмм камтар намаки фтор сарф мешавад. Дар ҳамин ҳол қувваи барқ низ сарфакорӣ мешавад. Аз рӯи иттилооте, ки ман дорам, завод дар як сол ҳудуди 250 -270 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мекунад. Акнун ҳисоб кунед, ки дар сурати камтар истифода бурдани намаки фтор дар истеҳсоли як тонна алюминий барои завод чӣ қадар фоида омаданаш мумкин аст, мегӯяд Ҷаҳонгир. Ҳамин гуна пешниҳодро дар мавриди истифодаи глинозем (дигар ашёи хом) низ дорам.
Мо бо табрики хатмкардагони ин Донишгоҳи машҳур дар ин ҷо мерасем ба поёни матлабамон ва аз фурсат истифода бурда барои Ҷаҳонгир Шарипов ва ӯ баринҳо, ки бо як умеду ҳавас баъди таҳсил дар хориҷа ба Ватан баргашта мехоҳанд ба халқу давлаташон самимона ва фарзандвор хизмат карда дар рушди онҳо саҳм бигзоранд, комёбиву муваффақият ва барори кор орзу менамоем.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №23, 05 ноябри соли 2013