22:16:20 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Медали биринҷии донишҷӯи тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон

Ардашер Исмоилов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни донишҷӯён дар шаҳри Лимассоли Кипр медали биринҷӣ ба даст овард.

qahramoni-sambo-665895Варзишгари тоҷик Ардашер Исмоилов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни донишҷӯён, ки рӯзи 7-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни 57 килограмм медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин вазн Михаил Диянови русиягӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Валтер Бассинелии итолиёвӣ пирӯз шуд, мақоми аввалро касб кард.

Дар ин бора ба мо Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон, ки сардовари мусобиқоти ҷаҳонӣ байни донишҷӯён ва наврасон мебошад, рӯзи 8-уми декабр хабар дод. Вай афзуд, “Дар мусобиқаи ҷаҳрамонии ҷаҳон байни донишҷӯён, ки рӯзи 7-уми декабр шурӯъ шуд, наздики 100 варзишгар аз  22 кишвар ширкат дорад. Тоҷикистонро ба ҷуз Ардашер Исмоилов, Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ мекунанд.”

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар  мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасони синнашон 14-16-сола, ки рӯзҳои 5-6-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор шуд, 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар сабқати писарон Илҳомҷон Ҳофиззода (дар вазни 66 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг) бо медалҳои нуқра, Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг) бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Инчунин дар сабқати духтарон Шоҳида Қаландарова дар вазни 56 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi