11:50:05 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Давандаҳои тоҷик аз $28800-и шаҳрдории Душанбе бенасиб монданд

Давандаҳои тоҷик натавонистанд дар ниммарафони имсола дар пойтахт ҷойи намоёнро гиранд. Ҷоизаҳои аввалу дувумро аз ҳисоби занону мардон намояндагони Русия ва Узбакистон соҳибӣ карданд.

varzish-5623124545.jpgВарзишгарони тоҷик дар ниммарафони байналмилалии имсола, ки 18 апрел бахшида ба рӯзи пойтахт дар Тоҷикистон баргузор шуд, ҷойи намоёнро соҳибӣ накарда, аз дарёфти ҷоизаи Маҳмадсаид Убайдуллоев низ бенасиб монданд. Мақомҳои аввал ва дувум миёни занону мардонро дар ин ниммарафон варзишгарон аз Русия ва Узбакистон ба даст оварда, ҷои севум аз ҳисоби мардон насиби варзишгар аз Кения шудааст.

Аббосиддин Саймиддинов, сардори Идораи кор бо ҷавон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар маҷмуъ барои мардону занон шашҷойӣ муқаррар шуда буд, ки ҷоизаашон ба 14 ҳазору 400 доллар, муодили 180 ҳазору 180 сомонӣ баробар будааст. Ӯ афзуд, "барои ҷойҳои аввал 3 500 ва ҷойҳои дувум 3 000-долларӣ тақдим мешавад. Боқимондаҳо аз он камтар дарёфт хоҳанд кард."

Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, барои бори шашум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд ва дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик аз манотиқи мухталифи кишвар, давандаҳои касбӣ аз хориҷ, аз ҷумлу Русия, Узбакистон ва Кения низ иштирок доштанд.

Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки аз соли 2010 баргузор мешавад, аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.

Аббосиддин Саймиддинов, раиси Идораи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе гуфт, ҷоизаи ғолибон баъд аз зуҳри 18 апрел дар толори "Душанбе-Плаза" супурда хоҳад шуд. Инчунин, дар ин маросим ғолибони озмунҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - "Беҳтарин варзишгари сол", "Беҳтарин мураббии сол", "Беҳтарин мактаби варзишии сол" ва "Беҳтарин толори варзишии сол" бо ҷоизаҳо ба маблағи аз 2,5 ҳазор то 3,5 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Ба ҷуз ин, ба 38 варзишгари беҳтарини Душанбе, ки дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардоштаанд, мукофотпулӣ ба маблағи аз 500 то 1000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ниммарафони байналмилалӣ соли 2014 бо пирӯзии варзишгарони Украина ва Узбакистон анҷом ёфта буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi