10:02:25 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ф. Зайниддинзода: Ҳадафи мо сарҷамъ намудани тамоми ҷавонони тоҷик аст!

Чанде пеш гурӯҳи  ҷавонон, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио ва гурӯҳи «Пешоҳанг», ки бо мақсади мулоқот бо ҷавонони тоҷик тӯли як ҳафта дар Федератсияи Русия қарор доштанд, ба Ватан баргаштанд.

farangis-zayniddinzoda-5465.jpgЗимни вохӯриҳои судманд дар шаҳрҳои Маскав, Твер, Сочи ва вилояти Краснодар, ки дар он ҷо шумораи зиёди тоҷикон ба кору таҳсил машғуланд, ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» доир ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди назар суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд. Хабарнигори мо доир ба масъалаи мазкур бо сардори департаменти муносибатҳои байналмиллалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Зайниддинзода мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем

адаф ва мақсади асосии баргузории ин сафар чӣ буд?

адаф ва мақсади сафар- ин қабл аз ҳама воқиф шудан аз вазъи таҳсил, дастовардҳо ва  мушкилоти ҷавонони точик дар ФР, пайдо намудани риштаи дӯстӣ, тарғибу ташвиқи унсурҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ ва баррасии дигар масоили мубрам ва ҳаётан муҳими ҷавонон буд.

-Баргузории ин гуна суҳбату вохӯриҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ то кадом андоза метавонад дар самти пешгирӣ  аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ таъсиргузор бошад?

-Мушкилот ва хатаре, ки имрўзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, мо ҷавононро бе тафовут намегузорад. Албатта, баргузории ин гуна мулоқот бо ҷавонони дохил ва ҳамватанони бурунмарзӣ айни муддао буда, зимни нишастҳо ва ҳамоишҳо тамоми паҳлуҳои ин ҳаводиси номатлуб, яъне гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, масоили терроризму экстремизмро ба ҳозирин бисёр дақиқ фаҳмонида, зимнан аз фаъолияти ноогоҳонаи баъзе гурўҳҳои ифротӣ аз тариқи муаррифиномаҳо ва албатта, бо такя ба фармудаҳои дини мукаддаси Ислом роҷеъ ба ноҳақ резонидани хуни инсоният новобаста аз эътиқоди динии онҳо ва нақшаҳои тарҳрезигардидаи нопоки ин гуна гурўҳҳои ҷангҷў ба ҷавонон равшан ва саҳеҳ пешниҳод мегардид.

Ва албатта, баъд аз дидану шунидани ин ҳама амалҳои зишти ифротгароён ҷавонон метавонанд ақидаи комили худро роҷеъ ба ин масоили мубраму ҳаётан муҳим дошта бошанд, зеро маълум аст, ки аксаран ба гурӯҳҳои ифротӣҷавонон ҷалб карда мешаванд. Ва баҳри ҷалби ҷавонон  руҳшиносони баландихтисос, мутахассисони ботаҷриба ва соҳибмалакаи мубаллиғони гурўҳҳои ифротгаро бо эшон кор мекунанд. Маълумот надоштани ҷавонон аз амалҳо ва нақшаҳои ин гуна нохалафон метавонад онҳоро ба дом афтонад. Баҳри пешгирии ин ҳама ҳаводиси номатлуб ба ақидаи ман мо бояд бештар бо ҷавонон фаъолият барем, пайваста аз вазъи таҳсил ва фаъолияти эшон бохабар бошем.

Конфронсу чорабиниҳои гуногун роҷеъ ба баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ, худогоҳиву худшиносӣ, расидан ба қадри неъмати бузурги истиқлолият, шукргузор будан аз сулҳу субот ва амнияти кишвари азиз, ба илмҳои дақиқ рўй овардану ба варзиш шуғл варзиданро доир намоем. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем ба натиҷаҳои хубу назаррас ноил гардем. Ҷавони соҳибмаърифат, боандешаву солимро ҳеҷ як гурўҳ ва ҳаракати ифротӣ ба доми худ кашида намтавонад.

Бо ташаббуси вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Абдуллозода Аҳтам ин гуна мулоқот дар дохили кишвар-манотиқи Бадахшон, Суғду Хатлон, Раштонзамин, Ҳисори шодмон ва дигар шаҳру ноҳияҳо доир гардиданд. Ва баъд аз баргузории чунин муолқот ва конфронсу чорабиниҳои илмиву амалию корҳои фаҳмондадиҳӣ шумораи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳароакатҳои иртиҷоӣ нисбат ба ҳолати пештара хело кам шудааст. Яъне вокеан баргузории мулоқоту нишастҳо ва ҳамоишҳо бо ҷавонон натиҷаи хуб ба бор меорад.

-Тавре ки мушоҳидаҳо собит сохтанд, бештари ҷавонон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар  Федератсияи Русия ба доми мубаллиғони гурӯҳҳои террористиву ифторгаро афтида, ба Сурияву Ироқ мераванд. Ҳангоми суҳбат бо ҳамватанон онҳо дар ин маврид чи нақтаи назар доранд?

авонони фаъол ва ҳамватанони бурунмарзӣ зимни баромадҳои хеш рафтори  бархе аз ҷавонони тоҷикро, ки ба гурўҳҳои ифротӣ шомил гардидаанд, сахт маҳкум карданд. Дар ин робита роҳбари ҷамъияти «Фарҳанги тоҷикон»-и в.Твер пешгирӣ намудани ҳолати ба гурўҳҳои ифротӣ шомил гардидани ду ҷавони тоҷикро, ки аз фурудгоҳ баргардонида шуданд, зикр намуд. Дар шаҳри Маскав ва дигар минтақаҳои ФР низ аз ин мушкилот ҷавонон ибрози андеша менамуданд.

Маълум гардид, ки ҷавонони тоҷик ҷиҳати пешгирии ин ҳаводиси номатлуб байни ҳамсолони хеш корҳои назаррас анҷом дода, кўшиш менамоянд, ки дар ин самт байни донишҷўён ва муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ пурзўр карда шаванд. Аксаран ҷавононе, ки дар кору таҳсил муваффақ намешаванд, аз бекорӣ ба ҳар гуна амалҳои ношоиста даст зада, аз ин ҳолат мубаллиғони гурўҳҳои террористиву ифротгаро хуб истифода намуда, онҳоро шомили гурӯҳҳои хеш месозанд.

Баҳри пешгирии ин гуна ҳодисаҳои номатлуб ҷавонони фаъоли тоҷик, ҳамватанони бурунмарзии минтақаҳои Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор бо ҷавонону аҳолӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Амали зишти онҳоро баҳри мардум фош месозанд. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста маълумот ва мақолаҳо бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткор ва экстремистӣ нашр мекунанд. Дар бозору кўчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ иқдомҳо мегузаронанд. Ва албатта, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва варзишӣ доир намуда, ҷавононро баҳри ширкати фаъолона ҷалб менамоянд.

Ҳангоми мулоқот бо ҷавонон ва ҳамватанони бурунмарзӣ онҳо сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, аз ободонӣ ва рушду нумуи кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҷавонон неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа маҳсуб шуда, баҳри пешрафту тараққиёт ва ободониву осоиштагии кишвари азиз саҳмгузор бояд бошанд. Баҳри канораҷўӣ намудан аз ҳар гуна гурўҳҳои ифротгаро ва тундрав бештар саъю кўшиш хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, маълум гардид, ки саҳми ҷамъиятҳои ҷавонон, ки дар ФР фаъолият мебаранд, барои пешгирии ҷавонон аз гаравидани эшон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ арзанда аст.

-Тавре ки медонем, дар Федератсияи Русия ҷамъиятҳои зиёди ҷавонон фаъолият мекунанд. Саҳми онҳо барои пешгирӣ кардани ҷавонон аз  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чӣ гуна аст?

- Албатта, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҶТ баҳри анҷом додани мулоқоту ҳамоишҳо дар кишварҳои хориҷии дуру наздик, ки он ҷо шаҳрвандони ҶТ фаъолият мебаранд, нақшаи корӣ тарҳрезӣ гардида, ин гуна суҳбату вохўриҳо бахри густариши ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани риштаи дўстӣ бо ҷавонони фаъоли дигар кишварҳо, муаррифии фарҳангу маданияти мардуми тоҷик, тарғибу ташвиқи унсурҳои миллӣ ва пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.

-Оё дар оянда ҳамин гуна суҳбату вохӯриҳо идома меёбанд?

-Бояд гуфт, ки ин нахустин сафари ҷавонони фаъоли кишвар ба қаламрави ФР буд, ки аз дидори ҳамватанон дар бозору марказҳои тиҷоратӣ, марказҳои ҷавонон ва донишгоҳҳову мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳои ФР ҳамватанони бурунмарзӣ бисёр хушҳол шуданд. Аз шунидани забони ширини тоҷикӣ ва суҳбатҳои гарму самимӣ онҳо мегуфтанд- бўи Ватанро бо худ овардед. Ва бисёр хоҳиш намуданд, ки ин гуна сафару конфронсҳо зуд-зуд доир гарданд, то ҷавонон боз ҳам бо ҳам наздиктар шаванду аз дастовардҳои ҷавонони дохилу хориҷ, аз мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта зимни таҳсил бархурдор шаванду нақшаҳои ҳамкории муштарак таҳия намуда, муҳим аз ҳама аз дидори ҳамдигар шод гарданд.  

Дар интиҳо мехостам аз номи гурўҳи 18 нафараи ҷавонон намояндагони Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, гурўҳи «Пешоҳанг»-и ВКД, гурўҳи ҷавонони фаъоли кишвар, ки дар макотиби олии гуногуни ҶТ таҳсил менамоянд,  миннатдории хешро махсусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба Рамазон Раҳимзода Ҳамро - врзири корҳои дохилии ҶТ, ба Абдуллозода Аҳтам Рустам - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, ба сафири Чумҳурии Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов, ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони ФР ва диаспораҳо барои дастгирӣ ва ғамхории пайваста расонам.

Мо, ҷавонон ваъда медиҳем, ки бар зидди ҳама гуна амалҳои номатлуб мубориза бурда, дар ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, ободиву пешрафти ин мулки азиз – Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор хоҳем буд.

Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!!!

АМИТ “Ховар”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi