06:35:42 14-уми Июли 2026 сол

Натиҷаи бозиҳои даври 1/8 ниҳоӣ – 8 июл

Имрӯз, 8 июл, даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо ду бозии охирин ба анҷом расид. Аргентина баргашти аҷибе анҷом дод ва Швейтсария дар силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд. Ҳамаи 8 иштирокчии чорякфинал муайян гардиданд.

world cup 26 87569423152

Аргентина 3:2 Миср

Бозӣ дар Варзишгоҳи "Мерседес-Бенс"-и Атланта баргузор шуд ва яке аз шавқовартарин бозиҳои ин Чемпионат гардид. Қаҳрамони амалкунанда ду гол ақиб монд, аммо бо иродаи аҷиб баргашт ва пирӯзӣ ба даст овард.

Миср бозиро беҳтар оғоз кард. Дар дақиқаи 15-ум, Яссир Иброҳим бо зарбаи сар паси тӯби Марвон Аттия дарвозаи Аргентинаро кушод 0:1. Аргентина дар дақиқаи 19-ум ба пеналтӣ расид. Лионел Месси ба сӯи самти рости дарвоза задад, аммо дарвозабони Миср Мостафа Шубайр пеналтиро дафъ кард.

Дар дақиқаи 67-ум, Мостафа Зико паси тӯби Муҳаммад Салоҳ голи дуввуми Мисрро ба сабт расонд ва Аргентинаро ба чоҳи 0:2 афканд. Аргентина дар дақиқаи 79-ум баргашт. Кристиан Ромеро паси тӯби Месси ҳисобро ба 1:2 расонд. Танҳо чанд дақиқа баъд, дар дақиқаи 83-юм, Лионел Месси паси тӯби Гонсало Монтиэл ҳисобро баробар кард 2:2. Дар дақиқаи 92-юм, Энсо Фернандес бо зарбаи сар голи пирӯзиро ба сабт расонд ва ҳисобро ба 3:2 расонд.

Швейтсария 0:0 (4:3 пен.)

Бозии охирини даври 1/8 ниҳоӣ дар Варзишгоҳи "Би-Си Плейс"-и Ванкувер байни Швейтсария ва Колумбия баргузор шуд. Ин бозӣ дар вақти асосӣ ва иловагӣ бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид ва сарнавишт дар силсилаи пеналтӣ муайян шуд.

Швейтсария дар силсилаи пеналтӣ дақиқтар буд ва бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Ин пирӯзӣ барои Швейтсария таърихӣ буд, зеро онҳо бори аввал пас аз соли 1938 дар бозии ҳазфии Ҷоми ҷаҳон ғалаба карданд.

Пас аз бозиҳои имрӯза, ҳамаи 4 ҷуфти чорякфинал муайян шуданд:

Фаронса – Марокаш, 9 июл

Норвегия – Англия, 11 июл

Испания – Белгия, 12 июл

Аргентина – Швейтсария, 13 июл

8 дастаи беҳтарини Чемпионат

Ба чорякфинал роҳ ёфтанд: Марокаш, Фаронса, Норвегия, Англия, Испания, Белгия, Аргентина ва Швейтсария. Мизбонони Чемпионат (ИМА, Канада ва Мексика) ҳама аз мусобиқа хориҷ шуданд.

Рӯзгор

Назари Шумо

Security code
навсозӣ