22:58:03 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ФАРҚИ ШАРОИТИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ВА ҚАЗОҚ

Ҷавони 23-солаи тоҷик -Умед Саидов, баҳори соли 2009 бо мақсади сайқал додани забони англисӣ ба ИМА сафар кард. Дониши хуби забони англисӣ ба вай имкон хоҳад дод дар ватанаш кори хуб пайдо намуда, ба аҳли оилааш кумаки бештар расонад. Умед чаҳор моҳ дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Сиетли иёлати Вашингтон, воқеъ дар шимолу ғарби ИМА, бо такмили забони англисӣ машғул буд, вале баъдан тасмим гирифт, ки ба Ню-Йорк кӯчад.

 

Оилаи Умед бо умеди бузург ба ояндаи дурахшонаш ба таҳсилаш сармоягузорӣ кардааст. Волидайнаш барои пардохти масрафҳои роҳпулӣ, раводиди сафар ва таҳсил дар Сиэтл мошини худро фурӯхтаанд. Бо вуҷуди ин, ҳангоми омадан ба Амрико Умед ба ваҷҳи умум дар ҳоли душвор қарор гирифт.

 

Шумораи донишҷуён аз кишварҳои ба монанди Чину Ҳиндустон дар Амрико хеле бузург аст ва онҳо аз кумакҳои шабакаҳои инкишофёфтааи ҳамватанонашон бархурдоранд. Аммо донишҷуён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ғолибан дар танҳоиянду, бо якдигар алоқаи зиёд надоранд, чунки теъдодашон дар Амрико ҳоло хеле кам аст. Бо вуҷуди он ки шумораи донишҷуёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Амрико аз соли 2005 қариб ду баробар афзоиш ёфт, теъдоди умумиашон ҳамоно хеле кам аст, ҳамагӣ як каме бештар аз 3 ҳазору 200 донишҷӯ.


Соли 2009 каме беш аз 340 ҷавонписару духтарони тоҷикистонӣ ба донишгоҳову марказҳои омӯзишии ИМ дохил шуданд. Аксарияташон на танҳо пули омӯзиш, балки будубошу хурокаашонро худашон пардохт мекунанд. Ба ҳамин сабаб, бо вуҷуди он ки донишҷуёни хориҷӣ дар Амрико ҳаққи кор карданро надоранд ва ё ин ҳақ бисёр маҳдуд аст, донишҷуёни тоҷик барои пӯшонидани масрафҳо ва ё фақат барои харҷи хурду хурокашон маҷбуранд, ғайрирасмӣ кор кунанд.

 

Дар се соли охир дастикам 60 донишҷӯ аз Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Амрико ва аз ҷумла барои кори ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Бурҳон Мирзоалиев, консули Тоҷикистон дар Амрико, ба радиои Озоди гуфт, тақрибан нисфи ин боздоштшудагонро ба ватан истирдод карданд.

 

Умед, донишҷӯи тоҷик, мегӯяд, дар ватан духтари номзад дорад ва ба ҳамин хотир қасд дорад, баъд аз поини таҳсил ба Тоҷикистон баргардад ва намехоҳад дар Амрико зиндагиашро ба роҳ монад ва оила ташкил диҳад. Ба гуфтаи вай, дар ин кишвар тарзи ҳаёт аз нигоҳи мусалмон беш аз ҳад озод аст. Аммо, вай мегӯяд, наметавонад ба ватан бо дастони холӣ баргардад. Пеш аз ҳама вай бояд роҳи ба итмом расонидани таҳсилро пайдо кунаду, қабл аз бозгашт бояд ягон маблағе низ кор кунад.

 

Ҳукумати Тоҷикистон тавони расонидани кӯмак ба донишҷуён ба монанди Умедро надорад. Оқои Мирзоалиев аз сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон, гуфт, Душанбе тавони ташкили барномаҳои вижаи таҳсили ҷавонон дар хориҷаро надорад.

 

Қазоқистон яке аз кишварҳои сарватмандтарини минтақа Болошак ном барномаи таҳсили донишҷуёёнро кайҳо боз ба роҳ мондааст. Ин кишвари саршор аз захоири энерҷӣ ва сарватҳои табиӣ ҳар сол аз тариқи барномаи Болошак тақрибан ҳазор беҳтарин донишҷӯяшро барои таҳсил ба хориҷа, аз ҷумла ба беҳтарин донишгоҳҳои Амрико, мефиристад. Дар ҳоле ки шумораи донишҷуёни тоҷик дар Амрико рӯ ба коҳиш ниҳодааст, соли 2009 ба ИМ шумораи бесобиқаи донишҷуёни қазоқистонӣ омадааст - 1714 донишҷӯ.

 

Жанболат Усенов, сухангӯи сафорати Қазоқистон дар Вашингтон, гуфт, аксарияти донишҷӯёни қазоқ дар Амрико аз тариқи барномаи Болошак омадаанд ва ин барнома масрафҳои хондан ва тамоми масрафоти будубошро дар хориҷа мепӯшонад. Аммо, узви ин барнома муваззаф аст, баъд аз хатми таҳсил ҳадди ақал панҷ сол дар Қазоқистон кор кунад, дар акси ҳол, вай маҷбур аст, тамоми маблағҳои ба вай сарфшударо ба давлат баргардонад.

 

Аксарият ба ин бо дилу ҷон розианд. Усенов ба мо гуфт, хатмкунандагони донишгоҳҳои ғарбӣ дар Қазоқистон арзиши бисёр баланд доранд ва ҳангоми бозгашт ба онҳо мақомҳои сазовор ва маоши калону имтиёзҳои мухталиф пешниҳод мешавад.

 

Марина Шпорт аз Украина донишҷӯи Донишгоҳи Коламбияи Ню-Йорк аст ва президенти гурӯҳи “Ташаббуси Авруосиёӣ” мебошад. Вай ба мо тасдиқ кард, ки донишҷуён аз Қазоқистон дар муқоиса бо донишҷуён аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ имтиёзҳои хеле бештар доранд. Марина гуфт, ҳукумати Қазоқистон, сафорат, консулгарӣ ва дигар сохторҳо ба будубоши донишҷӯёнашон таваҷҷӯҳи бениҳоят зиёд зоҳир мекунанд ва барои таҳсил ва ташкили маросимҳову ҷашнҳову фаъолиятҳои дигар ба онҳо кӯмак мерасонанд. Илова бар ин, ҳангоми бозгашт ба ҳар якеашон ҷои кор ва маоши баланд замонат шудааст.

 

Латифи Латифӣ, «Озодӣ»

 

http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/1454-farki-sharoiti-donishjuyoni-tojik-va-kazok.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi