03:00:50 01-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/22_--01-a-aaaaasoldiers226abbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/22_--01-a-aaaaasoldiers226abbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/22_--01-a-aaaaasoldiers226abbc.jpg'

ДАЪВАТ БА РЕШАКАНИИ "ДЕДОВШИНА" ДАР АРТИШ

Сарбозони Горди миллии Тоҷикистон дар муроҷиъатномае аз ҳамхидматони худ ва ҳамаи артишиёни ин кишвар хостаанд, ки ба он чи "калонгароӣ" ё "дедовшина" хонда мешавад, поён диҳанд. Дар ин муроҷиъатнома, ки рӯзи шанбеи 20 март дар нашрияи "Родмардон", вобаста ба Горди миллии Тоҷикистоно мунташир шуда, омадааст, ки калонгароӣ "мисли маразу заҳрпечаке аз бегонагон" аз артиши Шӯравии собиқ ба артиши ҷавони Тоҷикистон роҳ ёфтааст.

 

Муаллифони ин нома зимни даъвати сарбозон ба решакании меҳтарсолорӣ дар артиш навиштаанд, ки ин гуна бадрафторӣ "бо ҳувияту хилқати мардуми мо, дину мазҳаби мо бегонаву носозгор" аст.

 

Ортиқи Қодир, ҳунарманди маъруф, ки бо раёсати корҳои тарбиявии Горди миллӣ ҳамкорӣ мекнуад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ибтикори яке аз воҳидҳои низомии горд аст ва интизор меравад сохторҳои дигари низомӣ ҳам аз он ҳимоят кунанд. Ҳамчунин, қарор аст ин муроҷиъатнома дар нашрияҳои дигари расмӣ низ чоп шавад.

 

"Доғи нангин"

Ҳамакнун маълум нест, ки чи теъдоде аз сарбозон зери ин муроҷиъатнома имзо гузоштаанд, вале он дар маҷмӯъ бо имзои "Сарбозони Горди миллии Тоҷикистон" чоп шуда ва дар он омадааст, ки нерӯву тавони ҳар артише "аз дӯстиву рафоқат, ваҳдату якдилии сарбозону афсарони он" сарчашма мегирад.

 

Дар баробари ин, муаллифон аз дедовшина ё меҳтарсолорӣ, ки онро калонгароӣ ё бобосолорӣ таъриф кардаанд, ба унвони зуҳуроти баду ноҷавонмардона, зарҳпечак, мараз, доғи нангин ва ғайра ном мебаранд.

 

Дар ин фарохон ҳамчунин дар истинод ба абёте аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Хоҷа Ҳофиз омадааст, ки "калонгароиву дилозорӣ, кибру зӯроварӣ, зулму ситам аз азал барои мардуми мо бегона буд ва ин хислату рафтори пастро бузургони фарҳангу адаби мо садсолаҳо боз мазаммату маҳкум кардаанд."

 

Муаллифон ҳамчунин менависанд, ки яке аз сабабҳои аслии сарпечии бисёре аз ҷавонон аз хидмат дар артиш ҳамин "зуҳуроти ноҷавонмардонаи калонгароӣ" дар артиш аст, ки дар заминаи "ҷаҳолату бефарҳангӣ, пастфитративу маҳалгароӣ" ба ҳадди ифрот расидааст. Тибқи ин навишта, калонгароӣ ё бобогароӣ дар артиши собиқ Шӯравӣ ба ҳадди таҳқиромезе вуҷуд доштааст, ки ҳатто "боъиси маъюбиву озурдагии ҷисмонии сарбозон" мешудааст.

 

Аммо ба навиштаи муаллифони муроҷиъатнома, агарчи озору таҳқирҳои маънавии сарбозон дар замони Шӯравӣ пас аз баргаштан ба ҷумҳуриҳояшон фаромӯш мешуд, вале "мо ки фарзандони як ҷумҳурии кӯҳистонием, фардо ба чашмони якдигар чи тавр нигоҳ мекунем?"

 

"Бародарон"

Онҳо менависанд: "Шараф, нангу номус, ифтихори миллии мо чи мешавад? Магар боз ҳам дар қайди ҷаҳолату маҳалгароӣ пойбанд мемонему ба оташи кинаву ҳасад ва ғаразҳои нопоки душманонамон равған мерезем? Мо фарзандони як Ватан, фарзандони як модарем, ки Тоҷикистон ном дорад."

 

Дар ин фарохон аз сарбозону афсарони воҳидҳои мухталифи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо лафзи "бародарон" хитоб шуда ва аз онҳо даъват мешавад, ки ба гиромидошти "ойинҳову суннатҳо ва муқаддасоти аҷдодӣ" аз артиши миллӣ "заҳрпечаки калонгароиро" комилан решакан кунанд.

 

Дар ин санад омадааст: "Мо мусулмонем ва ойинҳои диниву миллии худро муқаддасу гиромӣ медорем. Ҳар ки шарафу номус дорад, ба ин ҳаракати мо, ба ин иқдоми мо бипайвандад. Ин иқдом, ин ҷунбишро зери унвони "Бародарон" созмон додем ва боварӣ дорем, ки тамоми сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо мо ҳамроҳу ҳамсадо хоҳанд шуд."

 

Муаллифон мегӯянд, ки ин санадро дар остонаи Наврӯз мунташир кардаанд, зеро "ҷавонмардӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ, меҳру шафқат, бахшишу эҳсон, сидқу сафо ва ҳамаи хубиҳову зебоиҳо рамзи Наврӯз" будааст.

 

Таъқиби гузоришгарон

Дедовшина ё меҳтарсолорӣ, ки дар ин муроҷиъатнома аз он "калонгароӣ" таъриф шудааст, анвоъе аз бадрафторӣ ё хушунатҳои равонию ҷисмониро мегӯянд, ки маъмулан сарбозони бузургтар ё ба истилоҳи русӣ "дедҳо" (бобоҳо) нисбат ба тозасарбозон ё "духҳо" (ҷавонон) эъмол мекунанд.

 

Ин навъи хушунат ё бадрафториҳо маъмулан таҳқиромез буда ва гоҳо ба мунозеъот ва бархӯрдҳои тезу тунде миёни сарбозон мунҷар мешавад. Таҳлилгарон бисёре аз мавориди худкушӣ дар воҳидҳои низомӣ ва ё қатли сарбозон ба дасти ҳамхидматонашонро ба ин навъи бадрафториҳо марбут медонанд.

 

Дар бораи мавориди қатл ва ё худкушии сарбозон дар артиши Тоҷикистон дар солҳои ахир баҳсҳое дар ҷомеъа матраҳ шудааст. Бархеҳо бар ин боваранд, ки нашри ин фарохон дар нашрияи Горди миллии Тоҷикистон худ далели эътирофи мақомот ба густардагии меҳтарсолорӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар аст.

 

Мақомот ҳамвора аз додани иттилоъ дар бораи маргу мири сарбозон дар асари бадрафторӣ ва хушунат нисбат ба онҳо худдорӣ мекунанд. Баррасии ин мавзӯъ дар расонаҳо навъе "табу" маҳсуб мешавад. Бархе аз рӯзноманигорон ҳам, ки чунин маворидеро гузориш кардаанд, мегӯянд, ки ҳадафи таъқибу таҳдиди мақомот қарор гирифтаанд.

 

Аз ҷумла Абдулмӯъмин Шерхонов, хабарнигори маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ, мегӯяд, ки ба хотири гузорише дар бораи ҳодисаи марги як сарбоз тайи се моҳи ахир мавриди таъқибу фишори мақомоти кумисериёи низомии ин ноҳия ва мақомоти додситонии низомии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

 

"Муносиботи ғайри ойинномавӢ"

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони мустақил мегӯяд, ки дар Тоҷикистон чун бархе аз кишварҳои пешрафта таърифи қонуние аз он чи "дедовшина" (қулдурӣ, bullying) номида мешавад, вуҷуд надорад, вале чун дар замони Шӯравӣ афроди муртакиби чунин ҷароим маъмулан ба ҷурми "муносибати ғайри ойинномавӣ" муҷозот мешаванд.

 

Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, агар чунин амале боъиси осеби ҷисмонӣ ва ё фавти сарбоз гардад, пас барои ин ҷурм маҳкумият ба муҳлатҳои мухталифи зиндон пешбинӣ шудааст. Вай гуфт, ки баррасии ин гуна парвандаҳо дар салоҳияти додгоҳҳои низомӣ мебошад.

 

Аз назари оқои Ҳакимов, яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала камтар кардани муҳлати хидмат то ба як сол, баланд бардоштани кайфияти хидмати низомӣ ва ҷорӣ кардани назорати ҷиддӣ дар воҳидҳои низомӣ аст. Вай ҷалби ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла таъсиси "Анҷумани модарони сарбозон" монанди бархе аз кишварҳоро барои ҳалли ин масъала бисёр муассир медонад.

 

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2009 додгоҳҳои низомии Тоҷикистон беш аз 760 нафарро муҷозот кардаанд. Бештари онҳо дар иртикоби ҷароиме, монанди нақзи ойиннома ё ҳамон "муносбати ғайри ойинномавӣ", тахаллуф аз салоҳиятҳои хидматӣ, суиистифода аз мансаб, қочоқи маводди мухаддир ва ришвахорӣ муҷрим шинохта шудаанд.

 

Вале дар ин миён шумори сарбозони мурда ё осебдида аз хушунат ва ё теъдоди афроди маҳкумшуда барои меҳтарсолорӣ ё эъмоли бадрафторӣ нисбат ба сарбозони дигар маълум нест.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/1983--qq-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ