02:32
бо вакти Душанбе
10-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1607 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3476 TJS
2012-02-09

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
МУСОБИҚАИ НАВРӮЗИИ ГУШТИИ МИЛЛӢ
Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш
23.03.2010 22:17

24-уми март дар варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи кушодаи шаҳрӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба иди Наврӯз баргузор мешавад. Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, сабқати паҳлавонӣ, ки рӯзи чоршанбе, соати 14:00 шурӯъ хоҳад шуд, дар ду гурӯҳ – байни гуштигирони вазнашон аз 70 кг. то 80 кг. ва паҳлавонони вазнашон беш аз 80 кг. сурат мегирад.

 

Оқои Мирзоев афзуд, дар рақобатҳо беҳтарин паҳлавонони кишвар, монанди Муҳаммад Абдураҳмонов ва Исроил Неъматов, ҳар ду ғолибони мусобиқаи наврӯзии соли равон дар ноҳияи Данғара, Набимуҳаммад Хоркашев, Рауф Ҳикматов, Шералӣ Бозоров, бародарон Парвиз ва Фаррух Собировҳо, Муҳаммадамин Хонов, Умед Асадбеков ва дигарон қувваозмоӣ мекунанд.

 

Ба гуфтаи оқои Мирзоев, ғолибони мусобиқа бо саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ва тӯҳфаҳои ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида хоҳанд шуд.

 

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/1988-2010-03-23-17-20-58.html

 

Миқдори нигориши мавод: 387

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh