| ДАВИ НИММАРАФОНИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ ДАР РӮЗИ ПОЙТАХТ |
| Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш | |||
| 17.04.2010 13:25 | |||
|
Субҳи имрӯз, 17-уми апрел, дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахти Тоҷикистон нахустин ниммарафони байнулмилалӣ бо ширкати варзишгарони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони шаҳрдорӣ шурӯъ шуд.
Вале аксари кулли ширкаткунандагони пойгаро варзишгарони тоҷик ташкил медиҳанд, ки манотиқи мухталифи кишварро намояндагӣ мекунанд». Ба гуфтаи дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ва намояндагони як қатор сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ низ дар ниммарафон ширкат меварзанд.
Ин сабқати дав, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, аз рӯи масири дидбонгоҳи Чорбоғ–хиёбони Ҳофизи Шерозӣ-маҳаллаи Хоҷамбиё–Боғи ботаникӣ-хиёбони Рӯдакӣ-майдони «Дӯстӣ» (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) доир хоҳад шуд. Ғолибони пойга бо мукофоти пулии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мешаванд. Ба ғолибони пойга байни мардону занон 3500-долларӣ супурда хоҳад шуд.
Онҳое, ки ҷойҳои дуввумро касб мекунанд, 3000 долларӣ мегиранд. Барои ҷойҳои сеюм 2500 долларӣ, барои ҷойҳои чаҳорум 2000 долларӣ, барои ҷойҳои панҷум 1800 долларӣ ва барои ҷойҳои шашум 1500 долларӣ муқаррар шудааст. Дар чаҳорчӯби барномаи таҷлили Рӯзи пойтахт дар Душанбе ҳамчунин баргузории маъракаҳои фарҳангӣ ва ҳашари умумишаҳрӣ дар назар аст.
Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2131-2010-04-17-08-32-49.html
|












