| ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШИИ «ВАСТАН» ДАР ДАРВОЗ |
| Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш | |||
| 25.06.2010 16:22 | |||
|
Дар Рӯзи олимпӣ ва дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвоз толори нави варзишии «Вастан» ба истифода дода шуд ва нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзю-до байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» барпо гардид.
Воқеъан, барои бунёди толори нави варзишии «Вастан» беш аз 600 000 доллар масраф шудааст ва ин маблағро соҳибкор Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳоми шакли пӯшидаи «Файз», пардохт кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокдорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ либоси гуштигирии «кимано» тӯҳфа намуд. Дар навбати худ паҳлавонони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии олимпӣ ва сабқати ҷаҳонӣ дар риштаи дзю-до, Набимуҳаммад Хоркашев, барандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ ва қаҳрамони Осиё оид ба гуштии самбо, ба Эмомалӣ Раҳмон аз номи варзишгарони кишвар либоси гуштигирӣ тӯҳфа карданд.
Нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки бо ширкати беш аз 80 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони вилояти Хатлон ба анҷом расид. Дастаи мунтахаби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақоми дуввумро касб кард. Дастаи бошгоҳи «Вастан»-и шаҳри Душанбе дар ҷои севум қарор гирифт.
Дар рақобатҳои инфиродӣ гуштигирони ҷавон Саидалӣ ва Олим Назриевҳо, Шоҳрух Боймаҳмадов (ҳарсе аз вилояти Хатлон), Хусрав Аламов ва Дидоралӣ Ҳамроҳ (ҳарду аз Бадахшон), Муҳаммад Раҳмонов ва Нуриддин Зоирбеков (аъзои бошгоҳи «Вастан») ва Хусрав Аламов (аз шаҳри Ваҳдат) мувофиқи вазни худ ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2554----lr--.html
|






