14:11
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШИИ «ВАСТАН» ДАР ДАРВОЗ
Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш
25.06.2010 16:22

Дар Рӯзи олимпӣ ва дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвоз толори нави варзишии «Вастан» ба истифода дода шуд ва нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзю-до байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» барпо гардид.

 

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар маросими ифтитоҳи ин иншооти замонавӣ ва расми кушоиши нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзю-до байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» суханронӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат ва таваҷҷӯҳи зиёди соҳибкорони баору номуси ватанӣ ба ин соҳа варзишгарони тоҷикро ба фатҳи қуллаҳои баланд дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ водор месозанд».

 

Воқеъан, барои бунёди толори нави варзишии «Вастан» беш аз 600 000 доллар масраф шудааст ва ин маблағро соҳибкор Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳоми шакли пӯшидаи «Файз», пардохт кардааст.

 

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокдорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ либоси гуштигирии «кимано» тӯҳфа намуд. Дар навбати худ паҳлавонони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии олимпӣ ва сабқати ҷаҳонӣ дар риштаи дзю-до, Набимуҳаммад Хоркашев, барандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ ва қаҳрамони Осиё оид ба гуштии самбо, ба Эмомалӣ Раҳмон аз номи варзишгарони кишвар либоси гуштигирӣ тӯҳфа карданд.

 

Нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки бо ширкати беш аз 80 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони вилояти Хатлон ба анҷом расид. Дастаи мунтахаби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақоми дуввумро касб кард. Дастаи бошгоҳи «Вастан»-и шаҳри Душанбе дар ҷои севум қарор гирифт.

 

Дар рақобатҳои инфиродӣ гуштигирони ҷавон Саидалӣ ва Олим Назриевҳо, Шоҳрух Боймаҳмадов (ҳарсе аз вилояти Хатлон), Хусрав Аламов ва Дидоралӣ Ҳамроҳ (ҳарду аз Бадахшон), Муҳаммад Раҳмонов ва Нуриддин Зоирбеков (аъзои бошгоҳи «Вастан») ва Хусрав Аламов (аз шаҳри Ваҳдат) мувофиқи вазни худ ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

 

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2554----lr--.html

 

Миқдори нигориши мавод: 420

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh