02:44
бо вакти Душанбе
10-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1607 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3476 TJS
2012-02-09

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
ҲОЛЛАНД ВА ИСПОНИЁ ДАР ФИНАЛИ ҶОМИ ҶАҲОН
Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш
08.07.2010 11:46

Дастаҳои мунтахаби миллии Ҳолланд ва Испониё пас аз пирӯзӣ дар даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале рақибонашон – Уругвай ва Олмон барои ҷои севум мубориза хоҳанд бурд. Дар даври ниманиҳоӣ Ҳолланд бар Уругвай бо ҳисоби 3:2 ва Испониё бар Олмон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд: 6-уми июл. Кейптаун. Варзишгоҳи “Грин Пойнт”. Уругвай – Ҳолланд - 2:3 (1:1 ). Голҳо:

 

Ҷованни ван Бронкхорст, дақиқаи 18-ум, Уэсли Снейдер, дақ. 70-ум, Арйен Роббен, дақ. 73-юм – ҳарсе Ҳолланд, Диего Форлан, дақ. 41-ум, Макси Перейра, дақ. 90-ум – Уругвай. 7-уми июл. Дурбан. Варзишгоҳи «Мозес Мобида». Олмон – Испониё – 0:1 (0:0). Гол: Пуйол, дақиқаи 73-юм.

 

Ба ин тартиб 11-уми июл соати 23.30 бо вақти Душанбе дар бозии ниҳоӣ Ҳолланд ва Испониё барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон-2010 мубориза хоҳанд бурд. Тими Ҳолланд барои бори севум ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтааст, вале ду бор – соли 1974 аз тими Олмон бо ҳисоби 1:2 ва соли 1978 аз тими Аргентина бо ҳисоби 1:3 (дар замони изофӣ) шикаст хӯрдааст.

 

Дастоварди назарраси Испониё, қаҳрамони кунунии Аврупо, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон касби ҷои чаҳорум дар соли 1950-ум мебошад. Дастаҳои Уругвай ва Олмон 10-уми июл соати 23. 30 барои ҷои 3-юм ва медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Уругвай ду бор (солҳои 1930 ва 1950) Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардааст. Дастаи Олмон бошад, се бор (солҳои 1954, 1974 ва 1990) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст.

 

Бояд тазаккур дод, ҳамаи 7 тиме, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд, аз ҳаққи мубориза барои Ҷоми ҷаҳон-2010 маҳрум шуданд. Ба ғайр аз Олмон ва Уругвай Бразил (5 бор - 1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё (4 маротиба -1934, 1938, 1982, 2006), Аргентина (2 бор - 1978, 1986), Инглистон (1966) ва Фаронса (1998) Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардаанд.

 

Давид Виля (Испониё) ва Уэсли Снейдер (Ҳолланд), ки то ҳоло 5-голӣ задаанд, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳон-2010 пешсаф мебошанд. Г.Игуаин (Аргентина), Т.Мюллер (Олмон), М.Клозе (Олмон), Р.Виттек (Словакия ) ва Д.Форлан (Уругвай) 4-голӣ ба самар расондаанд. Л.Суарес (Уругвай), Л.Фабиану (Бразил) ва Л.Донован (ИМА) 3-голӣ задаанд.

 

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2628-2010-07-08-06-48-09.html

 

Миқдори нигориши мавод: 326

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh