14:03
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
"ШЕРИ ТОҶИК" УНВОНҲОИ ҚАҲРАМОНИЯШРО АЗ ДАСТ ДОД
Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш
23.07.2010 18:05

Шералӣ Мамадалиев, муштзани тоҷик, мусобиқа бо Алексей Евченко аз Русияро бохт. Ин мусобиқа, ки дар шаҳри Юрмалаи Латвия баргузор шуд, дар навбати 11-ум ба далели аз ҳуш рафтани оқои Мамадалиев ба поён расид. Ба ин тартиб, Шералӣ Мамадалиев унвонҳои қаҳрамони Урупо (WBO Europe) ва Осиё (PABA - Анҷумани Муштзании Осиё)-ро, ки дар авоили имсол гирифта буд, аз даст дод.

 

Ба навиштаи сойти интернетии "Чемпионат.ру", дар тӯли ин бозӣ, ки шоми 22 июл баргузор шуд, Алексей Евченко бартарӣ дошт ва Шералӣ Мамадалиев дар пайи ҳамлаҳои тӯлонии ин муштзани рус аз ҳуш рафта (нокаут) ва аз майдон хориҷ шудааст. Ин дар ҳолест, ки Шералӣ Мамадалиев қабл аз оғози бозии шаби гузашта дар сӯҳбат бо расонаҳои Русия гуфта буд, ки "ба пирӯзӣ дар ин бозӣ мутмаин ҳастам ва унвонҳои қаҳрамонии худро ба касе намедиҳам."

 

Оқои Мамадалиев 10 феврали соли ҷорӣ дар Финланд дар мусобиқоти федеросиюнҳои муштзанӣ ё боксёрии Осиё ва Урупо дар вазни то 66,7 килуграм Фредерик Серре, рақиби фаронсавии худро, мағлуб кард ва унвонҳои қаҳрамонии Урупо ва Осиё дар муштзании ҳирфаиро ба даст овард.

 

Рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ Шералӣ Мамадалиев дар Сан-Питерзбург барои дифоъ аз унвонҳои қаҳрамонии худ бо муштзани испониёӣ Ҳерве де Лука вориди рақобат шуд. Ин мусобиқаи якбаяки муштзанон бояд дар 12 навбат (раунд) идома меёфт, вале оқои Мамадалиев рақиби худро дар 18-умин сонияи бозӣ бо зарбаи сахте беҳуш (накаут) кард ва аз майдони рақобат берун сохт.

 

Шералӣ Мамадалиев, ки зодаи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон аст, чанд сол узви тими мунтахаби ин кишвар буд. Баъд аз муҳоҷират ба шаҳри Сан-Питерзбург, вай таҳти муроқибати як муррабии тоҷик дар ин шаҳр тамриноти муштзаниро идома дод ва вориди арсаи муштзании ҳирфаӣ шуд.

 

Ҳамакнун, баъд аз бохти шаби гузашта рӯшан нест, ки оё оқои Мамадалиев дар шаҳри Сан-Питерзбург соҳиби манзил мешавад ё хайр. Зеро Валентина Матвиенко, устондори Сан-Питерзбург бо Шералӣ Мамадалиев қабл аз бозӣ ваъда карда буд, ки агар ин даъфа низ битавонад аз унвонҳои қаҳрамонии худ дифоъ кунад, давлати Русия ба вай манзилеро дар ин шаҳр ҳадя хоҳад кард.

 

Аббос Неъматуллоев, раиси Федеросиюни муштзанҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳарчанд оқои Мамадалиев дар ин мусобиқа аз Русия намояндагӣ мекунад, вале вай ҳамчунон шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи вай, Шералӣ Мамадалиев танҳо муштзани тоҷикест, ки тавонистааст дар арсаи муштзании ҳирфаӣ ба чунин сатҳи қаҳрамонӣ бирасад.

 

Шоҳидони айнӣ аз Латвия мегӯянд, ки дар мусобиқаи шаби гузашта садҳо нафар аз ҳаводорони Шералӣ Мамадалиев аз шаҳри Сан-Питерзбург аз ӯ пуштибонӣ мекарданд. Дар овезаҳое, ки дар шаҳрҳои Латвия дар мавриди ин бозӣ гузошта шуда буданд, навиштаҷоте назири "Тоҷикистон зидди Русия", "Шери тоҷик алайҳи хирси Русия" ва ғайра зиёд буданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2751-q-q-.html

 

 

Миқдори нигориши мавод: 426

Назарҳо  

 
0 #1 12.08.2010 20:17
Шерали Чавонмардест ки арсаи Чахони номи худро баровардааст, У чавон аст дар оянда метавонад аз номи Точикистон ин унвонхоро сохиб шавад Ман Точикам фахр мекунам, ки чавонмарде хамчун ШЕРАЛИ дар джодаи муштзани ба ин унвонхо сохиб шудааст Ва бовари дорам, ки пагох хамчун Точик худро муаррифи карда ба ин унвонхо мушарраф мешавад.
Иқтибос
 

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh