ВОМҲОИ КУЧАК БА МУАЛЛИМОНИ ҶАВОН
Дар Қонуни Будҷети соли оянда барои додани вомҳои кучак ба муаллимони ҷавон 1,7 милюн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар назар аст, ин маблағ барои бунёди манозил ё харидории ашёи зарурии рӯзгор ба муаллимони ҷавони Тоҷикистон тахсис шавад. Аммо намояндагони порлумон рӯзи панҷшанбеи 4 ноябр дар ҷараёни баррасии пешнависи Қонуни “Будҷети Тоҷикистон барои соли 2011” дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон ин сармояро барои бароварда сохтани ниёзҳои устодони ҷавони мадориси кишвар нокофӣ хонда ва хостори ду баробар афзоиш додани ин маблағ шуданд.
Муаллимони ҷавон фақиранд
Рауф Комронов 25 сол дорад ва пас аз фориғ шудан аз Донишгоҳ дар мактаби мутавасситаи шаҳри Душанбе кор мекунад. Рауф мегӯяд, ки ҳуқуқи моҳонаи ӯ 208 сомонӣ буда ва ҳоло вазифаи мудири хоҷагии мактабро, ки маошаш беш аз 100 сомонӣ аст, ба ӯҳда дорад. Оқои Комронов тоза издивоҷ карда ва хонумаш бекор аст. Пуле, ки ӯ пайдо мекунад, ҳатто барои маводи ғизоии хонавода кифоят намекунад. Маърифат Орифова, дигар аз муаллими ҷавон гуфт, ки бахши аслии муаллимони ҷавон бо манзил таъмин нестанд ва ҳуқуқашон умдатан барои пардохти ҳаққи кирояи манзил масраф мешавад.
Хонуми Орифова мегӯяд, ки муаллимони зан маҷбур ҳастанд бо ҳуқуқи ночиз дар мактаб тадрис кунанд, аммо муаллимони мард барои дарёфти кор ба Русия мераванд. Ба эътиқоди муаллимони ҷавон, ба далели маоши ночиз бештари фориғуттаҳсилони донишгоҳҳои омӯзгорӣ майли дар мактаб кор карданро надоранд. Ҳатто таҳдидҳои вазорати маориф барои ситондани ҳаққи таҳсил дар муассисоти таҳсилоти олӣ низ онҳоро барои тадрис дар мактабҳо водор карда натавонистааст.
Иттилоъ дар бораи имкони тахсиси вомҳои кучак барои муаллимони ҷавон устодонро то андозае хушбин сохт. Онҳо таъкид доштанд, ки агар ба устодони ҷавон вомҳои бидуни баҳра ва муддати пардохташ зиёд дода шавад, ин амр дар ҳалли мушкили буду бош ё таъмини ашёи рӯзгори ин афрод кумак хоҳад кард. Гуфта мешавад, ин тадбир барои ҷалби муаллимони ҷавон ба макотиби мутавассистаи Тоҷикистон, ки аз камбуди устодони бо таҳсилоти олӣ ранҷ мебаранд, мусоъидат кунад.
Будҷети иҷтимоъӢ
Агар будҷети соли ҷорӣ “будҷети зиддибӯҳронӣ” унвон шуда бошад, будҷети соли оянда “иҷтимоъӣ” эълом шудааст. Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон 48 дар сади маболиғи будҷет барои бахши иҷтимоъӣ, назири омӯзишу парвариш, беҳдошт ва пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ тахсис хоҳад шуд. Оқои Наҷмиддинов гуфт, ки мизони тахсиси маболиғи будҷет барои бахши иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соири кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ бештар будааст.
Аммо бархе аз намояндагони порлумон гуфтанд, ки бо вуҷуди тахсиси маболиғи бештари будҷет дар ҳалли мушкилоти бахши иҷтимоъӣ пешрафти чашмгире рух надодааст. Марҳабо Ҷабборова ба вазъи душвори устодони мактабҳои мутавассита ва муҷаҳҳаз набудани мадорис бо ашёи зарурии омӯзишӣ ишора кард. Хонуми Ҷабборова гуфт, ки ҳуқуқи мутавассити устодони мактабҳои мутавасситаи Тоҷикистон 250 сомонӣ буда ва ин маблағ барои бароварда сохтани одитарин ниёзҳои рӯзгор кифоят намекунад.
Дар ҳамин ҳол, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки ҳамасола маоши устодони мактабҳо боло меравад ва дар соли ҷорӣ низ ҳуқуқи моҳонаи ин афрод аз 30 то 40 дар сад афзоиш ёфтааст. Аммо ба якбор боло рафтани мизони таварруми дар моҳҳои августу сентябри соли ҷорӣ афзоиши маошро беаҳамият сохтааст. Аз сӯйи дигар, дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки дар зарфи панҷ соли ахир вуруди колоҳои бахши маориф аз молиёт муоф шуда ва ба ин ҳисоб 33 милюн сомонӣ сарфаҷӯйӣ шудааст. Аз вазорати молия даъват шуд, ки дар куҷо масраф шудани ин миқдор пулро мушаххас кунад.
Ҳамчунин, Хайринисо Юсуфӣ ва Абдуҷалол Салимов мавзӯъи ночиз будани ҳуқуқи бознишастагӣ ва мушкили ҷиддии камбуди об дар навоҳии Вахш, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷилликӯл ва Қумсангирро матраҳ карда ва хостори ҳалли ин мушкилот дар будҷети соли оянда шуданд.
Дархости маболиғи бештар ба намояндагони порлумон
Амиршо Миралиев, муъовини аввали раиси Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кард, ки дар Қонуни “Будҷети Тоҷикистон барои соли 2011” моддаи ҷадиди “Сармоягузорӣ барои сафарҳои намояндагони порлумон” ворид шавад.
Оқои Миралиев гуфт, дар ҳоле ки аъзои Комисиюни экулуҷии порлумони Ӯзбакистон ба Омрикою Урупо сафар карда ва мушкилоти зистмуҳитии ношӣ аз корхонаи олюмиюми тоҷик мавсум ба “Талко” ва неругоҳи Роғуни Тоҷкистонро матраҳ мекунанд, аммо ба далели камбуди ҳазина аъзои кумисиюни мушобеҳи порлумони Тоҷикистон ин корро анҷом дода наметавонад.
Ҳамчунин, Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон хостори тахсиси сармояи бештар барои харидории мошинолот ва таҷҳизоти фаннӣ барои ниҳодҳои умури изтирории ин кишвар шуд. Ба гуфтаи оқои Шабдолов ба иллати камбуди чунин мошинолот дар наҷоти одамон ва рафъи авоқиби ҳаводиси табиъӣ дар соли ҷорӣ мушкилоти ҷиддӣ пеш омада буд.
Дар будҷети соли ояндаи Тоҷикистон ба ин манзур 5 милюн сомонӣ ё беш аз 1 милюн дулори омрикоӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағро намояндагони порлумон нокофӣ хонданд. Зимнан, бахши даромади будҷети соли ояндаи Тоҷикистон 8,3 милёрд сомонӣ ва бахши махориҷи он 8,6 милёрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Касри будҷет ба миқдори 300 милюн сомонӣ ё 1 дар сади маболиғи будҷетро ташкил медиҳад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3500-2010-11-04-15-15-03.html
Шарҳҳо
RSS Обуна