16:18:05 01-уми Июни 2025 сол

БОЗГАШТИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК АЗ МАДОРИСИ ЭРОН

Рӯзи душанбеи 22 ноябр беш аз яксад нафар донишҷӯйи тоҷик аз Эрон ба ватан бозгардонида шуданд. Ин донишҷӯён дар солҳои мухталиф барои анҷоми таҳсили мазҳабӣ озими мадрасаҳо, умдатан дар шаҳри Зоҳидон, маркази устони Систону Балучистони Эрон шуда буданд.

 

airportДу ҳафта қабл вазири хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Эрон барои бозгашти ин донишҷӯён кӯмак хоста буд ва мақомоти ин кишвар чунин дархостро пазируфтанд. Бозгашти имрӯзи донишҷӯёни тоҷик тавассути парвози ҳавопаймои ширкати “ОсмонЭйр” аз шаҳри Машҳади Эрон сурат гирифт. Ба гуфтаи донишҷӯёне, ки ба Душанбе баргаштанд, тавассути парвози имрӯз беш аз яксад чавон ва бархе аз онҳо ҳамроҳи аъзои хонаводаи худ ба ватан бозгаштанд.

 

Масъулини ширкати “ОсмонЭйр” гуфтанд, ки тавассути парвози рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳудуди 30 нафар аз ин донишҷӯён ба Душанбе мунтақил шуда буданд. Дар маҷмӯъ онҳо бояд 168 нафар донишҷӯйи тоҷикро ба Тоҷикистон бозгардонанд. Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазораит хориҷаи Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки оё донишҷӯёни тоҷик ройгон ба ватан мунтақил мешаванд ё хайр, гуфт, ки бештаре аз ин мусофирон билети ҳавопайморо харидорӣ кардаанд.

 

Вале манобеъи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷавонони тоҷик барои харидории билети ҳавопаймо маблағи зарурӣ дар ихтиёр надоштанд ва устондории Хуросон барои бозгашти онҳо ба ватан кӯмак кардааст. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл ҳавопаймои ширкати “СомонЭйр”-и Тоҷикистон беш аз 130 донишҷӯйи тоҷик аз Мисрро ройгон ба Душанбе мунтақил карда буд.

 

Вале он замон барои интиқоли донишҷӯён аз Миср ҳавопаймое истифода шуд, ки машғули ташкили сафари зойирон ба Арабистони Саъудӣ буд ва дар роҳи бозгашт бо махориҷи камтар тавонист ҷавонони тоҷикро аз Коҳира ба Душанбе оварад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон, тибқи як муссавабаи давлат куллияи донишҷӯёни тоҷик аз мадорис дар кишварҳои исломӣ бояд то авохири соли ҷорӣ бозгардонида шаванд.

 

Тадорукот барои бозгардонии донишҷӯёни тоҷик аз мадориси исломӣ баъд аз изҳори назари Президент Раҳмон оғоз шуд. Дар авохири моҳи август раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар муроҷиат ба волидайни чунин ҷавонон гуфт, ки “шумо фикр мекунед, онҳо дар он ҷо мулло мешаванд? Онҳо террорист ва экстремист (пайкорҷӯй) мешаванд”.

 

Ба иттилоъи Кумитаи дини Тоҷикистон, ҳоло дар мадориси кившарҳои исломӣ беш аз як ҳазору панҷсад донишҷӯйи тоҷик машғули таҳсили мазҳабӣ ҳастанд. Манобеъи Кумитаи дини Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳоло беш аз 500 нафар аз ин донишҷӯён ба ватан бозгардонида шуданд. Аз ҷумла, сафорати Тоҷикистон дар Покистон хабар медиҳад, ки ахиран беш аз 200 нафар донишҷӯёни тоҷик аз ин кившар ба Душанбе баргаштанд.

 

Мавзӯъи бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъаи н кишвар табдил шудааст. Зеро, бархе аз соҳибназарон иддаъо доранд, ки ин амр умдатан ба сурати иҷборӣ сурат мегирад. Вале мақомоти тоҷик ин иддаъоро радд карда ва мегӯянд, ки ҷавонони тоҷик баъд аз анҷоми сӯҳбатҳое барои бозгашти “довталабона” изҳори омодагӣ мекунанд.

 

Аксари донишҷӯёни мадориси мазҳабии баргашта аз хориҷ эҳтимолан ба далоили амниятӣ аз изҳори назар кардан бо расонаҳо худдорӣ мекунанд. Аксари ин донишҷӯён мисли соири донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои кишварҳои дигар таҳсил мекунанд, аз тариқи роҳҳои хусусӣ ва ғайридавлатӣ барои таҳсил рафтаанд.

 

Аммо давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро рӯи донишҷӯёни мадориси исломӣ дар хориҷ мутамаркиз кардааст ва мегӯяд ин донишҷӯён бояд аз тариқи роҳҳои ҳамоҳангшуда бо давлат озими таҳсили мадориси исломӣ дар хориҷ шаванд. Гузашта аз ин, мақомоти тоҷик зимни сафарҳои худ ба кишварҳои исломӣ бо мақомоти ин кишварҳо мавзӯъи бозгардонии донишҷӯёни тоҷикро матраҳ ва ризоияти онҳоро дарёфт кардаанд.

 

Ба ин тартиб, мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, ки агар донишҷӯёни тоҷик ба ватан барнагарданд, онҳо аз сӯйи ниҳодҳои зирабти ин кишварҳо депурт хоҳанд шуд. Чунин ба назар мерасад, ки бархе аз кишварҳои исломӣ низ ба бозгашти ҷавонони тоҷик алоқаманд ҳастанд. Аз ҷумла, дар миёни ҷавононе, ки имрӯз аз Эрон ба Душанбе баргаштанд, умдатан шогирдони мадориси устони Систону Балучистони Эрон буданд.

 

Аксарияти мардуми минтақаи Систони Балучистон пайрави мазҳаби сунии ислом ҳастанд ва гуфта мешавад ҳуқуқҳои мазҳабии сунниён дар Эрон маҳдуд сохта шудааст. Қаблан манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар устони Қуми ин кишвар, аз марокизи илмии шиъиён низ теъдоде аз ҷавонони тоҷик машғули омӯзиши мазҳабӣ ҳастанд, вале бештари онҳо ба сурати расмӣ таҳсил мекунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3636-2010-11-22-10-53-28.html

Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 27.11.2010 17:51
savol ba shymo baroyu chi shiahoro qonuni ravon kardedu sunihoro ne nameshyd ki synihoro qonyni kuned , okhir on shiaho fitna meboshand baroyu vatan va mukholifi mazhabi abyhanifaand.kh ydovand sunihoro nusrat medihad
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854