08:46:33 01-уми Июли 2025 сол

ПАНҶАКЕНТ: ДОНИШҶӮЁН ДАР БОЗОРИ МАРДИКОРӢ

Чанд нафар аз донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент мегӯянд, ки нодорӣ онҳоро ба мардикорӣ маҷбур сохтааст.

 

мигрантыБо Айёмиддин Бурҳонов, як донишҷӯи ин донишкада, дар бозори мардикорӣ замоне вохӯрдам, ки мунтазир буд корфармое ӯро ба ҳезумшиканӣ ё кашондани зуғолсанг барад. Айёмиддин гуфт: "Тобистон ҳар рӯзи якшанбе аз ин ҷо ба алафдаравӣ мерафтам ва каме пул дарёфт мекардам, аммо акнун ғайр аз ангишткашонӣ дигар коре ҳам нест, ки ин ҳам хеле кам иттифоқ меафтад." Вай афзуд, ки ғайр аз ӯ, боз чанд донишҷӯйи дигар низ рӯзҳои якшанбе ба бозори мардикорӣ мераванд. Шаҳриёр Собиров, як донишҷӯйи дигари ин донишкада, мегӯяд: "Роҳи бозори мардикориро ба донишҷӯён баъзе аз омӯзгорон нишон медиҳанд."

 

"МардикорӢ куну китоб хар"

Вай илова намуд, ки омӯзгорон китобу китобчаҳояшонро иҷборан ба донишҷӯён мефурӯшанд. Агар донишҷӯе "пул надорам" гӯяд, дар ҷавоб мегӯянд, ки "ба бозори мардикорӣ рав, кор кун ва китоб хар!" Ба гуфтаи масъулони донишкада, ҳамасола китобҳои зиёде барои китобхонаи ин муассиса харидорӣ мешавад. Имсол низ ба маблағи ҳудуди 16,5 ҳазор сомонӣ китоб харидорӣ шуда ва низ бо кумаки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як китобхонаи электронӣ дар ин ҷо таъсис ёфтааст.

 

Аммо ба қавли донишҷӯён, барои истифода аз китобхона 20 сомонӣ бояд пардохт ва барои ба хона бурдани китоб донишҷӯён барои ҳар китобе бояд 3 сомонӣ пардозанд. Гулафзо Алиева, як донишҷӯйи дигари ин муассиса, чунин пардохтҳоро боъиси аз китобхонӣ даст кашидани донишҷӯён медонад. Вай гуфт: "Бештари донишҷӯёни ин ҷо камбағаланд. Китобчафурӯшии омӯзгорону пардохтҳои китобхона онҳоро аз китоб безор мекунад ва онҳо на дар андешаи хондан, балки ба фикри пулкоркунӣ меафтанд."

 

Ҷӯрабой Усмонов, муъовини раиси Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки ба сабаби ғайридавлатӣ будани донишкада, донишҷӯён дар ин ҷо кумакпулӣ намегиранд. Вай гуфт: "Таҳсил пулакӣ аст, аммо донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва ё аз хонаводаҳои камбизоъат ё ятим ҳастанд, метавонанд ба ҳукумати ноҳия муроҷеъа кунанд. Дар ин сурат, ҳукумат метавонад панҷоҳ ё сад дар сади ҳазинаи таҳсили онҳоро пардохт намояд."

 

"Маро бинанд, мегурезанд"

Аммо Бибисаломат Файзуллоева, як донишҷӯйи ин донишкада, мегӯяд, ки шахсони дорое низ ҳастанд, ки маблағи таҳсили онҳоро ҳукумат пардохт мекунад. Вай гуфт: "Чанд нафар донишҷӯро медонам, ки падаронашон дар шӯъбаи маъориф кор мекунанд ё омӯзгоранд ва дар донишкада бо пули ҳукумат таҳсил мекунанд. Онҳо на аз хонаводаҳои камбағаланд ва на бесарпараст."

 

Ба гуфтаи хонуми Файзуллоева, худи ӯ аз хонаводае камбизоъат буда ва падараш низ фавт кардааст, аммо пас аз муроҷеъа ба мудирияти донишкада ва ҳукумати маҳаллӣ, мақомот розӣ шудаанд, ки панҷоҳ дар сади маблағи таҳсилашро ҳукумат пардозад.

 

Вай дар ин бора гуфт: "Ман дубора ба ҳукумат арз кардам, ки чаро маблағи таҳсили донишҷӯёне, ки ҳам сарпараст ва ҳам дороӣ доранд, пурра аз ҳукумат дода мешавад, аммо донишҷӯёне, ки воқеъан ба кумак ниёз доранд, аз ин имтиёз бархурдор нестанд. Коргарони ҳукумат аз ман далел пурсиданд ва ман ҷустуҷӯ ва собит кардам, ки чунин нафароне ҳастанд."

 

Хонуми Файзуллоева номаҳоеро дастрас намудааст, ки тибқи онҳо, чаҳор донишҷӯ аз хонаводаҳои доро ва соҳиби сарпарасту қувваи корӣ аз имтиёз бархурдор будаанд, аммо пас аз пешниҳоди ин мактубҳо ба ҳукумат мақомот ӯро "агар дар ҳукумат бинанд, мегурезанд."

 

ЁрӢ ба ниёзмандон?

Маҳбуба Гадоева, муъовини раиси шаҳри Панҷакент, гуфт, ки вай ҳамин сол ба ин симат гумошта шуда ва бо арқоми солҳои пеш сарукор надорад. Вай афзуд: "Ин мактубҳои соли гузашта аст, ки Бибисаломат дастрас кардааст. Имсол, ҳарчанд Донишкадаи омӯзгорӣ муассисаи давлатӣ нест, танҳо панҷоҳ дар сади маблағи таҳсили 23 нафар аз донишҷӯёни аълохон, бесарпараст, камбизоъат ва дорои медоли тилоро ҳукумат мепардозад."

 

Аммо Бибисаломат Файзуллоева дар ин бора назари мутафовите дорад. Вай мегӯяд: "Ҳеҷ кадоме аз шахсоне, ки ман дар мавридашон таҳқиқ кардам, дониши беҳтар ва медоли тило надоранд ва аз хонаводаҳои ниёзманд ҳам нестанд."

 

Ҷӯрабой Усмонов, муъовини раиси Донишкадаи омӯзгорӣ, мегӯяд имтиёзе, ки ҳукумат ба донишҷӯёни соли аввал медиҳад, танҳо пас аз анҷоми нимсолаи аввал таъйид мешавад. Вай афзуд: "Ғолибан панҷоҳ дарсади маблағи чунин нафарон аз ҷониби ҳукумат пардохта мешавад, аммо донишҷӯёне, ки падар ё модар надоранд ва аз хонаводаҳои камбизоъатанд, метавонанд пурра аз ҳукумат кумак дарёфт кунанд."

 

Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент як муассисаи таҳсилоти олии ғайридавлатӣ аст, ки соли 1991 бо номи "Донишгоҳи озоди Тоҷикистон" таъсис ёфта ва соли 2005 тағйири ном кардааст. Ин муассиса дар соли 2005 ба узвияти бошгоҳи донишгоҳҳои Урупо шомил гашта ва ҳоло дар он ҳудуди 1700 нафар аз донишҷӯён дар дувоздаҳ ришта таҳсил мекунанд.

 

Разиуддин Атоӣ, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3870-2010-12-14-17-53-18.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ