08:41:13 01-уми Июли 2025 сол

СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ВАРЗИШГАРОН

Дўстони арҷманд! Варзишгарони мўҳтарам!

Инсоният дар тўли таърих ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ шудааст, ки ҳамаи онҳо ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд. Яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш мебошад, ки аз қадимулайём то ба имрўз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад.

 

Эмомали РахмонВарзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад. Миллати мо низ ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанўз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт. Ниёгони мо барои беҳдошти саломативу нерўи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш усулҳои гуногуни варзиш, амсоли давидану ҷаҳидан, найзарониву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гўштину шиноварӣ ва дигар навъҳои варзишро инкишоф медоданд.

 

Онҳо ҷавононро ба хотири тавоноии маънавию ҷисмонӣ аз овони хурдсолӣ барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ омода месохтанд, ки чунин анъанаи неки ниёгон то замони мо боқӣ мондаанд. Чунончи, Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и хеш намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонии мардуми ориёиро хеле хуб ба қалам дода, Абўалӣ ибни Сино усулҳои назариявию амалӣ ва аҳамияти варзишро дар саломатии инсон васеъ талқин мекард. Ў зикр карда буд, ки агар ҳар фард пайваста ба варзиши бадан машғул шавад ва ба меъёрҳои он риоя намояд, барои истеъмоли дору ягон ниёзе намемонад.

 

Беҳуда нест, ки таърихнигорони соҳаи варзиши ҷаҳонӣ Абўалӣ ибни Синоро яке аз барҷастатарин бунёдгузорони паҳлўҳои назариявӣ ва амалии ин соҳа номидаанд. Тарғибу ташвиқи варзиш ва иҷрои мураттаби машқҳои ҷисмонӣ дар давраҳои минбаъда низ машғулияти асосии мардум, бахусус ҷавонон гардида, вобаста ба тақозои замон намудҳои нав ба нави он арзи вуҷуд намудаанд. Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсон ҳамчун омили тавонои таҳкими дўстӣ ва ҳамкории натанҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб мешавад.

 

Илова бар ин, варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дўстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад. ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрўз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон маҳз ҳамин аст.

 

Аз касе пўшида нест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рўҳиву равонии  онҳо  беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд. Илова бар ин, иштироки бештари варзишгарони мо дар бозиҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои шоистаи онҳо дар мусобиқаҳо обрўю эътибори мамлакати моро баланд бардошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории шаҳрвандонро дучанд афзун мегардонад.

 

Мулоқоти имрўзаи Роҳбари давлат  бо шумо - варзишгарони кишвар дар чунин ҳайати васеъ бори аввал сурат мегирад. ҳарчанд, ки дар давоми чанд соли охир мо бо ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ чандин бор, аз ҷумла дар арафаи  Бозиҳои 29-уми олимпӣ вохўриҳои судманд доштем. ҳангоми  ин вохўриҳо ба хотири рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ андешаву пешниҳодоти ҷолиб иброз гардида буданд. Умедворам, ки дар мулоқоти имрўза низ табодули назари судманд сурат мегирад ва пешниҳодоти шумо ба рушди минбаъдаи соҳаи варзиш дар мамлакат мусоидат хоҳанд кард.

 

Солҳои охир варзишгарони кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони озодро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Хусусан соли ҷорӣ барои варзишгарони мамлакати мо соли бобарор ба ҳисоб меравад. Имрўз тамоми мардуми кишвар аз пирўзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд.

 

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ғолибони мусобиқоти  варзиширо барои пирўзиву дастовардҳояшон дар соли 2010 табрик гуфта, бовар дорам, ки онҳо азму ирода ва маҳорату таҷрибаи андўхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш дар байни ҷавонон ва омода намудани онҳо ба мусобиқаҳои ватаниву сатҳи байналмилалӣ дареғ намедоранд. Бояд зикр намуд, ки танҳо дар солҳои 2008-2010 зиёда аз дувуним ҳазор варзишгарони тоҷик дар 270 мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, бозиҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва шоҳҷоизаҳо иштирок намуда, ба ифтихори дастболо шудани онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон даҳҳо маротиба барафрохта шудааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба солҳои 2005-2007 се баробар зиёд мебошанд.

 

Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон возеҳ нишон медиҳад, ки  ҳадафҳои соҳаи варзиш зимни қабулу татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бунёду таҷдиди иншооти замонавии варзишӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои тарбиявию тарғиботӣ ба хотири густариши тарзи ҳаёти солим амалӣ мегарданд. Дар ин росто, ҳадафи асосии сиёсати давлати мо ҳам барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ