СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ВАРЗИШГАРОН
Имрўз сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Мўъминобод, Рашт, Темурмалик, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол идома дорад. Лекин дар шароити кунунӣ ин тадбирҳо ҳанўз басанда нестанд ва бинобар ин, рушди минбаъдаи соҳаи варзиш андешидани чораҳои иловагиро аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам аҳли ҷомеа, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони алоҳида тақозо дорад. Зеро ҳарчанд ки алҳол дар кишвар беш аз 100 варзишгоҳ, 1000 толори варзишӣ, зиёда аз 4000 майдончаи варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва қариб 130 мактаби варзишӣ вуҷуд дорад, вале қисми зиёди онҳо ё ба таъмир ниёзманд мебошанд ё ба таври мақсаднок истифода бурда намешаванд.
Масалан, аз 1008 толори варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 335 адади он ва аз 46 толори варзишии дар назди 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалкунанда 18 толор таъмирталаб мебошад. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ таъмин кардани толорҳо ва майдончаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо ва макотиби олӣ чораҷўӣ намоянд.
Вазорати маориф ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии кишвар бо омўзгорони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар соли хониши ҷорӣ 370 нафар мутахассисони ҷавонро бо ихтисосҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва 130 нафарро бо ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ ба кор сафарбар намудааст. Илова бар ин, бо дархости раёсатҳо ва шўъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 50 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва 44 нафар бо ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шудаанд.
Тавре ки шумо дар хотир доред, солҳои аввали истиқлолият вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла бо сабаби норасоии маблағ ва дигар омилҳо дар соҳаи варзиш мушкилоти зиёд ва коҳиш ёфтани завқи мардум ба варзиш ба миён омада буд. Дар он солҳо аз бемасъулиятии баъзе роҳбарон натанҳо сохтмону истифодаи иншооти варзишӣ қатъ гардид, балки баъзе иншоот, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо таҷҳизоташон дар чандин шаҳру ноҳияҳо хусусӣ гардонида шуда, ба ҷои онҳо хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдо сохта шуданд.
Дар шароити кунунӣ, ҳатто дар ҳолати пурра фаъолият намудани иншооти мавҷудаи варзишӣ онҳо ҳамагӣ даҳ фоизи аҳолии кишварро бо варзиш фаро гирифта метавонанду халос. Клубҳо ва мактабҳои варзишӣ бошанд, талаботи кўдакону наврасон ва ҷавононро чандон қонеъ карда наметавонанд. Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон бо соҳаҳои гуногуни варзиш зарурате ба миён омадааст, ки ҳар як ташкилоту муассиса, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш саҳмгузор бошанд. Барои ба талабот ҷавобгў намудани иншооти варзишӣ, аз ҷумла толору майдончаҳо ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани онҳо, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони соҳаи варзиш бояд чораҳои амалӣ андешанд. Лекин чунон ки имрўз мушоҳида мешавад, роҳбарони баъзе шаҳру ноҳияҳо варзишро соҳаи дуюмдараҷа ҳисобида, барои вусъати ҳамаҷонибаи он диққати ҷиддӣ намедиҳанд.