07:42:15 02-уми Июли 2025 сол

СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ВАРЗИШГАРОН

варзишгаронБояд гуфт, ки ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурўҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем. Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки барои ҷалби ҳарчи васеътари мардум ба варзиш аз ҳама имкониятҳо пурраву самаранок истифода бурда, барои бунёд ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ кўшиш ба харҷ диҳанд. Масъалаи дигари ҳалталаб - таълими тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошад. Мутобиқи таҳлили мутахассисон дар натиҷаи ба дараҷаи кофӣ эътибор надодан ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ саломатии кўдакон ва наврасону ҷавонон нисбатан коҳиш ёфтааст, ки ин боиси афзоиши сусти ҷисмонии онҳо мегардад.

 

Бинобар ин, Вазорати маорифро зарур аст, ки масъалаи зиёд намудани дарсҳои тарбияи ҷисмониро омўхта, доир ба ислоҳи вазъ чораҳои дахлдор андешад. Ҳарчанд ки вобаста ба гузариш ба низоми бисёрзинагии таълим соатҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ кам шудаанд, вале муассисаҳои мазкур имкони ташкили клубҳо ва сексияҳои варзиширо доранд. Аз ин рў, Вазорати маориф ва муассисаҳои мазкур вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба имкониятҳо аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ба хотири рушди тарзи ҳаёти солим ва таъмини саломатии ҷавонон дар назди хобгоҳхо ва биноҳои таълимӣ клубҳо ва сексияҳо ташкил намуда, барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ тадбирҳо андешанд.

 

Солҳои охир доир ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ оид ба фанни тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим аз ҷониби Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як силсила корҳо ба анҷом расонида  шудаанд. Аммо дар шароити имрўза ҳоло ҳам доир ба варзиш маводи кам ба дасти хонанда, донишҷў ва омўзгор мерасад. Вобаста ба ин, вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои технологияи иттилоотӣ таҳия ва пахши маводи нави таълимиву омўзишӣ ва тарғиботиву  ташвиқотиро дар соҳаи варзиш вусъат бахшанд.

 

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба он ҷалб намоям, ин мушкилоти идоракунии варзиш ва фаъолияти федератсияҳои варзишӣ мебошад. ҳоло дар кишвари мо қариб 50 федератсияи варзишӣ амал мекунад, ки қисме аз онҳо ба хотири рушди соҳа аз шароиту имкониятҳои мавҷуда фаъолона истифода мебаранд. Масалан, Федератсияи миллии таэквандо-(роҳбараш Мирсаид Яҳёев), ки фаъолияти он барои дигар федератсияҳо метавонад намуна бошад. Вале дар айни замон хотирнишон бояд кард, ки на ҳамаи федератсияҳо барои оммавӣ гардонидани варзиш ва ҳарчи зиёдтар ҷалб намудани ҷавонон ба навъҳои гуногуни он ташаббус нишон медиҳанд.

 

Баъзеи онҳо бо дастовардҳои муайяни соҳа ва доираи ҷудогонаи варзиш маҳдуд гардида, барои тавсеаи фаъолият дар бахшҳои нави варзишӣ кўшиш намекунанд. Илова бар ин, тақрибан 90 фоизи федератсияҳо фаъолияти худро барои ширкат ва қувваозмоӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ равона намуда, ҷиҳати рушду инкишофи оммавии варзиш дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои  кишвар қариб ягон тадбир намеандешанд. Ҳол он, ки оммавигардонии варзиш вазифаи асосии федератсияҳо буда, онҳо ҳамчун сохторҳои ваколатдор амалан бояд сиёсати соҳаро пеш баранд. Имрўз қисми зиёди федератсияҳои варзишӣ ба ташкилотҳои мухтор ва пўшида табдил ёфта, қарорҳои қабулнамудаи онҳо ба меъёрҳои варзишӣ ва талаботи соҳа ҷавобгў намебошанд. Гузашта аз ин, бисёре аз федератсияҳо ҳамагӣ як ё ду варзишгарро дастгириву муаррифӣ менамоянду халос.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ