15:43:44 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

МАВЗУНА ЧОРИЕВА – БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ ОСИЁ

Чанде пеш се тан аз муштзанони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалии бокс China Open, ки дар шаҳри Гуани Чин баргузор шуд, бо касби  се медал ба ватан бар гаштанд. Дар миёни он се ҷоизадорон муштзани ҷавон Мавзуна Чориева низ иштирок дошт, ки ӯ дар вазни то 60 кг. дар сабқати занон қуваозмоӣ карда пас аз ду пирӯзӣ дар қувваозмоии нимниҳоӣ аз рақиби норвегии худ мағлуб мешавад. Новобаста ба он, ки 7 моҳ пеш Мавзуна ҷарроҳии ҷигар бардошта буд, аммо дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштрок карда соҳиби медали биринҷи шудааст.

Мавзуна Чориева 1Қобили тазаккур аст, ки қабл аз ин Мавзуна моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Гуанҷои Чин дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба бокс миёни занон иштирок карда буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ягона муштзани тоҷик Мавзуна Чориева муаррифӣ карда буд. Ғайри чашмдошт Мавзуна дар ин мусобиқа хеле бад қуваозмоӣ карда мақоми шашумро сазовор шуд. Тавре маълум шуд, сиҳати Мавзуна дар он шабу рӯз хуб набудааст. Ҳатто тавре мутахасисони допинг-контрол муайян кардаанд, ҳангоми қуваозмоӣ ҳарорати баданаш хеле баланд будааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, Мавзуна ба ринг баромада қувваозмоӣ кард. Мутобиқи ташхиси табибони тоҷик, ӯ ба бемории синакок (варами чигар) гирифтор шудааст, ки саранҷом ӯро ҷарроҳӣ кардаанд.

Ҷойгузини писар

Падари Мавзуна варзишгар буд ва чун ду фарзанди калониаш духтар буд, мехост соҳиби писар шаваду ӯро ба мисли худ варзишкор тарбия бикунад. Ҳанӯз вақте Мавзуна дар батни модараш буд, падар қавл медиҳад, ки агар ин тифлаш ҳам духтар шавад, ҳеҷ боке нест – ҳатман ӯро чун варзишкори бомаҳорат тарбия хоҳад кард. Бад-ин тартиб, ҳанӯз қабл аз таввалуд, падар пешаи зиндагии ӯро муйаян карда буд. Ва чун нияти нек буд, он амалӣ шуд. Мавзуна нахустин муштзандухтари тоҷик аст. Ӯ аз пешаи интихобкардаи падараш хуш аст ва ҳамеша бо номи ӯ ифтихор мекунад.

Устодон

«Устоди нахустинам падарам буд ва ин шахсияти бузург то абад бароям ғайр аз ҳукми падарӣ ҳамчун устод боқӣ хоҳад монд, – бо алам ёд меоварад Мавзуна. – Панду ҳикмате, ки падарам дар ҷоддаи варзиш ва зиндагӣ омӯхтааст, барои як умр мададгорам хоҳанд буд. То ин дам устодони зиёде доштам, ки ҳамеша бароям кӯмак мекунанд ва аз ҳамаашон сипозгузорам» – мегӯяд Мавзуна.

Як мудат Носир Азимов, бо ӯ машқу тамрин мекардааст. Пас аз кӯч бастан ба Русия тӯли як сол, зери раҳбарии Василий Баланов машғулиятро идома додааст. Дар ҳоли ҳозир дар толори варзишии «Сомон» таҳти роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ мекунад.

Нахустин медалашро аз ӯ гирифтанд

Чун дар Тоҷикистон варзиши муштзании занона мавҷуд набуд ва Мавзуна рақиби ҳамҷинс надошт, ҳамеша бо писарон қуваозмоӣ мекард. Хеле мехост, ҳадди ақал боре дар ягон мусобиқа иштирок кунад ва ҳунарашро ба намоиш бигузорад. Орзӯи падари бузургвораш низ ҳамин буд, ки мехост як бор духтарашро дар педестал (ҷое, ки ба варзишгар медалро месупоранд) бубинад. Мавзуна дар ин маврид бо ҳарорат ҳикоят мекунад:

«Боре тасмим гирифтам дар Чемпионати Тоҷикистон миёни писарон иштирок кунам. Мӯйҳоямро мисли писарҳо кутоҳ кардаму аз номи бародарам, бо шаҳодатномаи ӯ иштирок кардам. Ҳеҷ кас ҳатто пай набурд, ки ман духтар ҳастам. Пас аз тақдими медалҳо, ногаҳ аз духтар буданам огаҳ шуданд, ки ман духтарам ва медалро аз ман гирифтанд. Он замон гирифтани медал бароям он қадар муҳим набуд. Бароям иҷрои орзӯи падар хеле муҳимтар буд, ки падарам дар ниҳоят маро дар педестал дид».

Мусобиқа ва рақибон

Мавзуна дар синни 7 солагӣ, пас аз як соли машқ дар мусобиқаи ноҳиявӣ дар шаҳри Кӯлоб дар вазни 20 кг. иштирок карда, соҳиби ҷойи аввал шудааст. Сипас дар мусобиқаҳои зиёде ширкат кардааст. Агарчи ӯ ҳанӯз навҷавон аст, аммо дар мусобиқаҳои бузургсолон иштирок мекунад, зеро дар Тоҷикистон духтар ва ё зани муштзан надорем. Духтараки 16 сола барои ҳифзи номи Ватан бо муштзанони касбии аз худаш 6 то 15 сол калонтар қувваозмоӣ мекунад. Масалан, дар мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни занон (бузургсолон)  соли 2010 ӯ дар вазни 60 кг. бо Нагисетти Уша аз Ҳиндустон, ки аз худаш 8 сол калон буд, қувваозмоӣ карда бо ҳисоби 5:4 ғолиб шудааст. Рақиби дигараш Ченг Донги чиниро, ки аз худаш 7 сол бузургтар аст, бо ҳисоби 7:4 мағлуб кардааст.

 Мавзуна Чориева 2

Сим Хонг Рю – муштзани Кореяи Шимолиро, ки ӯ низ 9 сол аз Мавзуна бузургтар буд, бо ҳисоби 10:7 шикаст дода, унвони Қаҳрамони Осиёро соҳиб шудааст. Гузашта аз ин, дар ҳамин мусобиқа ба Мавзуна унвони «Беҳтарин муштзани Осиё»-ро сазовор донистанд. Гуфтанист, ки қаҳрамони ин унвон дар панҷ сол як маротиба интихоб мешавад. Дар мусобиқаҳои Ҷоми Ҷаҳон низ бо рақибони аз худаш хеле бузургсол ва касбӣ, ки таҷрибаи зиёди муштзанӣ доранд, қуваозмоӣ кардааст. Рақиби аввалааш муштзани Англис Аманду Сулсонаи 26 сола буд, ки ӯро бо ҳисоби 8:5 мағлуб кард. (Аманда қаҳрамони Аврупо ва афсари политсияи Англия мебошад). Рақиби дигараш Андервуд Куин аз ИМА буд, ки ҳисоби рақобат 6:6 баробар шуд, аммо доварон ғолибиятро ба муштзани амрикоӣ доданд. Андревуд, низ 8 сол аз Мавзуна калонсол буда, афсари политсияи ИМА мебошад.

Муштзани 15 солаи тоҷик ва ду карат қаҳрамони Ҷаҳон

Соли 2009, ки Мавзуна пас аз танафуси тӯлонӣ аз номи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон иштирок кардааст, барояш хотирмон аст. Қобили тазакур аст, ин нахустин мусобиқаи байналмилалии бокси занона буд, ки намояндаи Тоҷикистон дар он иштирок кард. Дар ин мусобиқа нахустин рақиби ӯ Кристина Мурашова – барандаи медали нуқраи Ҷоми Ҷаҳон буд, ки бо ҳисоби 18:3 Мавзуна ӯро мағлуб кард. Ба рақиби дуввумаш Наталя Тараенко – устоди варзиш бо ҳисоби 11:3 пирӯз шуд. Аммо рақиби севвумаш Софя Очигаева, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон қуваозмоиро аз Мавзунаи наврас бо хол мебарад. Мавзуна мегӯяд: «Ӯ воқеан, ҳам хеле қавӣ буд, ҳар як зарбааш мисли зарбаи гурз буд, аммо ман то лаҳзаи охир худамро дар ринг мустаҳкам нигаҳ доштам. Ҳатто дар чанд навбат бо дастони ба поин овезон ба ӯ наздик шудам, вале маро аз по афтонда натавонист».

Ин қаҳрамони ҷаҳон бо муштҳои гурзмонандаш муштзани ҷавони тоҷикро аз по афтонда натавонист ва ӯ танҳо бо чанд холи изофӣ мусобиқаро аз қаҳрамони мо бурд. Каме дертар Софя Очигаева дар яке аз мусоҳибааш гуфтааст: «Дар мусобиқаи Қазоқистон бо тоҷикдухтаре қувваозмоӣ кардам. Духтари болаёқат буд, вале дар ринг худнамоӣ мекард, ки ман ӯро дар ҷояш шинондам». Ман ба суханони ӯ чандон таваҷҷӯҳ накардам, аммо падарам аз гуфтаҳои ӯ нороҳат шуд.

Падарам гуфт: «Қаҳрамонидукаратаиҷаҳонбодухтариазхудашшашсолхурд, қуваозмоӣкарда, ҳаттозарбаинакдаунт (зарбае, киварзишгарроазпомеафтонад) заданатавонист, валешармнадоштагапҳоитаҳқиромезмегӯяд». Каме дертар падарам як мусобиқаи маро бо ӯ баргузор кард. Ин дафъа ман бе «худнамоӣ» қувваозмоӣ кардам. София дар поёни қувваозмоӣ ба наздам омада, ба ман даст дод ва гуфт «Агар тамринатро идома бидиҳӣ, базудӣ дар сафи лидерҳо ворид мешавӣ».

«Аммо ман нони тоҷикӣ хурдаам!»

Мавзуна Чориева 3Мавзуна дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон, қабл аз ба ринг баромадан, бо муштзани англис ҳамсӯҳбат шудаааст, ки ӯ дар бораи витаминҳову хӯрокҳои ғизодор зиёд қисса кардааст. Мавзуна ҳикоят мекунад: «Ӯ мегуфт, ки ман чанд моҳ фалон хел витамин хӯрдаам, чанд моҳи дигар як намуди дигар, пеш аз мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон ҳам ба маблағи 500 доллар як витамин гирифтам ва хеле бақувват шудаам. Бароям ҳамеша хӯрокҳои махсуси ғизодор омода мекунанд… Ту чӣ? Чӣ хел витаминҳо истеъмол мекунӣ– пурсид аз ман.

Кӯтоҳ посухаш додам, ки ҳаргиз на витамин истеъмол кардааму на касе бароям хӯроки махсуси ғизодор пӯхтааст. Ӯ дар тааҷҷуб афтоду, бо ханда ба ринг баромад. Тамоми вақти қувваозмоӣ бо ӯ, «Витаминҳову хӯроки ғизодор»-и гуфтааш аз зеҳнам дур намешуд. Баъд аз чанд мушт задан дидам, ки мекалавид. Аз миёни муштҳоям ба ӯ нигоҳ кардам, бовар намекардам, ки таъсири «витамин»-ҳояш ин қадар заиф бошад ва як мушти зебо ба рӯяш задам, ки накаут (зарбае, ки ба якборагӣ ҳарифро беҳуш мекунад) шуд. Болои сараш рафтам, ки чашмонашро базӯр кушод ва гуфтам: «Аммо ман нони тоҷикӣ хӯрдаам!»

«Ба зан мушт бардоштан осон набудааст»

Чун дар Тоҷикистон бокси занона ривоҷ надошт, падараш Мавзунаро ба хотири пешрафти пешаи варзишиаш ба Русия мебарад. Вай мегӯяд: «Падарам мисли дигар мардони тоҷик мардикорӣ мекард, то ки ҳам хонаводаамонро хӯронаду ҳам маблағи машқи маро пардохт кунад». Вай дар Тоҷикистон рақиби ҳамҷинс надошт ва ночор бо писарон қувваозмоӣ мекард, аммо дар Русия рақибони ҳамҷинс ва ҳамвазн зиёд буданд. Дар рӯзҳои нахуст ӯ ба мушкили равонӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Азбаски дар Тоҷикистон танҳо бо рақибони мард қувваозмоӣ мекард, ин ҳолат дар зеҳнаш нишаста буд ва ба духтарон мушт бардошта наметавонист.

«Ҳар чи кӯшиш мекардам, аммо наметавонистам духтаронро бизанам. Аз миёни муштонам ба чеҳраи духтаре менигаристаму ба худ мегуфтам: охир духтарро задан номардист, чи хел ӯро бизанам». Дар ниҳоят, пас аз талошҳои устоди сахтгирам, рӯзҳои аввал ба рӯи духтарон нигоҳ намекардам ва тақрибан бо чашмони пӯшида мушт мезадам, баъдтар задани духтаронро ёд гирифтам. Аммо ҳанӯз ҳам, ҳар вақт дар ринг ба зане мушт мезанам, маро эҳсоси бад фаро мегирад» – мегӯяд Мавзуна.

Устодаш Мирзо Шамсиев

Мавзуна, новобаста ба натиҷаҳои хуби варзишиаш, хеле духтари самимӣ ва шогирди пуртоқат аст. Гапҳоямро гӯш мекунад, ҷасур ва нотарс аст, – мегӯяд устодаш Мирзо Шамсиев, – муҳимтар аз ҳама аз мушкиливу хастагӣ наметарсад. Ба хотири пирузӣ дар Олимпиада ба таври хастагинопазир машқ мекунад, чун пирӯзӣ дар мусобиқаҳои бузург орзӯи падараш буд. Новобаста ба синни камаш андешааш ба мисли шахсони бузургсол аст. Дар кору рӯзгораш қадамҳои устувор мегузорад. Фикр мекунам мушкилоти зиндагӣ ӯро бамаротиб бузург кардааст.

Устодаш дар бораи Мавзуна ҷиддӣ ва хеле бо боварӣ ҳикоят мекунад: «Бурдаш дар иродаи қавӣ, чолокӣ ва қади пасташ аст. Иродааш барояш қудрату тавоноӣ мебахшад, то ба рақибаш бештар ҳамла кунад, чолокиаш – аз мушти рақиб зуд мегурезад ва фавран ҷавоб мегардонад ва қади пасташ барояш имкон медиҳад то аз таҳи рақиб даромада ба манаҳаш зарба занад».

Модари қаҳрамон

«Худамро модари хушбахт эҳсос мекунам, зеро чунин духтари қавиирода дорам. Ӯ барои ноил шудан ба ин арсаҳо бисёр заҳмат кашидааст» – мегӯяд Нахшонбӣ Қурбонова, модари Мавзуна. – Хеле бо нангу номус аст. Далеру ҷасур асту самимиву меҳрубон. Пештар ба дидани мусобиқаҳояш намерафтам. Чун аслан тавони дидани зарбхӯрданашро надоштам. Ҳар вақт рақибаш ӯро мушт мезад, қалбам пора-пора мешуд: – «Оҳ духтаракама задане, оҳ дард ёфте, оҳ дилу ҷигарам рехте, духтаракаме» – мегуфтам. Аз оҳу воҳам шахсони дар паҳлӯям нишаста фирор мекарданд. Аммо пас аз даргузашти падараш, дигар маҷбур шудам худамро ба даст гирифта ҳамраъйиаш кунам. Ҳамеша пеш аз ба ринг баромадан, ба ман занг зада дуо мегирад ва барояш мегӯям:

«Духтарам, бизан! Чӣ қадар қуввае дорӣ, бизан! Агар заданд, тоқат бикун, зуд тан надеҳ, фақат бизан, бо тамоми қудрату тавоноият, бизан!» Шояд, ҳеҷ модар ба духтараш чунин маслиҳат надиҳад, аммо сарнавишти мо чунин будааст. Дигар вақтҳои охир худам ҳам ба бокс меҳр бастаам, аксарияти муштзанони ҷаҳонро мешиносам. Ба мағозаҳои касетафурӯшӣ даромада дискҳои набардҳои муштзанони касбиро мехарам ва бодиққат тамошо мекунам. Вақте чунин дискҳоро мехарам, фурӯшандаҳо тааҷҷуб мекунанд, ки ин зани деҳотӣ диски боксро чи кор мекарда бошад?»

Назари хос

Мавзуна Чориева 4Банда ҳаргиз ба варзиш таваҷҷӯҳи хосе надоштам, хусусан ба бокс. Аммо аз рӯзи ошноиям бо Мавзуна, ман ҳам мисли модараш дар ҷӯстуҷӯи дискҳои бокс шудам. Маҳз шахсияти Мавзуна диқатамро ба ин навъи варзиш ҷалб кард. 1 октябр ҷашни зодрӯз дошт. Ба табрикаш рафтам бо 3-4 дӯсташ зодрӯзашро ҷашн мегирифт. Нахустин ҷашни зодрӯзаш буд, ки бе иштироки падараш мегузашт. Тӯли ним соате, ки ҳамроҳаш будам, ҳама аз падар сухан мегуфт.

Ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад, буғз гулӯяшро мегирифт, аммо бо ҳамон ғуруру ҷасорате, ки дорад, суханашро идома медод. Рӯйи миз дастагулҳои зиёде дидам, фикр кардам шояд якеаш аз мақомоти соҳаи варзиш аст, аммо вақте пурсидам ғайр аз устодаш дигар касе аз мақомоти марбута ба табрикаш наомадаанд. Ҳатто як даста гул ҳам барояш нафиристодаанд. Дар ҳоле ки Мавзуна рӯзҳои сахтеро паси сар мекунад, падару устоди бузургворашро аз даст додааст ва ба дастгириву ғамхории хосе ниёз дорад.

Сухане самимона

Чашмони Мавзуна барқ мезананд ва изҳор мекунад: – Аз ин ки натавонистам дар Ҷоми Ҷаҳон ба мақоме ноил шавам, хеле нороҳатам, аммо дар пеш боз чанд мусобиқаи дигар аст, ки ҳатман ба дастоварде ноил хоҳам шуд. Аз Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи Миллии Олимпӣ, ширкати Шоҳона барои кӯмак дар барқарор кардани вазъи саломатиам сипосгузорам. Хамчунин ба модари азизам, Шералӣ Сабзов, Фаридун Шомадов, мақомоти Вилояти Хатлон ва дигар дӯстону наздиконам ҷиҳати дастгирии модиву маънавиашон изҳори ташакур мекунам.

Зане либосу дили мардона

Мавзуна дар ҳар сухан, ҳар каломаш аз падар, панду насиҳати ӯ ёд меорад. Падараш дар Русия дар рӯи дастонаш ҷон бохтааст. Ӯро худаш аз Русия ба зодгоҳаш овардааст. Падараш ҳамеша дар симои ӯ писари орзӯҳояшро медид. Мавзуна дар ин лаҳза ҳам мувофиқи хости падар кори мардона кард. Зан тибқи русуми мардуми мо тобут намебардорад. Вай либоси мардона пӯшида, аз гӯшаи тобути падар бардошту ӯро ба хок супурд. Ҳатто тасаввури он рӯз барояш даҳшатнок буд, аммо бар сараш омад. «Марги шахси наздик хеле даҳшатнок будааст» – мегӯяд ӯ. Вале чун хости Худо буд, таҳамулаш кард.

Маълумотнома: Чориева Мавзуна Ғоибназаровна 1 октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Муштзаниро аз синни 6 солагӣ оғоз кардааст. Устоди дараҷаи байналмиллалӣ, Қаҳрамони Осиё-2010, «Беҳтарин варзишгари Осиё», Барандаи медали нуқраи нахустин мусобиқаи бокс миёни занони Осиё-2009, Барранда ва ҷоизадори мусобиқаҳои байниминтақавии бокс миёни духтарон дар Русия, Қаҳрамони Тоҷикистон аз соли 2008 то 2010, Қаҳрамони чандкаратаи минтақаи Кӯлоб. Нахустин устодаш – падараш Ғоибназар Чориев буд. Донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи варзиши Тоҷикистон, факултаи бокс.

Шаҳноз Комилзода, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #16 Guest 30.07.2012 09:26
Мавзуна ОФАРИН! Иншоаллох чемпиони олимпи мешави..Худо нигахдор!!!Биза н хамаро аз по афтон ту метавони!!!
 
 
0 #15 Guest 16.06.2011 17:07
Арзи сипос мекунам ба Мавзунабону ва дар симои он ба тамоми варзишгарони Точик. Ин боиси ифтихор аст, ки як варзишгардухтар и Точик дар байни варзишгароне,ки аз давлатхои пешрафта мебошанд голиб омад. Ман аз Кумитаи кор бо чавонон, варзиш ва саёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон эхтиромона хохиш менамоям,ки вохурии Мавзунабонуро бо чавонон баргузор намояд. Бори дигар офарин Мавзунабону. Бо эхтироми бедоён Даврон Хочаев Муаллими ДИТ.
 
 
0 #14 Guest 16.06.2011 15:10
Салом ба кормандони сомонаи Рузгор ва хонум Шахноз... Сар аввал аз хонум Мавзуна Чориева арзи сипос мекунам, ки номбардори Точикистони азиз хастанд ва баъдан ба кормандони сомона ва Шахноз Комилзода тамоми пешравихоро дар чодаи фаъолияташон хохонам... Пирузии хамватан пирузии хамаи мову шумост. Бошед, ки бо хам бошем...
 
 
0 #13 Guest 16.06.2011 15:03
Ахсан мегуям ба часорату матонати Мавзунабону.Муз аффарияти ту муваффакияти хамаи мардуми кишварамон дар арафаи 20-солагии истиклолияти давлатии ЧТ аст.Борору равнаки кори Шуморо хохонем. Ташакур ба Шахнозхонум барои чунин хабари хуш.
 
 
0 #12 Guest 16.06.2011 15:00
Офарин Шахноз. Хела чолиб.Ман бо варзиши бокс мухолифам, вале матлаби шумо хеле зебову хондани ва риккатбор аст.Ба ин варзишкордухтар муваффакият орзу мекунам ва ба хотири одами бо хадаф буданаш уро эхтиром мекунам, гарчанде варзишаш писанди ман нест.
 
 
0 #11 Guest 16.06.2011 14:31
так держать сестренка мы же носители короны так, нам надо доказать что мы носим собой корону МОШОЛЛОХ !!!
 
 
0 #10 Guest 16.06.2011 14:26
Мавзуна Чориева хеле шодем,ки чунин як варзишгар дар кишвари мо кахрамони осиё гаштааст. Фахр хохем кард аз ту акнун барои ки мохам ба чунин кулахои баланд бирасем аз витамини "нони точики" хурданро сар мекунем....
 
 
0 #9 Guest 16.06.2011 14:15
Ахсан Мавзунахон. Офарин! Оли, хеле оли аст. Ин мавод бар ман хеле писанд омад,ташаккур ба сайти "Рузгор".Ва аз хунари Шахнози Комилзод хам сарфарозам, ки чунин маводи ачоибу зебо тайёр карданд. Бовари дорам Шахноз боз хам чунин маводхои ачоибу длчаспро ба мо пешниход хохад кард.
 
 
0 #8 Guest 16.06.2011 14:11
Банда ҳаргиз ба варзиш таваҷҷӯҳи хосе надоштам, хусусан ба бокс. Аммо аз рӯзи ошноиям бо Мавзуна, ман ҳам мисли модараш дар ҷӯстуҷӯи дискҳои бокс шудам.

Бовар кунед ман хам пас аз хондани ин макола ба индухтарак бисёр таваччух зохир крадам. Ташкур ба ту Мавзуна. бароихамаи мехнату захматат. Ба журналист Шахноз хам рахмат. Бисёр маводи хуб навиштааст. Хеле оли навиштаед...
 
 
0 #7 Guest 16.06.2011 12:47
Сано бодо ба занхое, ки марданд!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi