ЗОКИР ӮРИНОВ: "ФУТБОЛИ ТОҶИК БА ИСЛОҲОТИ ГУСТАРДА НИЁЗ ДОРАД"
Зокир Ӯринов, футболбоз, мураббӣ ва сардори пешини дастаи “Помир”-и Душанбе, ки дар зарфи 15 соли ахир бо хонаводааш дар Олмон кор ва зиндагӣ мекунад, бо дидори кӯтоҳмуддате ба Тоҷикистон омадааст. Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад бо оқои Ӯринов мусоҳиб шуда ва назари ӯро дар бораи вазъияти кунунии футбол ва бурду бохти ин навъи варзиш дар Тоҷикистон пурсон шудааст:
-Дар ҳоле ки дар даврони Шӯравӣ сатҳи футболи Тоҷикистон боло буд ва дастаи “Помир”-и Душанбе танҳо дастае дар кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки дар Лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунарнамоӣ мекард, ҳоло дастаи мунтахаб ё дастаҳои қаҳрамони Тоҷикистон дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ ба дастовардҳои чашмгире ноил намешаванд. Фикр мекунед, чаро?
-Далели аслӣ фурӯпошии Итиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон аст. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ бештари футболбозони “Помир”, назири Рашид Раҳимов, Вазген Манасян ва Мӯҳсин Муҳаммадиев, ба дастаҳои Русия рафтанд. Ҷанги дохилӣ бӯҳрони шадиди иқтисодиро дар пай дошт. Масъулони дастаҳои футбол аз бонк пули нақд гирифта наметавонистанд. Ба футболбозон дар муддати то 6 моҳ маъош ё ҳуқуқи моҳона пардохт намешуд. Ин вазъият ба қавле “миёни футболи тоҷикро шикаст.” Футболбозону мараббиёни саршинос Тоҷикистонро тарк карданд, мактабҳои варзишӣ барои омода кардани футболбозони наврас аз фаъолият бозмонданд.
-Вазъияти дастаи маъруфи “Помир”, ки Шумо раҳбараш будед, чи гуна буд?
-Вазъияти “Помир” аз дастаҳои дигар тафовути ҷиддие надошт. Барои тамрин ва ширкат дар мусобиқоти дохилию хориҷӣ пули нақд лозим буд ва ин мушкил басодагӣ ҳал намешуд. Моҳи январи соли 1996 дастаи “Помир” дар мусобиқоти байналмилалии футбол барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Кишварҳои Ҳамсуд дар шаҳри Маскав ширкат дошт. Танҳо дастае, ки либоси варзишии хуб надошт, “Помир” буд.
Дастаҳои “Динамо”-и Тифлису Минск ва дастаҳои Маскав, ки дар солҳои Шӯравӣ мо бо онҳо дар як сатҳ қарор доштем, аз лиҳози таъминоти молӣ аз дастаи “Помир” чанд сару гардан боло буданд. Ин дастаҳо дар варзишгоҳҳои хориҷӣ тамрин карда ва бо дастаҳои кишварҳои хориҷӣ мусобиқоти дӯстона баргузор мекарданд. Дастаи “Помир” ҳатто барои ширкат дар мусобиқоти дохили Тоҷикистон имконоти молӣ надошт.
-Давлати Тоҷикистон имкони ироаи кумаки молӣ надошт?
-Имкони молии давлати Тоҷикистон маҳдуд буд. Ҷанги дохилӣ идома дошт, иқтисоди кишвар дар ҳолати бӯҳронӣ буд ва сокинони Тоҷикистон моҳҳо маъош намегирифтанд. Футболбозон низ ҷузъи ҷомеъа ҳастанд ва онҳо чунин сахтиро таҳаммул мекарданд.
-Ин вазъ мӯҷиби тарки ватан кардани Шумо шуд?
-На. Албатта, камбуди шадиди манобеъи молӣ дар кори мо асари манфӣ дошт. Аммо дигарон низ дар шароити мушобеҳ қарор доштанд. Ба ҷилои ватан кардан таҳдид ба ману хонаводаам сабаб шуд.
-Чи гуна таҳдид?
-Таҳдид аз ҷониби афроди мусаллаҳ ва фармондеҳони Ҷабҳаи мардумии Тоҷикистон. Моҳи июни соли 1996 Хӯҷа Командир (Хӯҷа Каримов, фармондеҳи Ҷабҳаи мардумии Тоҷикистон) бо зиреҳпӯш ва 15 сарбози мусаллаҳ ба варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Душанбе омада ва дар ҳузури мухлисони футболу писари 15-солаам мили автоматро ба пешонаам гузошт ва дашномҳои қабеҳ дод. Вай таҳдид кард, ки агар бори дигар дар ҷаласаҳои Федеросиюни футболи Тоҷикистон аз ҳузури афроди мусаллаҳ дар он интиқод кунам, маро мекушад.
-Магар афроди мусаллаҳ дар ин гуна ҷаласот ширкат доштанд?
-Бале. Ин вазъият мо, мураббиёнро, асабонӣ ва нороҳат мекард. Ва ман гуфтам, ки футбол варзиш аст, на майдони ҷанг. Афроди мусаллаҳ набояд дар умури футбол мудохила кунанд.
-Хӯҷа Каримов узви Федеросиюни футбол буд?
-Вай сарпарасти молии дастаи “Ситора”-и Душанбе буд. Бино бар ин, бо муҳофизонаш ба ҷаласот меомад ва ҳар киро, ки дилаш мехост таҳқир мекарду дашномҳои қабеҳ медод. Зимнан, дар ҳамон сол, дастаи “Ситора” бо зӯри силоҳ қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд.
-Таҳдиди Хӯҷа Каримов ҷиддӣ буд?
-Оре. Дар он солҳо куштани одам кори содае буд. Ҳамон сол шахсиятҳои маъруфу мӯътабари Тоҷикистон, чун окодемисиянҳо Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ аз ҷониби афроди мусаллаҳ кушта шуданд. Рӯзи дигар ман ба шаҳри Конибодом, ватани бобоии худ, рафта ва муддати ду ҳафта дар он ҷо мондам. Вале ҳолати равониям беҳтар нашуд. Бино бар ин, тасмим гирифтам бо Тоҷикистон хайрбод гуфта ва ба Олмон сафар кунам.
-Чаро маҳз ба Олмон?
-Ҳамсарам олмонӣ аст. Бо хонаводааш дар шаҳри Душанбе бо забони олмонӣ гуфтугӯ мекард. Сафорати Олмон ба хонаводаи мо иҷозаи иқомат дар Олмонро дод.
-Шумо забони олмониро медонистед?
-На. Вақте дар Олмон зиндагиро оғоз кардем, ман забони олмониро аз алифбо омӯхтам. Се соли аввал дар як корхонаи мебелсозӣ ба ҳайси харрот кор кардам. Дар ҷараёни кор тарзи гуфтори олмониям беҳтар шуд. Сипас, дар як коллеҷи тиббӣ таҳсил карда ва соҳиби тахассуси пизишки варзишӣ шудам. Ҳоло дар ин бахш фаъолият карда ва ҳамзамон, дастаи футболи лигаи панҷуми Олмонро омӯзиш медиҳам.
-Александр Азимов ва Рашид Раҳимов, футболбозони пешини дастаи “Помир”, низ ба Олмон рафта буданд?
-Ҳамсари оқои Азимов низ олмонӣ буд ва ҳоло хонаводаи ӯ дар Олмон кор ва зиндагӣ мекунанд. Аммо Рашид Раҳимов аз дастаи “Спартак”-и Маскав ба дастаи “Рапид”-и Австрия даъват шуда буд ва чанд сол дар ин даста ҳунарнамоӣ кард.
-Оё фарзандони Шумо бо пайроҳаи падар рафта ва бо футбол сару кор доранд?
-Ман ду писар дорам. Назар, писари бузургам, тоҷир аст. Далер чанд муддат дар дастаи наврасони Олмон ҳунарнамоӣ карда, баъдан ба далели вазъи саломатиаш футболро тарк кард.
-Ҳоло ки вазъ дар Тоҷикистон тағйир кардааст, қасди бозгашт ба ватанро надоред?
-Се соле пеш чунин ният доштам. Мехостам аз таҷрубаи дар Олмон андӯхтаам барои рушди футболи Тоҷикистон истифода кунам. Бахусус, барои рушди тибби варзишӣ дар ин кишвар саҳим бошам. Аз тариқи нашрияҳои “ASIA-Plus” ва “Варзиш” дар ин бора ибрози назар карда будам. Аммо масъулони Федеросиюни футболи Тоҷикистон гуфтаанд, ки “пизишки варзишӣ дорем ва ба кумаки Уринов ниёз надорем.”
-Бад ин тартиб, равобити шумо бо футболи Тоҷикистон гусаста шуда?
-На. Бо мақомоти пойгоҳи (база) варзишии Олмон дар бораи тамрини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин пойгоҳ гуфтугӯ кардам. Онҳо розӣ шуда ва гуфтанд, ки барои ин даста имтиёзҳое низ қоил хоҳанд шуд. Масалан, имтиёзоти молӣ. Ҳаққи буду боши як футболбоз дар ин пойгоҳ барои як шабонарӯз 370 юру аст. Аммо масъулони пойгоҳи варзишии Олмон барои дастаи Тоҷикистон ин маблағро то 50 юру коҳиш доданд. Ин ҷо дар канори тамрин аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба таври ройгон аз имкони муъоянаи пизишкӣ бархурдоранд.
-Дар ин ҷо имкони баргузории бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Олмон вуҷуд дорад?
-Оре. Ман дар шаҳри Ҳанновери Олмон зиндагӣ мекунам. Дастаи “Ҳанновер 96” дар лигаи олии Олмон ё “Бундеслига” дар зинаи чорум қарор дорад. Ин даста омода аст бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстона кунад. Соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо “Ҳесинкасл”-и Олмон бозии дӯстона дошт.
-Мақомоти Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар мавриди ин пешниҳод чи посух доданд?
-Ҳанӯз посухе надодаанд.
-Ба назари Шумо, дар шароити кунунӣ футболи тоҷик чи мушкил дорад?
Мушкили аслӣ камбуди мутахассисони бахши варзиш аст. Коршиносони варзида дар бахшҳои тибби варзишӣ, моссож, шикастабандӣ ва бахши ғизои футболбозон камшуморанд. Ба мутахассиси тарбияти баданӣ ниёз ҳаст. Усул ва системи баргузории мусобиқоти қаҳрамонии футбол дар Тоҷикистон бояд ислоҳ шавад.
-Чи гуна?
-Ҳоло мусобиқоти футболи Тоҷикистон дар ду лигаи олӣ ва якум баргузор мешаванд. Ба андешаи ман, хуб мебуд, агар лигаи якум аз миён бурда шавад ва таваҷҷӯҳ ба мусобиқоти дастаҳои вилоятҳо мутамаркиз шавад. Қаҳрамони мусобиқоти вилоятӣ мустақиман ба лигаи олӣ роҳ ёбад. Ҳоло барои мусобиқоти лигаи якум маболиғи зиёде сарф шуда, аммо натиҷааш ризоятбахш нест. Мушкили дигар камбуди дастаи нерӯманд аст, ки битавонад дар сатҳи байналмилалӣ аз эътибори Тоҷикистон ҳимоят кунад.
-Дастаҳои қаҳрамони футболи Тоҷикистон магар дар ин сатҳ қарор надоранд?
-Манзурам дастаи футболест, ки дар кишварҳои хориҷӣ шинохташуда бошад. Масалан, Белжик мисли Тоҷикистон кишваре кӯчак аст, аммо дастаи “Андерлехт”-и ин кишвар дар Урупо шинохташуда аст. Имкон дорад ба ҳисоби футболбозони бомаҳорати дастаҳои дигари Тоҷикистон дастаи “Истиқлол” такмил ва нерӯманд гардад. Зеро бар асоси иттилоъе, ки дар даст дорам, ин даста вазъияти молии хубе дорад.
-Шояд ба ин далел аст, ки писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти ин даста аст?
-Муҳим нест, ки сарпарастии даста ба ӯҳдаи кист. Дастаи “Бунёдкор”-и Ӯзбакистон бо кумаки Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, футболбозону мураббиёни беҳтарини ҷаҳон, назири Ривалдо, футболбози дастаи мунтахаби Брозил, ва Сколарӣ, мураббии ин дастаро, ба “Бунёдкор” даъват кард.
-Аммо ҳоло дар Тоҷикистон барои тамрини чунин дастае пойгоҳҳои варзишии муъосир вуҷуд доранд?
-Қаблан дастаи “Помир” дар як пойгоҳи варзишӣ дар дараи “Алмосӣ” тамрин мекард. Мегӯянд, ки ҳамакнун ин пойгоҳ хусусӣ шудааст. Хуб мебуд, агар “Истиқлол” ин пойгоҳро харидорӣ кунад. Агар ин кор анҷом шавад, ба манфиъати футбол хоҳад буд.
-Шумо аз варзишгоҳҳои Тоҷикистон дидан кардед. Оё онҳо ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ ҳастанд?
-Варзишгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Турсунзода хуб буданд. Аммо варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Душанбе бояд ҷиддан тармим ва бозсозӣ шавад. Оё чигунагии вазъи футбол ба омода кардани доварон ё рефериҳои сатҳи байналмилалӣ асаре дорад? Зеро ба истиснои Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин доварҳоро доранд.
Бидуни шак, ин бахшҳо ба ҳам рабт доранд. Сатҳи футбол дар Ӯзбакистон дар муқоиса бо Тоҷикистон бамаротиб болотар аст. Дар натиҷа, як довари ӯзбак дар Бозиҳои қаҳрамонии Ҷаҳон ширкат карда ва аз доварони беҳтарин шинохта шудааст. Сатҳи омодагии доварони Тоҷикистон ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ нест. Бояд бо кумаки Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол (ФИФА) барои онҳо давраҳои омӯзишии 3-семоҳа созмон дода шавад. Зеро футбол дар ҳоли рушд аст ва доварони тоҷик бояд ҳамеша дар ҳоли омӯзиш бошанд.
Аз сӯйи дигар, мавориди ришвахӯрӣ ва тамаъҷӯйӣ дар миёни доварон дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Ҳарчанд ин амали номатлуб аз замони Шӯравӣ ба мерос расида ва доварон дар он замон бо дарёфти пул ё тӯҳфаи гаронбаҳо ба нафъи дастаи ришвадода амал мекарданд. Дар баъзе маворид иштибоҳҳои доварон дар мусобиқот боъиси низоъу моҷаро миёни мухлисони футбол мешавад. Аз сафҳаҳои интернет хондам, ки иштибоҳи довар мунҷар ба ғазаб ва моҷарои мухлисони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шудааст.
Зимнан, авбошию бадрафтории мухлисони футбол боъиси дарди сари пулиси Тоҷикистон ва сокинони ин кишвар шудааст. Зеро ба ҳангоми ин моҷаро амвол ва худравҳои сокинон осеб мебинанд. Авбошии ҳаводорони футбол ҳодисаи тозае нест. Дар даврони Шӯравӣ ва дар кишварҳои урупоӣ низ чунин ҳодисаҳо рух медод. Ҳоло кишварҳои Урупо дар ҳалли ин мушкил ба пешрафтҳое даст ёфтаанд.
Онҳо бошгоҳҳои ҳаводорони дастаро ташкил карда ва куллияи ҳаводоронро сабти ном мекунанд. Аъзои ин бошгоҳ бо пардохти ҳаққулъузвияти ночиз дар харидории билети бозии футбол соҳиби имтиёз мешаванд. Ин гуна бошгоҳҳо раҳбар ва фаъолони худро доранд ва онҳо бар рафтори ҳаводорони даста назорат мекунанд. Дар ин гуна ҳолат мавориди бадрафторӣ ё авбошии ҳаводорон камтар ба мушоҳида мерасад. Мумкин аст аз чунин таҷрубае дар Тоҷикистон низ истифода шавад.
Дар маҷмӯъ, бахши футболи Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Нахуст, теъдоди кормандони дастгоҳи Федеросиюни футболи Тоҷикистон бояд коҳиш ёбад. Зеро Тоҷикистон кишваре кӯчак асту федеросиюни он аз федеросиюни кишварҳои урупоӣ ҳам бузургтар аст. Нақши ин федеросиюн низ бояд аз як ниҳоди фармонраво ба як ниҳоди машваратию кумаккунанда пойин оварда шавад. Ислоҳи ин ниҳод мумкин аст ба ислоҳоти бахши футбол мусоъидат карда ва роҳро барои рушду тавсеъаи футбол дар Тоҷикистон боз кунад.
-Барои сӯҳбат ташаккур!
Би-Би-Си
Шарҳҳо
RSS Обуна