ВАҚТЕ, КИ МАСЪУЛИН БА КАМБУДИҲОИ ХУД ИҚРОР МЕШАВАНД
Масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯянд, дар баробари дастоварду пешравиҳо, ҳанӯз дар ин се соҳа, бахусус дар сатҳи маҳалҳо проблемаву масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Ин нуктаро намояндагони ин кумита зимни як нишасте, ки имрӯз, 4-уми январ дар Душанбе баргузор гардид, иброз намуданд.
Аз кумитаи мазкур ба сомонаи Рӯзгор иттилоъ доданд, ки новобаста аз мушкилоти мавҷудбуда, бо ҷалби мутахассисон ҷиҳати самаранокии кор ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бояд талош варзанд, зеро масъулияти танзим ва дарёфти механизми коркарди рушди се самти хеле муҳим-ҷавонон, варзиш ва туризм аз вазоифаи асосии онҳост.
Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш фаъолияти кумита дар соли 2012, самтҳои асосии фаъолият, нақшаи кор барои нимсолаи аввали соли 2013 ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Кабир Ҷураев, муовини аввали раиси кумита иброз доштааст, ки ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдору сохторҳои масъул ва ба ин минвол дастгирии дуҷониба дар шароити имрўза аз манфиат холӣ набуда, метавонад ҷиҳати рафъи мушкилоти соҳа заминаи мусоидеро фароҳам оварад.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»