“ПАЙКОН” 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУД
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳафтаномаи мустақили “Пайкон”-ро 300 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Ба ин тартиб, додгоҳ даъвои “Тоҷикстандарт”-ро дар робита ба “пойин бурдани шаъну шарафи ин ниҳод” пуштибонӣ кардааст.
Ҳафтаномаи “Пайкон” дар тобистони имсол муроҷиъаи гурӯҳе аз тоҷирони тоҷикро мунташир карда ва дар он иддаъо шудааст, ки “Тоҷикстандарт” дар роҳи тавсеъаи соҳибкорӣ дар ин кишвар мавонеъ эҷод мекунад. Ҷумъабой Толибов, муассис ва сардабири нашрияи “Пайкон” рӯзи сешанбеи 27 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон рӯзи гузашта бо судури ҳукме муваззаф кардааст, ки ин ҳафтанома ба “Тоҷикстандарт” 300 ҳазор ҷарима бипардозад.
Ба гуфтаи оқои Толибов, додгоҳ мушаххас кардааст, ки нашрияи “Пайкон” бо чопи матлабе “шаъну шарафи “Тоҷикстандарт”-ро пойин бурдааст.” Ҷумъабой Толибов мегӯяд, ки 22 июли соли ҷорӣ дар нашрияи “Пайкон” муроҷиъаи гурӯҳе аз туҷҷори тоҷик унвонии президент Раҳмон мунташир шуда буд, ки дар он соҳибкорон аз фаъолияти “Тоҷикстандарт” шадиданд интиқод кардаанд.
Ба навиштаи ин туҷҷор, онҳо қасд доранд дар воридоти коло ва маводд ба бозори Тоҷикистон саҳми бештаре дошта бошанд, вале “Тоҷикстандарт” дар ин амр мавонеъ эҷод мекунад. Баъд аз ҷопи ин матлаб, масъулони “Тоҷикстандарт” тақозо кардаанд, ки посухи онҳо низ бояд дар ин нашрия мунташир шавад. Вале ба гуфтаи Ҷумъабой Толибов, онҳо “матни беимзоеро фиристодаанд, ки ҳафтанома наметавонад онро мунташир кунад.”
Ба гуфтаи оқои Толибов, онҳо аз масъулони “Тоҷикстандарт” даъват кардаанд, ки матнеро бифиристанд, ки имзое дошта бошад. Вале, масъулони ин ниҳод бо гузашти як моҳе пас аз ироаи поусхи худ, ба додгоҳ шикоят кардаанд. Зеро, тибқи қавонини Тоҷикистон, нашрияҳо муваззаф ҳастанд, ки дар муддати як моҳ посухро мунташир кунанд.
Ба гуфтаи оқои Толибов, дар ҷараёни муқокимаи додгоҳ, масъулони “Тоҷикстандарт” “розӣ шуданд, ки дар сурати ҷопи ин матлаб ва узрхоҳии нашрияи “Пайкон” аз шикояти худ даст хоҳанд кашид. Вале, ҳатто баъд аз чопи ин матлаб, онҳо аз иддаъои худ нагаштанд.”
Ҷумъабой Толибов мегӯяд, ки вай наметавонад ин ҳукми додгоҳро бипазирад ва дар садад аст ба додгоҳи истинофии шаҳри Душанбе аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят кунад. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вай, “чӣ гуна метавон шаъну шарафи як ниҳодро пойин бурд? Дар ҳоле, ки дуруст буд, агар додгоҳ ҳукм мекард, ки дар пайи чопи ин матлаб эътибори ин муассиса коҳиш ёфтааст.”
Зимнан, ба гуфтаи коршиносон, пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз сӯйи як нашрияе, ки дар соли ҷорӣ таъсис шудааст, ғайриимкон ба назар мерасад. Гузашта аз ин, пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар фаъолияти расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон асароти номатлубе бар ҷой гузошта, куллияи онҳоро бо мушкилоти фаровони иқтисодӣ рӯбарӯ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Созмони Байналмиллалии “Хабарнигорони Бидуни Марз” дар гузориши тозаи худ иддаъо дошт, ки дар як соли беландтарин мизони озодии баён дар миёни кишварҳои минтақа дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Бархе аз коршиносон, ки бо чунин натиҷагирӣ мувофиқ нестанд, иддаъо доранд, ки дар як соли ахир дар Тоҷикистон мавориди ба додгоҳ кашидани хабарнигорон ва расонаҳо мушоҳида нашуда буд ва ин амр ба боло рафтани мавқеъи Тоҷикистон дар ин феҳраст мунҷар шудааст.
Вале ин соҳибназарон иддаъо доранд, ки хабарнигорони тоҷик умдатан таҳти фишори мақомот фаъолият доранд ва худсонсур дар кори онҳо ба мари маъмуле табдил шудааст. Дар се соли ахир чанд мавриди ба додгоҳ кашида шудани хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон мушоҳида шуда буд, вале маъмулан ин казияҳо бо созиши ҷонибҳо анҷом меёфт.
Аз сӯйи дигар, соҳибназарон мегуянд, ки дар пайи як фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳори имсол, ки мақомотро барои вокуниши сареъ ба чопи матолиби интиқодӣ дар расонаҳои гурӯҳӣ муваззаф карда буд, мавориди ба додгоҳ кашида шудани хабарнигорон ва расонаҳо афзоиш хоҳад ёфт.
Би-Би-Си