ИБРОҲИМ УСМОНОВ РАИСИ ШӮРОИ РАСОНАҲО
Дар Тоҷикистон ниҳоди ҷадиде бо номи "Шӯрои васоити ахбори умум" таъсис гардид, ки ҳадафи он дифоъ аз манофеъи расонаҳою рӯзноманигорон ва боло бурдани сатҳи рӯзноманигорӣ дар ин кишвар унвон шудааст.
Дар кунфронси муассисони ин шӯро, ки рӯзи ҷумъаи 30 октябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, пруфессур Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон раиси он интихоб шуд. Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, дар назар аст тавассути ин шӯро низоъҳои эҳтимолӣ миёни нашрияҳо ё рӯзноманигорон бо шаҳрвандон ё ниҳодҳои мухталиф баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо ҷустуҷӯ шавад.
Оқои Қаршибоев таъкид кард, ки дар зарфи чанд соли ахир ҳудуди даҳ мавриди ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақил ё рӯзноманигорон ба мушоҳида расида ва таъқиби додгоҳӣ то ҳадде ба маҳдуд шудани озодии баён дар ҷомеъа мунҷар шудааст.
Шароити узвият
Дар Низомномаи Шӯрои расонаҳо ё васоити ахбори умуми Тоҷикистон эътирофи “Меъёрҳои ахлоқи журнолистӣ” аз шартҳои аслии узвият дар ин ниҳод унвон шудааст. Зимнан, пешнависи “Меъёрҳои ахлоқи журнолистӣ”, ки ба ибтикор ва пуштибонии молии Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар шаҳри Душанбе таҳия шудааст, дар як ҳамоиши намояндагони расонаҳои ин кишвар дар моҳи майи соли ҷорӣ баррасӣ шуда буд.
Он замон бархе аз рӯзноманигорони мустақил ин санад талоше барои эҷоди маҳдудият дар фаъолияти озоди нашрияҳо ва расонаҳои мустақил талаққӣ карда ва таъкид дошта буданд, ки дар сурати вуҷуди Қонуни матбуъот ба тасвиби меъёрҳои ахлоқӣ ниёзе нест. Аммо масъулони САҲУ ин нигарониро бепоя хонда ва иброз доштанд, ки дар бештари кишварҳои урупоӣ ба ивази Қонуни матбуъот “Меъёрҳои ахлоқи журнолистӣ” иҷро мешавад ва ин санад умдатан ҷанбаи тавсия ва машваратро дорад, на сахтгирию мамнӯъият.
Шояд ба далели ин гуна шарту шароит буд, ки намояндагони бархе аз нашрияҳои саршинос ва пурхонандаи Тоҷикистон, назири “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Миллат” аз ширкат дар Конфаронси муассисон ва узвият дар Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон худдорӣ кардаанд. Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи “Фараж” ба Би-би-сӣ гуфт, ки муассисони ин шӯро барои узвият дар ниҳод аз ӯ хостори имзои “Меъёрҳои ахлоқи журнолистӣ” шудаанд.
Оқои Атоулло гуфт, ки бо тасвиби ин санад мухолифате надорад, вале дар шароити душвори нашрияҳои мустақил Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо бояд ба ҳалли мушкилоти молии расонаҳои мустақил мусоъидат кунад, на ба тасвиби меъёрҳои ахлоқӣ. Саймуддин Дӯстов, муассиси нашрияи “Нигоҳ”, низ таъкид кард, ки пуштибонӣ аз озодии баён ва нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон аз аҳдофи аслии САҲУ маҳсуб мешавад.
Аммо ба эътиқоди оқои Дӯстов, ин созмон маболиғи зиёдеро барои тасвиби “Меъёрҳои ахлоқи журнолистӣ” ва таъсиси Шӯрои васоити ахбори умум масраф мекунад.
Зарурати фаъолияти ШӮро
Назароти ширкаткунандагони кунфронси муассисони Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон дар бораи нақш ва зарурати ин ниҳод яксон набуд. Мухтор Боқизода, раиси Сандуқи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, нақши ин шӯро дар танзими фаъолият ва пуштибонӣ аз рӯзноманигорони ҷавонро муҳим медонад.
Ба эътиқоди оқои Боқизода, бештари онҳо ҳануз ҳирфаӣ нашудаанд ва аз ин лиҳоз, аз одобу ахлоқи хабарнигорӣ ба таври кофӣ бархурдор нестанд. Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, сардабири дафтари хабаргузории “Форс” дар Тоҷикистон, Шӯрои васоити ахбори умумро дар баҳсҳои расонаӣ навъе буфер ё сипар дар баробари таъқиботи додгоҳӣ арзёбӣ кард.
Оқои Бекмуҳаммад таъкид кард, ки аз ин лиҳоз дар ин шӯро бояд ҳуқуқдонҳои варзида ва шахсиятҳои саршиноси ҷомеъа узвият дошта бошанд, то баҳсҳои расонаӣ дар ин ниҳод ҳал шуда ва кор ба додгоҳ кашида нашавад.
Абдуқаҳҳори Давлат, сардабири “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, ки ҳоло нақш ва имконоти Шӯрои васоити ахбори умумиро арзёбӣ кардан бармаҳал аст ва бо гузашти замон зарурати фаъолияти чунин ниҳоде рӯшан хоҳад шуд.
Дар кунфронси муассисони Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон нуҳ нафар ба унвони аъзои ҳайъати Шӯро интихоб гардидаанд ва раёсати он ба ӯҳдаи дуктур Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, вогузор шудааст. Оқои Усмонов дар гузашта симатҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла мушовирати раиси ҷумҳурӣ ва муъовинати вазири фарҳангро ба уҳда дошт.
Би-Би-Си