14:42:46 23-уми Июни 2025 сол

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Мавзӯи асосии нашрияҳои ин ҳафта Қонун «Дар бораи афв» ва баҳсу мунозираҳо дар атрофи он мебошад. Қариб ҳамаи ҳафтаномаҳо Қонунро пурра ба чоп расондаанд. Ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба ин масъала боз ду саҳифаи хешро ихтисос додааст. Қабл аз ҳама дар матлаби асосӣ омадааст, ки «мутобиқи Қонуни мазкур маҳкумшудагони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, озод карда мешаванд. Инчунин, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои дигар чазоҳои ҷиноятии таъиншуда, маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:

 

а) занҳо;

 б) шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;

 в) мардони аз синни 55-сола боло;

 г) маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва 3, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои сил;

 д) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангиӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин, шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд;

 е)шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, РСС Тоҷикистон сарфароз гардонда шудаанд;

 ё) шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳали хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷойи хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд, ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ, ё усули дигар саркашӣ кардаанд;

 ж) шаҳвандони хориҷӣ».

 

Воқеаҳои ахири вилояти Суғд, ба хусус тирпаррониҳое, ки дар маркази ноҳияи Исфара байни кормандони мақомоти қудратӣ ва афроди мусаллаҳ сурат гирифт, муаллифи мақолаи «Ҷанг дар Суғд-2: ҳамаи роҳҳо ба Тошканд мебаранд!» дар ҳафтаномаи «СССР»-ро хеле ҷиддӣ ба ташвиш овардааст. Ӯ дар оғози мақолааш менависад, ки «садои тире, ки дар Исфара ҳафтаи гузашта баланд шуд, реша бар умқи пайдоиш ва инкишофи аҳзоби иртиҷоӣ дар вилояти Суғдро дорад. Вилояте, ки тамомии ҷумбишу ҳаракатҳои иртиҷоиаш як сӯ мекашанд: Ба Тошканд!». Дар идомаи мақолааш муаллиф мушаххасан аз ин ҳаракату созмонҳо ном мегирад: Ҳаракати Исломии ӯзбекистон (ҲИӮ), Ҳмзбуттаҳрир, Байъат, Салафия, Ваҳҳобия. Дар як ҷои дигари мақолааш муаллиф саршиностарин динишмандони улуми исломии кишвар эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзоро бораи дар қиболи ин қазия хомӯшӣ гузидан сахт мавриди мазаммат қарор додааст.

 

Ҳафтаномаи «Миллат» посухҳои генерал-майор Абдулло Назаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Тоҷикистонро ба суолҳои хабарнигорон дар ҳошияи Форуми роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои минтақа, ки 3-4 ноябр дар Душанбе баргузор гардида буд, нашр кардааст. Дар посух ба суоле, ки дар бораи мурда ва ё зинда будани полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев матраҳ шудааст, ӯ чунин изҳор дошт: «Агар мехоҳед воқеъиятро бидонед, пас он ин аст, ки ман ба ростӣ дар мавриди мурдаву зиндаи ин одам сӯҳбат карданро лоиқ намедонам. Барои ниҳоди мо дигар ӯ як ҷасад аст. Касе, ки ватани худро фурӯхт, савгандеро, ки ба президент ва қонунӣ асосӣ дода буд, зери по кард, хост балво барпо кунад ва шармандавор фирор кард, касе нест, ки одам бихоҳад дар мавриди ӯ сӯҳбат кунад. Ӯ барои мо дар тамоми абъод мурдааст».

 

Донишманди сиёсатшинос, профессор Абдул Каримов дар мақолаи хеш «Парлумони фармонбардор. Хоболудии он ба нафъи кист?», ки дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» чоп шудааст, мавзӯи Маҷлиси намояндагон ва интихоботи парлумонии қарибалвуқӯъро мавриди таҳлил қарор додааст. Ӯ азҷумла менависад: Панҷ соли ахири фаъолияти депутатҳоро таҳлил кардам. Аксарияти қонунҳо аз тарафи ҳукумат, қисме аз Санкт-Петербург омода мешаванд. Ин ба сифати кори Маҷлиси намояндагон рангу борӣ мусбӣ намеорад. Аксари депутатҳо аз паси ободии хонаи хеш ба тиҷорат, корҳои ба шаъни депутат нолоиқ машғул ҳастанд.

 

Имрӯзҳо бисёре аз онҳо дари идораҳои ҳукуматҳоро охурча карда, хоҳиш доранд, ки бори дигар эшонро дастгирӣ намоянд. Қисми дигаре тамоми вуҷуди хешро сарф карда истодаанд, ки номзадияшонро аз ҳизби-халқи демократи пешниҳод намоянд. Чунин тарзи интихоби депутат на Ҳукумат ва на мардумро ба мақсад намерасонанд. Муаллиф барои шаффоф ва мунсифона доир намудани интихобот ба ҳукуматдорон якчанд маслиҳати муфид медиҳад.

 

Азҷумла менависад, ки «…пешпардохти пули номзадҳо ба миқдори 8 ҳазор сомонӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон гарон аст. Шахси лаёқатманд, сазовор бисёр аст, вале буҷети оилавиаш ба чунин кор намерасад. Ҳизбу созмонҳо дар чунин ҳолат боз ба пулдорон муроҷиат мекунанд, то ин ки онҳоро ба депутатӣ пешниҳод кунанд…Дар сурати ҳал нашудан боз ҳамон пулдорон корпуси депутатиро мшғол хоҳанд кард. Чунин рафтор дилсардии шаҳрвандонро ба вуҷуд меорад, вазъияти ҷомеъа муташанниҷ мегардад».

 

Нашрияи ҲНИТ «Наҷот» бошад, чопи асари навбатии Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, раҳбари маънавии ҲНИТ «Рисола дар баёни ғино ва мусиқӣ»-ро шурӯъ аз ҳамин шумора оғоз кард. Дар сарсухани мақолааш Муҳаммадшариф Ҳимматзода азҷумла менависад, ки «шариат ҳаргиз ғаризаи инсониро аз байн намебарад, балки онро танзим мекунад ва ба ҳадди васат ва эътидол меоварад. Пас ғино ва мусиқӣ агар муҳаррики ғаризаи шаҳвонӣ ва фисқу фуҷур ҳамроҳ бо хамр ва рақс бошад ва инчунин он маҷлис василаи муҳаррамот ва воқеъ шудан дар мункарот ва ё ғофил шудан аз воҷибот гардад, дар чунин ҳолат метавон бар таҳрими он ҳукм кард. Ва аммо дар ҳолати муҷаррад будани он аз чунин муҳаррамот, чаро инсон дар доираи истифода аз тайибот ва бо риояи васатият нафси худро нишот ва роҳат набахшад?».

 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ