12:09:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Рӯзи матбуоти озод: Нигарониҳо ва умедвориҳо

Ҳафтаи гузашта рӯзноманигорони тоҷик дар Кохи Ваҳдат ба муносибати бузургдошти "Рӯзи байналмилалии матбуоти озод" бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Шӯрои ВАО-и ҶТ, Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари САҲА дар ҶТ, Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар ҶТ, Филиали Интернюс Нетуорк дар ҶТ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ Конференсияи ҷумҳуриявиеро таҳти унвони "Дастовардҳо ва мушкилоти озодии ВАО дар Тоҷикистон" баргузор намуданд.

2-matbuot 655656Дар он намояндагони ВАО, мақомоти давлатӣ, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ дар пойтахти кишвар ширкат варзиданд. Дар аввали ҳамоиш бо лаҳзаи сукут хотираи қурбониёни роҳи озодии сухан дар Тоҷикистон гиромӣ дошта шуд.

Дар сухани муқаддимавии худ Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ иброз дошт, ки бори аввал "Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод" 3-юми май дар пойтахти Намибия таҷлил гардид ва аз соли 1993 бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид расман 3-май Рӯзи матбуоти озод ва дигарандеш эълон гардидааст. Дар Тоҷикистони азизи мо бошад он аз соли 2001 ба ин сӯ пайваста таҷлил мегардад.

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар суханронии худ аз он ибрози нигаронӣ кард, ки ба назари ӯ дар рӯзноманигории муосир принсипҳои асосии журналистика аз байн рафта истодааст. Ӯ инро хатари бузурге ба журналистикаи тоҷик ҳисоб кард. Ба гуфтаи ӯ имрӯз дар инъикоси воқеаҳову ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳон мегузаранд, рӯзноманигорни мо на ҳамчун воқеъанигор, балки ба афсар, ба силоҳ табдил шудан доранд.

"Хатари аз байн рафтани принсипҳои асосии журналистӣ дар инъикоси воқеъаҳо моро таҳдид дорад. Мо мебинем, ки манфиатҳои милливу давлативу ҳукуматӣ аз манфиатҳои принсипҳои журналистика болотар баромадан доранд. Ин хатар ба худи журналистика ҳаст, ки мо бояд дар оянда ин чизро ба назар гирем. Дар ҳама ҳолат кӯшиш кунем, ки чизи асосӣ, объективизмро аз даст надиҳем"-мегӯяд ӯ. Масалан дар инъикоси воқеаҳои Украина ва Русия мо объективизмро намебинем. Воқеаҳо яктарафа инъикос мегарданд. Мо набояд ба ин роҳ диҳем. Бояд фикру андешаҳои ҳама ҷонибҳо шунида шавад ва инъикос гардад. Қазоватро худи хонанда бояд кунад.

Сипас мушовири Дафтари САҲА дар Душанбе Эвал Отт ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии матбуоти озод табрик кард ва аҳамияти ин рӯзро дар густариши гуногунандешиву озодбаёнӣ дар ҷаҳон таъкид намуд.

3-matbuot_655656.jpgАҳли нишаст Нуриддин Қаршибоев-раиси АМВАОМТ- ро, ки аз сӯи созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" ба қатори "100 қаҳрамони иттилотӣ" дохил карда шудааст, табрик намуданд. Дар навбати худ бо ибрози миннатдорӣ Нуриддин Қаршибоев афзуд, ки Рӯзи байналмилалии матбуоти озод имсол дар ҷаҳон таҳти шиори таъмини амнияти фаъолияти хабарнигорон, волоияти қонун ва таъмини ваҳдати ҷомеаи рӯзноманигорӣ мегузарад.

Аз ин рӯ рӯзноманигорони тоҷикро низ лозим аст, ки дар ин самт иқдом намуда ба қатори рӯзноманигорони кишварҳое, ки дар он матбуот озод аст, шомил шаванд. Нуриддин Қаршибоев ибрози таассуф кард, ки тибқи гузориши ташкилоти байналмилалии "Фридом Ҳаувз" Тоҷикистон имсол дар руйхати кишварҳое, ки матбуоташон озод аст, як зина поён фаромадааст. Сабаби инро ӯ дар парвандаҳои судие, ки соли гузашта нисбати рӯзноманигорн ва нашрияҳо боз шуда сару садоҳоеро ба бор оварда буданд, тахмин зад.

Дар идома Саймуддин Дӯстов, раиси Шӯрои муҳаррирони нашрияи "Нигоҳ" дар мавзӯи "Риояи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон дар амалияи рӯзноманигорӣ" суханронӣ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки суханрониашро дар асоси пурсиш ва суҳбат бо журналистони хабарсоз, коршиносону тадқиқотчиёни соҳа, муҳаррирону сармуҳаррирони ВАО, новобаста аз шакли моликият, сиёсати редаксионӣ, забони нашр ва мансубияти ҳизбӣ таҳия намудааст.

Ба назари Дӯстов қонунгузорӣ дар соҳаи матбуот дар ду соли ахир беҳтар шудааст, вале он мисли дигар соҳаҳо ба тавру бояду шояд иҷро намешавад. Сабабҳо гуногунанд, вале аксарияти ҳамсуҳбатони мо авлавийят надоштани иҷрои талаботи қонун барои ҳукумати иҷроияро омили асосӣ унвон карданд, мегӯяд ӯ.

4-matbuot 655656Муҳлати серӯзаи пешниҳоди иттилооти фавриро аксарияти журналистони хабарсоз ва сармуҳариррон дастовард меноманд, вале чанд нафар аз пешоҳангони ин самт таъкид намуданд, ки ба муносиботи инфиродии бидуни истифода аз дархостҳои хаттӣ авлавият медиҳанд. Зеро муҳлати серӯза дар муҳити зуд-зуд тағйирёбанда хеле зиёд аст. Сифати пешниҳоди иттилоъ ҳамоно мелангад, вале тамоюли рушди он, хоса дар расонаҳои тоҷикӣ умедворкунанда мебошад.

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва публисист дар суханронии худ бо ишора ба мавзӯи объективизм дар инъикоси воқеаҳо гуфт, ки дар ҳамаи давру замонҳо, ҳатто онҳое, ки худро пуштибони матбуоти озод меноманд, вақте манфиати ватан ва кишварашонро дар хатар мебинанд, аз объективизм сарфи назар менамоянд ва ин мантиқан андешаи дуруст ва солим аст.

Усмоналӣ Холиқов, корманди Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсия иброз дошт, ки мутаассифона на ҳама интиқодоти хабарнигорони тоҷик созанда, саҳеҳ ва беғаразона ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ ба назар мерасад, ки рӯзноманигорон гоҳҳо бидуни санҷидани дурустии ин ё он ҳодиса, матлаб нашр мекунанд. Усмоналӣ Холиқов ба унвони намуна аз чанд расона ва чанд хабарнигор ном бурд ва гуфт:

"Бинобар ин гумон мекунам ба хотири гарм кардани бозори худ ва ҷалби харидорон, набояд рӯзноманигорон ба ин гуна амалҳо даст зананд. Зеро ҳарфи дурӯғ ба тӯҳмату таҳқир бурда мерасонад". Дар баҳсу мунозирае, ки дар ин конференсия байни намояндаи Прокуратураи генералӣ ва хабарнигороне, ки ӯ аз онҳо ном гирифт ба амал омад, ҳақиқат то андозае ошкор шуд. Ҳақиқат ин буд, ки ҳарду ҷониб ба хотири инъикоси ҳақиқат ва воқеият ҳамкории қавие бояд дошта бошанд.

5-matbuot 655656Рустами Ҷонӣ, директории генералии "Ориёно-Медиа" дар оғози суханронии худ дар мавзӯи "Мушкилоти дифоъ аз ҳуқуқи ВАО дар мақомоти судӣ" ба ҳозирин хабар расонд, ки нашрияи "Имрӯз нюс" аввалин 10 ҳазор сомониро аз 50 ҳазор сомоние, ки дар натиҷаи муҳокимаи як парвандаи ҷиноӣҷарима шуда буд, ба суратҳисоби даъвогар Рустам Ҳукумов гузаронд. "Мо агарчи ба ҳукми додгоҳ розӣ нестем, аммо иҷро намудани талаботи қонунро ҳатмӣ медонем", гуфт Рустами Ҷонӣ ва афзуд, ки "бо вуҷуди ин душвориҳо ва мушкилот ҳаргиз мо аз роҳи интихоб намудаи хеш, ба хусус талаби риояи адлу инсоф дар ҷомеъа пас нахоҳем гашт".

Дар хатми конференсия ба як қатор рӯзноманигорон ҷоизаҳои таъсиснамудаи созмонҳои журналистии кишвар дода шуд. Чунончи ифтихорнома ва ҷоизаи "Падидаи сол" аз сӯи созмони "Медиа алянс" ба директории генералии "ТоҷикТА" Ҷамшед Ӯлмасов тақдим гардид. Ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ "Барои касбият"-ро ба хабарнигори хабаргузории Рейтер Роман Кожевников, ҷоизаи ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев "Барои шуҷоат"-ро ба хабарнигори ҳафтаномаи "Фараж" Ҷамила Мирбозхонова, ҷоизаи "Беҳтарин блоггер"-ро ба рӯзноманигор аз Хуҷанд Рустам Гулов, ҷоизаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба номи Пайванд Гулмуродзода барои тадқиқот дар бахши илм ва публисистика дар соли 2014 ба сармуҳаррири ҳафтаномаи "Рӯзгор" Султони Ҳамад, ҷоизаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба номи Ҷумъа Толибро дар бахши беҳтарин тадқиқоти журналистӣ ба Гулафшон Соқиева, корманди Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар ҶТ ва ҷоизаи беҳтарин мақоларо дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба рӯзноманигор Илҳомҷон Аюбов лоиқ донистанд.

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi