ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?
«Бештар аз се ҳафта аст, ки дар бештари манотиқи навоҳии водии Ҳисор тамоман барқ дода намешавад. Мегӯянд, ки сабаби ин таъмири хатҳои интиқоли барқ аст. Агар сабаб таъмир бошад, пас чаро дар фасли гармо ин амал анҷом дода нашуд?»,- навиштааст дар шумораи ахири худ нашрияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ». Масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли барқ ба манотиқи деҳот тибқи фармони раиси ширкати «Барқи тоҷик» имрӯз мавзӯи доғи расонаҳои хабарии Тоҷикистон, азҷумла ҳафтаномаҳо гардидааст.
Ба пурсиши ҳафтаномаи «Нигоҳ» «Оё ба низоми энергетикии Тоҷикистон эътимод доред?» коршинос Парвиз Муллоҷонов рӯйирост гуфтааст, ки «эътимод карда наметавонад, зеро он таҷҳизоте, ки дар замони шӯравӣ доштем, кӯҳнаву фарсуда шудаанд ва маблағ барои нав кардани онҳо дар кишвар нест».
Раҳбари асотсиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёна Матлуба ӯлҷабоева низ дар посух ба ин суол гуфтааст, ки «аз низоми феълии энергетикии кишвар розӣ буда наметавонад… Шабакаҳои гармидиҳӣ бояд аҳолиро бо гармӣ таъмин кунанд, он гаҳ барқ сарфа хоҳад шуд». «Баъди аз системаи энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ хориҷ шудани ӯзбекистону Қазоқистон, дар ин ҷода проблемаҳо ба вуҷуд омаданд»,- омадааст дар посухи Мирзошариф Исломиддинов, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Дар посухҳо ба суоли ба ҳамин монанди ҳафтаномаи «Наҷот» коршиносону таҳлилгарон бештар сари масъалаи тақсимоти одилонаи барқ ба мардуми кишвар ҳарф задаанд. Ба гуфтаи Рустами Ҷонӣ, директори радиои «Имрӯз» дар бесарусомониҳои рӯзҳои ахир дар масъалаи интиқоли барқ танҳо ширкати «Барқи тоҷик» гунаҳкор аст. Зеро то ҳоло масъулини «Барқи тоҷик» мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро нагуфтаанд, ки дар фасли сармо ба аҳолӣ чӣ қадар барқ дода метавонанд».
«Озодагон» низ дар мақолаи «Барқи тоҷик» Тоҷикистонро бебарқ кард» навиштааст, ки нахустин сардиҳои зимистон маълум намуд, ки мардум ин зимистон ҳам ранҷи бебарқӣ хоҳанд кашид».
Ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» ҳафтаи дуввум аст, ки бо имзои сардабири тозатаъйиншуда, журналисти варзидаи кишвар Сафват Бурҳонов ба нашр мерасад. Ба назар мерасад, ки масъалаи инъикоси мавзӯи ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ дар маркази таваҷҷӯҳи ҳайати эҷодии ин нашрия қарор гирифтааст. Хабари ба қатл расидани боз ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ва гузориши хабарнигори ҳафтанома аз фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дар хусуси ба Тоҷикистон баргаштани мардикорони маъюб ва интиқоли фавтидагон аз матолиби асосии ин шумора ба ҳисоб мераванд.
Ҳафтаномаи «СССР» дар мақолаи «Ҷанг дар Суғд-3: Тошканд шикасти Маҳмудашро фаромӯш накардааст» ба воқеаҳои 11 сол пеш, ҳуҷуми Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд руҷӯъ кардааст.Дар мақола азҷумла омадааст:
«Расо 11 сол муқаддам, аввали моҳи ноябри соли 2008 полковники балвогари қӯрғонтеппагӣ Маҳмуд Худойбердиев бо зархаридони ӯзбеки худ, тавассути қаламрави ӯзбекистон ба вилояти Ленинобод ҳуҷум кард. Ин шабу рӯз собиқ раиси кумитаи ҷавонони вилоят, раёсати бузургтарин вилояти саноатии кишварро бар дӯш дошт. Ва ин ҳукумат собит кард, ки пурра корношоям ва фалаҷ будааст! Зеро на пулис, на мақомот ва на мардуми маҳаллӣ ба дифои марзу буми Ватан барнахост ва юришгарон озоду роҳат вилоятро ғасб карданд… Пас аз 10 сол, ҳине ки газетаи СССР бо як суол ба мардуми некноми Хуҷанди бостонӣ муроҷеъ шуд, ки «Чаро тоҷикони хуҷандӣ ба дифои марзу буми хеш барнахоста буданд?», чанд бародари мастчоҳии мо тавассути телефону номаҳо ба мо гуфтанд:
Мастчоҳиён хостанд бар дифои Ватан бархезанд, вале ҳукуматдорон садди роҳ шуданд ва гуфтанд, ин кори шумо нест!?».
«Фараж» дар мақолаи «Қисмати се генерал», ки ба қалами журналисти пажӯҳишгар Нуралӣ Давлат тааллуқ дорад, саргузашти қумандонҳои собиқ Фронти халқӣ ва Иттиҳоди Мухолифин Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва Маҳмадрӯзӣ Искандаровро барои хонандагон бори дигар пешкаш намуда чунин масъалагузорӣ мекунад:
«Хуб мешуд агар мо онҳоеро, ки барои ширкат дар ҷанги шаҳрвандӣ маҳкум шудаанд, озод мекардем. Аксари онҳо инсонҳои аз лиҳози сиёсӣ бесавод буданд. Ва шояд бештари эшон танҳо фармон иҷро карда бошанд. Яъне масъулияти роҳбарии низомӣ ва сиёсиро надоштанд. Албатта, дар ин зимн аз онҳое, ки мавҷудияташон дар озодӣ барои ҷомеа хатар дорад, бояд истисно кард».
Нашрияи «Ҷомеа» таҳти унвони «Аҳзоби сиёсӣ ва интихоботи парламентии Тоҷикистон» мизи мудавваре доир намудааст, ки натоиҷи онро дар шумораи ахири хеш пешниҳоди хонандагони арҷманд кардааст. Дар ин мизи гирд асосан намояндагони Ҳизби коммунист ва ҲНИТ ширкат варзида ба суолҳои таҳлилгарону хабарнигорон посух гуфтаанд.
«Рӯзгор»