01:36:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

«Генерал Қосимов! Магар вақти истеъфои мардона нарасидааст?» чунин ном дорад матлаби сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атоуллоҳ, ки дар саҳифаи нахустини нашрия ба чоп расидааст. Дар ин мақолаи худ хабарнигор вазъи имрӯзаи футболи тоҷикро ба риштаи таҳлил кашида ба хулосае меояд, ки «муваффақияти футболи тоҷик дар муқоиса ба фуболи узбек, аниқтараш танҳо дар муқоиса бо дастаи «Бунёдкор»-и Бухоро ба ҳеҷ баробар аст. Пас чӣ ҳоҷат аст, ки дар курсии райисии федератсия ҳатман бояд қумондони собиқ бошад?».

Рӯзноманигори ҳафтаномаи «СССР» Сафват Бурҳонов бошад дар памфлети хеш, ки «Номаи сипос ба Ислом Каримов» ном дорад, дар либоси танзу ҳаҷв аз сиёсати пешгирифтаи Тошканд дар қиболи Тоҷикистон сухан гуфтааст. Бо навиштаи хабарнигор «рӯзи 09.11. 2009 дар таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои сип-сиёҳи тип-торик сабт гардид. Дар ин рӯз «дӯсти №1»-и тоҷик, уртоқ Ислом Каримов боз ба «диверсия» даст зада Тоҷикистонро бе барқ монд. Усулан аз системаи воҳиди энергетикӣ баромадани Тошканд, танҳо барои чанд соат бе барқ мондани кишвари моро надошт. Муҳандисони ҳамсоякишвар кӯп яхши диверсия андешида буданд, ки бар асари басташавии система бояд дар ГЭС-и Норак инфиҷор ба вуқӯъ мепайваст ва агрегатҳои истеҳсоли барқи ин нирӯгоҳ таркида, барои дарозмуддат аз кор мемонданд. Дар натиҷа Тоҷикистон мувоҷеҳ ба бузургтарин бӯҳрони барқӣ дар таърихи худ мешуд…».

Ҳафтаномаи «Озодагон» таҳти унвони «Шумо ба зимистон омодаед?» нуқтаи назари чанд нафар хонандаи хешро пешкаши алоқамандони нашрия намудааст. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҶТ дар посух ба ин суол чунин гуфтааст:

«Вобаста ба воқеаи хомӯш шудани барқ, ки бародарони мо, ҳамсояҳо ба анҷом расониданд ва як бори дигар мехоҳанд, ки моро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ кунанд, мо бояд якҷоя дида, кор карда бароем, ки масъала дуруст фаҳмонида шавад… Бо кадом роҳе, ки набошад, мо бояд дар ду-се сол НОБ-и Роғунро созем. Он вақт мо аз муҳосираи энергетикӣ озод мешавем. Дигар чорае надорем. Фақат ба мардум дуруст фаҳмонидан лозим аст.Ҷойи нангу номус аст ва мо муроҷиатнома қабул кардем баҳамаи кормандони соҳаи маориф, ки дар саҳмгузорӣ ба бунёди НОБ-и Роғун омодаем». Аммо муаллим Ҳабиб Назаров дар посухи худ ба ин савол гуфтааст, ки «аввалан бо 180 сомонӣ моҳонаи муаллимӣ чӣ тавр метавонӣ, ки ба зимистон омода гардӣ. Дигар ин ки дар хонаи баландошёна омода шудан имкон надорад. Ҳавлидорҳо бо ҳар роҳ ҳезуму ангишт мехаранд ё пайдо мекунанд. Мо танҳо умед ба Худо мебандем, ки зимистон сарди бад наояд».

Рӯзи 18-уми ноябри соли 1994 нахустин шумораи «Дайджест-пресс» яке аз аввалин нашрияи хусусӣ даврони истиқлол аз чоп баромад, ки муассиси он раҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Чархи гардун», журналисти шинохтаи тоҷик Акбаралӣ Сатторов буд. ӯ дар сӯҳбати ихтисосии худ бо хабарнигори ҳафтаномаи «Пайкон» дар баробари омилҳои бурду бохти ин бузургтарин ширкати иттилоотии кишвар инчунин аз мушкилоти он низ сухан ронда, аз ҷумла гуфтааст:

«Боз як бори дигар мегӯям, ки ҳамаи бадбахтии журналистикаи тоҷик набудани як савдои хурду миёна ҳаст. Вақте рекламе нест нашрияҳо бисёр қашшоқанд. Ман теъдоди ҳамаашонро медонам. Медонам, ки кӣ чанд пул меёбад. Лекин пули ягон касро ҳисоб намекунам. Фақат ҳамин чизро мегӯям, ки ҳама мушкилоти ҳамдигарсияҳкунӣ дар матбуот сари маблағ аст. Бозор хуб бошад, хонандаи хуб бошад, ҳар кас хонандаи худашро ёфта метавонад».

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Чархи гардун» дар шумораи навбатии худ хабар додааст, ки «ҶДММ «Чархи гардун» бо созмони «Ҳамшаҳрӣ»-и Ҷумҳурии Ислоимии Эрон гуфтушунид анҷом дод ва минбаъд намояндагии ҳафтанома дар дафтари ҳамин рӯзномаи бонуфузи Эрон дар Теҳрон қарор хоҳад гирифт. Ба иттилои Ҳамиди Каёнӣ масъули равобити умумии созмони «Ҳамшаҳрӣ» қисмати ин созмон ба фаъолияти «Чархи гардун» хеле монанд аст. «Ҳамшаҳрӣ» низ дар оғоз танҳо як рӯзнома буд, аммо дар муддати кӯтоҳ тавонист ҳаводорони хешро дучанд афзоиш дода, теъдоди нашрияҳои хешро зиёд намояд».

Сардабири ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» дар матлаби «Салом азизон», ки ба хонандаи хеш муроҷиат кардааст, масъалаи хеле муҳим- ислоҳоти системаи мақомоти судиро ба миён мегузорад. ӯ аз ҷумла менависад: «Ба фикри ман тоҷик бояд имрӯз коре кунад. Коре бикунад, ки оянда аз он оғоз ёбад. Бас аст дар як ҷо қадам задан. Ибтидои роҳ бояд аз адолати воқеии судӣ оғоз ёбад. Суд воқеан ҳокимият бошад. Бояд ҳар инсон дар Тоҷикистон ба суду судя бовар кунад. Имрӯз ман шахсан наметавонам на ба системаи судӣ на ба судя бовар кунам. Чӣ ҳоҷат, ки соҳибкори хориҷӣ? Чӣ гуфта сармояи байналмилалӣ сӯи мо ояд? Вақте ки кафолати амну адл нест? Барои ин сохтори судӣ пурра реформа шавад. Дар навбати аввал музди меҳнати судяи тоҷикистонӣ ба судяи Англияву Германия баробар шавад, зиндагиаш пурра ба таъминоти давлатӣ гузарад».

Ҳафтаномаи «Миллат» дар пурсише таҳти унвони «Интихобот кай баргузор шавад?» муносибати лидерҳо, намояндагони ин ва ё он аҳзоб ва умуман шаҳрвандони Тоҷикистонро доир ба пешниҳоди Раҳматилло Зоиров Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон оиди ба вақти дигар гузарони дани интихоботи парлумонӣ донистанӣ шудааст. Аз ин пурсиш чунин бармеояд, ки Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Кароқулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Муҳаммадшариф Нозимов, муовини раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо ин пениҳод мувофиқ нестанд. Танҳо Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз номи ҳизб мувофиқати хешро бо пешниҳоди Раҳматилло Зоиров иброз доштааст.

«Вай имрӯз 71-солагии худро дар мулки ғарибӣ истиқбол мегирад, ҳеҷ маҳал маънои онро надорад, ки Бозор Собир 71 соли дигар умр мебинад. Дареғо, ки ӯро низ чун Лоиқ ёд хоҳем кард. Китобу осорашро хоҳу нохоҳ баъди 20, 30, 40 ё… соли дигар ба таври куллиёте интишор медиҳем. Чӣ кунем, ки ҳамин гуна халқи зиндабезору мурдапарварем»-, омадааст дар мақолаи Набиюллоҳи Суннатӣ «Бозор Собир-бозори армон», ки дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба муносибати зодрӯзи ин шоири шӯҳратманди аз ватан дури тоҷик ба нашр расидааст. 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi