09:35:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30  

ҚАРОРИ № 610: МАНФИАТАШ БЕШТАР АСТ Ё ЗИЁН?

«Дастрасӣ  ба иттилоот-гарави шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ» чунин ном дошт мавзўи сӯҳбати «Мизи мудаввар», ки бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), ва Ассосиатсияи воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (ТоҷАНЭСМИ) дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Душанбе 14-и декабри соли 2009  дар толори ИЖТ баргузор гардид. 

Сӯҳбати «Мизи мудаввар»-ро бо сухани муқаддимавӣ Акбаралӣ Сатторов, раиси ИЖТ ва Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ ҳусни матлаъ бахшиданд. Сипас профессори Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия Абдусаттор Нуралиев  дар мавзӯи мавриди баҳс барои ҳозирин ахбороти муфассале ироа кард. 

Ӯ дар хусуси падидаҳои мусбате, ки ахиран дар ҳаёти васоити ахбори оммаи кишвар дар масъалаи дастрасӣ ба иттилоот ба вуҷуд омаданд, азҷумла сари ҳар чанд вақт барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ нишастҳои матбуотӣ доир кардани раҳбарони вазоратхона ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ, инчунин мавриди амал қарор гирифтани Амри рақами 622-и Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидиву таҳлилии ВАО» сухан ронда, қайд намуд, ки ин  падидаҳо  барои ворид шудани дигаргуниҳои мусбат дар матбуоти мо мусоидат карданд. 

Ҳамзамон ӯ аз қабул шудану мавриди иҷро қарор гирифтани қарори №610-и Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 «Дар бораи тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст»» ибрози нигаронӣ кард. Ба гуфтаи профессор Абдусаттор Нуралиев талаби маблағ барои додани иттилоот аз сӯйи ниҳодҳои ҳукуматӣ метавонад мушкилотеро барои хабарнигорон дар масъалаи дастрасӣ ба иттилоот эҷод намояд. 

Дар ҳамин ҳол Маҳмуд Сараев, ходими шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар ин сӯҳбат дар мавзӯи «Қонунҳо ва зерсанадҳои ҳуқуқӣ, ҳамчун кафолати дастрасӣ ба иттилооти расмӣ» суханронӣ намуд, ин нигарониҳои аҳли қаламро бепоя хонд. Ба гуфтаи ӯ маблағ танҳо барои иттилооте талаб карда мешавад, ки барои омода сохтани он вақт ва ҳам имкониятҳои моддӣ ба кор аст.  Масалан, иттилоте, ки аз бойгониҳо гирифта мешаванд, ҳамин гуна иттилоотро ташкил медиҳанд ва барои чунин иттилоот маблағ талаб карда мешавад. 

Дар сӯҳбати «Мизи мудаввар» ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар Раҳматилло Зойиров қарори мазкури ҳукуматро ба риштаи таҳлили ҳуқуқӣ кашид. Ба гуфтаи ӯ калимаи «ҷуброн» дар номи қарор ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам аз ҷиҳати услубӣ мувофиқат намекунад. Ба ҷои он агар аз калимаи «пардохт» истифода мешуд, беҳтар мебуд. Карори мазкур дар мутобиқат бо  қисми 4-уми моддаи 15-уми Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» қабул шуда бошад ҳам, вале дар  12 маврид  байни қонун ва қарор ихтилоф мавҷуд аст,- гуфт дар суханрониаш Раҳматилло Зойиров. 

Дар ҷараёни мубоҳиса ва мунозирае, ки дар хатми ҷаласа ба   вуқӯъ пайваст, журналистони шинохтаи кишвар Наргис Зокирова, Раҷаби Мирзо, Санҷар Ҳомидов, Иззатманд Саломов,  Мӯсо Асозода,  Мухтор Боқизода, Абдуфаттоҳ Воҳидов, Султони Ҳамад ва дигарон суханронӣ намуда барои ҳаллу фасл намудани мушкилоти ба вуҷудомада  пешниҳодҳои ҷолибе ироа намуданд. 

Ширкаткунандагони «Мизи мудаввар» ба хулосае омаданд, ки фаъолияти хешро тибқи қонунҳои мавҷудаи кишвар дар соҳаи матбуот вусъат бахшида, дар оянда низ чунин кӯшишу талошҳоро барои рафъи мушкилот кори рӯзноманигорӣ ба харҷ хоҳанд дод. Дар сӯҳбати «Мизи мудаввар» Михаэл Унланд, намояндаи САҲА дар Душанбе ширкат ва суханронӣ намуд. 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/1313-karori-610-manfiatash-beshtar-ast-yo-ziyon.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi