06:36:41 14-уми Июли 2026 сол

Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик

Таърихи рӯзноманигорӣ, публисистика ва омӯзиши хабарнигорӣ дар Тоҷикистон бо номи устод Пайванди Гулмуродзода иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳарчанд устод дар айни камолоти илмию эҷодӣ ҷаҳонро падруд гуфтанд, тавонистанд рисолати муқаддаси хеш – хидмат дар роҳи илму маърифат ва тарбияи насли ҷавони рӯзноманигорро бо сарбаландӣ ва садоқат ба анҷом расонанд. Осори илмӣ, публисистӣ ва фаъолияти донишгоҳии эшон то имрӯз барои муҳаққиқону омӯзгорони ҷавон чун чароғи раҳнамо хидмат мекунад.

payvandi_gulmurodzoda_89655422654545Агарчи бо устод ҳамкории тӯлонӣ надоштем, он муҳлати кӯтоҳе ки бароям шарафи ҳамкорӣ бо эшон насиб гардид, кофӣ буд, то ӯро ҳамчун инсони самимӣ, ҷасур, кушодарӯ, хушбин ва дорои қалби бузург бишносам.

Ӯ ба унвони сарвари донишкадаи рӯзноманигорӣ на танҳо роҳбар, балки устоди асилу воқеъӣ буд. Ба ҳар як корманд, бахусус омӯзгорону ҳамкорони навкор муносибати боэҳтиром ва инсонпарварона дошт. Дар лаҳзаҳои душвор ҳамеша рӯҳбаланд мекард, бо маслиҳатҳои судманду насиҳатҳои падарона роҳи ҳалли мушкилотро нишон медод ва барои пешрафти ҳамкорон пайваста мекӯшид.

Пайванди Гулмуродзода дар умри на чандон тӯлонии худ бо фаъолияти пурсамару созандааш ҳамчун рӯзноманигор, публисист ва ношир тавонист дар рушди матбуоти тоҷик саҳми арзанда гузорад. Вақте имрӯз навиштаҳои ӯро варақ мезанем, ҳар як асараш бо таҳлили амиқ, андешаҳои наву мустақил, мавқеъи устувори муаллиф нисбат ба масоили гуногун ва пеш аз ҳама, рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ фарқ мекунад.

Тавре маълум аст, яке аз самтҳои муҳимми таҳқиқоти илмии устод Гулмуродзода омӯзишу пажӯҳиши публисистика ва осори маорифпарварони ибтидои асри ХХ мебошад. Ин рӯзҳо дар натиҷаи пешрафти фанновариҳои иттилоотӣ дастрасӣ ба мероси адабии публисистон, аз ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳои давраи зикршуда, бамаротиб осон гардидааст, вале дар замоне ки устод ба мутолиаи ин мероси нодир пардохта буд, пайдо ва дастрас кардани чунин манобеъ кори басо душвор маҳсуб меёфт. Бо ин ҳама ин мушкилот ҳаргиз садди роҳи фаъолияти илмии ӯ нагардид, зеро Пайванди Гулмуродзода аҳамияти бузурги эҳё ва таҳқиқи илмии мероси маорифпарварони тоҷикро жарф дарк карда, нақши онро дар тарбияи худшиносию худогоҳии миллӣ, бавижа дар шароити ҷаҳонгириш (globalization), бисёр муҳим медонист.

Таҳқиқоти устод Гулмуродзода ба ҷанбаҳои афкори маорифпарварӣ, таърихи пайдоиш ва тавсеъаи матбуоти тоҷик, ҳамчунин нақши он дар бедории миллӣ ва ташаккули андешаи созанда равшанӣ меандозад, ки имрӯз низ барои муҳаққиқон ва донишҷӯёни соҳаи рӯзноманигорӣ аҳамияти хоса дорад.

Ба андешаи пажӯҳишгарон, дар навиштаҳои Пайванди Гулмуродзода андешаҳои маорифпарваронаву равшангароёна ба таври возеҳ эҳсос мешавад. Ба назари мо низ, фаъолияти бисёрқутбии ин устод дар чандин ҳавзаи ба ҳам наздик то андозае зери таъсири ҳамин суннати маорифпарварӣ қарор доштааст, зеро устод Гулмуродзода ҳамонанди Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Саййидризо Ализода ва дигар намояндагони барҷастаи ин ҷунбиш ба унвони публисист, рӯзноманигор ва ношир фаъолият мекард ва ин шабоҳатҳо бешак ба далели таъсири мактаби фикрӣ ва таҷрибаи эҷодии он абармардон аст.

Устод дар хотираи ман имрӯз ҳамчун шахсияте нақш бастааст, ки ҳамеша ба ҷавонон эътимод дошт ва онҳоро ба ҷустуҷӯи ҳақиқат, озодандешӣ ва нотарс будан дар баробари мушкилоти ҳаётию ҳирфаӣ ҳидоят мекард.

Имрӯз, агарчи ӯ дигар дар миёни мо нест, ному ёди некаш чун омӯзгори фидоӣ, муҳаққиқи нуктасанҷ ва инсони наҷиб дар қалби ҳамкорону шогирдонаш бо эҳтирому муҳаббати хос сабт гардидааст.

Мероси гаронарзиши устод Пайванди Гулмуродзода ва хидматҳои арзандаи эшон барои наслҳои оянда намунае аз садоқат дар роҳи пеша, илм ва ҷомеа боқӣ хоҳанд монд.

Рӯҳаш шод ва ёди некаш гиромӣ бод.

Райҳон Соҳибназарбекова, номзади илми суханшиносӣ, донишёр 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ