ҚАРШИБОЕВ: "НАШРИЯҲО ТАНБЕҲ МЕШАВАНД"
Тайи ду ҳафтаи ахир додгоҳҳои шаҳри Душанбе се нашрияи тоҷикӣ ва як нашрияи русизабони пойтахтро ба додгоҳ кашидаанд. Нишасти матбуъотии Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъ дар шаҳри Душанбе ва бозтоби иддаъоҳои ҷанҷолбарангези вай дар нашрияҳо, боъиси озурдагии се қозӣ шуда ва онҳо се нашрияи мустақилли "Asia-Plus", "Озодагон" ва "Фараж"-ро ба додгоҳ кашидаанд.
Ҳудуди ду ҳафта пеш Солеҳҷон Ҷӯраев бо баргузории як нишасти матбуъотӣ ду қозии Додгоҳи Олӣ ва як қозии додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба ришваситонӣ муттаҳам карда буд. Ин се қозӣ нахуст алайҳи оқои Ҷӯраев ва сипас алайҳи бархе аз ҳафтаномаҳо, ки ин нишасти матбуъотиро пӯшиш доданд ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Гуфта мешавад муҳокимаи ин парвандаҳо дар додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи сешанбеи 2 феврал оғоз мешавад.
Бино ба иттилоъи Зафари Суфӣ, сардабири нашрияи "Озодагон", қозиён Фахриддин Додометов, Нур Нуров ва Улуғбек Маҳмадшоев аз ворид шудани хисороти равонӣ ва маънавӣ дар асари он чи "тавҳин ба эътибори шахсӣ, корӣ, шаъну шараф ва номус" хондаанд, шикоят кардаанд.
Оқои Суфӣ гуфт, барои ҷуброни маънавӣ ин қуззот аз се нашрия дар маҷмӯъ 5,5 милиюн сомонӣ ҷарима тақозо кардаанд ва хостаанд, ки ин маблағ ба хазинаи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" интиқол дода шавад.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл "Миллат", нашрияи дигари мустақилро низ Вазорати кишоварзӣ дар иртибот бо мӯҳтавои яке аз матолиби нашршуда дар ин нашрия ба додгоҳ кашида буд. Вазорати кишоварзӣ барои ҷуброни хисороти маънавӣ аз ин нашрия як милюн сомонӣ талаб кардааст.
"Танбеҳи нашрияҳо қабл аз интихобот"
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон, дар робита бо ин қазоё гуфт, ки мақомот дуруст қабл аз баргузории интихоботи порлумонӣ "дар пайи танбеҳи расонаҳо ҳастанд."
Оқои Қаршибоев афзуд: "Ба додгоҳ кашида шудани чаҳор нашрияи мустақил аз сӯйи мансабдорон дар давоми ду ҳафта ба имиҷи (обрӯйи) Тоҷикистон латма ворид мекунад. Чун мо дар остонаи интихобот ҳастем ва ба ин қазияҳо тобиши сиёсӣ додан мумкин аст."
Ин дар ҳолест, ки ба назари оқои Қаршибоев агар ҳадафи қуззот ё мақомоти вазорати кишоварзӣ ислоҳи иштибоҳот мебуд, ин қазияҳо метавонистанд ба марҳилаи муҳокимаи додгоҳӣ нарасида, ҳалли худро пайдо кунанд.
Вай афзуд: "Шикоят ба додгоҳ ҳаққи ҳар шаҳрванд аст, аммо маълум аст, ки тарафҳои шокӣ дар ин қазияҳо мехоҳанд бо истифода аз ин ҳақ нашрияҳоро танбеҳ кунанд ва ҷуброни молии хеле баланде тақозо кардаанд, ки он метавонад нашрияҳоро варшикаста кунад."
Ин фаъоли умури озодии баён аз он нигарон аст, ки ин қазияҳо дар натиҷа мумкин аст ба худсонсурии бештари нашрияҳо ва вахим шудани вазъияти озодии баён дар Тоҷикистон мунҷар шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1646--q-q.html