02:11:30 03-уми Июни 2025 сол

САҲА ҲУКУМАТРО ТАНҚИД МЕКУНАД, РАСОНАҲО САҲА-РО

Дуня Миятович, масъули Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури матбуот, дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, эҷоди маҳдудиятҳо дар кори расонаҳо аз ҷониби ҳукумат ба хотири дур нигоҳ доштани ҷомеа аз иттилоот мебошад. Ин ҳамоиш дар мавзӯъи дастрасӣ ба иттилоот ва фанновариҳои муосир дар шаҳри Душанбе бо ибтикори САҲА ҷараён дорад ва Дуня Миятович гуфтааст, агар ҳукумат ба расонаҳои мустақил басомадҳо барои пахши мавҷи радиоӣ ва ё телевизионӣ ҷудо намекунад, пас далелаш ҳам он аст, ки намехоҳад, ки ҷомеа ба иттилоот дастрасӣ дошта бошад.

 

Маҳмуд Сараев, намояндаи бахши иттилоот дар дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон алоқаманди ироаи басомадҳо ба раоснаҳои мустақил мебошад, вале иҷрои ин кор аз нигоҳи фаннӣ душвор аст, чун дар манотиқи марзӣ басомадҳои Узбакистон низ вуҷуд доранд, ки дар кори расонаҳои маҳаллӣ халал ворид месозанд.

 

Дар ҳамин ҳол, бархе аз расонаҳо ва созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла, Медиа-Алянси Тоҷикистон, ба нишони эътироз дар кори ин нишаст иштирок надоранд. Бархе аз расонаҳои Тоҷикистон дафтари САҲА дар Тоҷикистонро дар муносибати ғайримунсифона бо расонаҳои маҳаллӣ айбдор мекунанд ва мегӯянд, ин созмон ба баъзе расонаҳо авлавиятро қоил ҳаст ва ба бархеи дигар муносибати дуруст надорад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2356-2010-05-25-12-00-20.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854