23:04:58 28-уми Июни 2025 сол

ПИРӮЗИИ ЯК ХАБАРНИГОР ДАР ДОДГОҲЕ ДАР ДУШАНБЕ

Додгоҳ Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки як корманди худро дар симати пешинаш барқарор созад. Зарина Абдулвоҳидова, раиси бахши форсии "Овози тоҷик", родиюи бурунмарзии Тоҷикистон, ки ба забонҳои хориҷӣ барнома пахш мекунад, бо фармони Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, дар моҳи марти соли ҷорӣ аз ин симат барканор шуда буд.

 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баъд аз баррасии шикояти хонум Абдулвоҳидова, ин тасмимро ғайриқонунӣ хонда ва ин ҳукмро содир кардааст, ки ӯ бояд дар симати пешини худ барқарор шавад. Ҳамчунин додгоҳ ҳукм кардааст, ки маъоши хонум Абдулвоҳидова дар ин муддат бояд ҷуброн карда шавад. Зарина Абдулвоҳидова дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки тибқи мусаввабаи додгоҳ вай дубора ба симати раиси бахши форсии родиюи "Овози тоҷик" таъйин шудааст.

 

Вале бархе аз масоили молӣ, ки хонум Абдулвоҳидова аз онҳо низ ба додгоҳ шикоят карда буд, ҳанӯз норӯшан боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, вай пардохти ҳаққи кор дар рӯзҳои таътил ва ҷашниро тақозо карда буд ва додгоҳ кумитаро муваззаф кардааст, ки ҳаққи дусолаи кори вай дар рӯзҳои таътилро бипардозад.

 

Зимнан, ҳимояти ҳуқуқии Зарина Абдулвоҳидова дар додгоҳро Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон бар ӯҳда гирифта буд. Тибқи иттилоъи масъулони ин созмон, барои бори нахуст аст, ки як хабарнигори тоҷик аз нақзи ҳуқуқи худ ба додгоҳ муроҷиъа карда ва пирӯз мешавад. Вале соҳибназарон мегӯянд, ки сӯиистифода аз кори хабарнигорон дар бахшҳои гуногуни Кумитаи давлатии родию ва телевизиюни Тоҷикистон ва дар бархе аз расонаҳои гурӯҳии дигар зиёд мушоҳида мешавад.

 

Аз сӯйи дигар, дар як соли ахир мавориди шикояти ниҳодҳои давлатӣ ба додгоҳ алайҳи матолиби интиқодии хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамакнун шикояти бархе аз қуззоти Тоҷикистон алайҳи се нашрияи мустақил – "Asia-Plus", "Фараж" ва "Озодагон" дар додгоҳ идома дорад. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон низ алайҳи нашрияи "Миллат" ба додгоҳ шикоят бурда буд, вале сарнавишти ин қазия ҳамчунон норӯшан боқӣ мондааст.

 

Соли гузашта "Тоҷикстандарт", ниҳоди нозир бар колоҳои масрафӣ, алайҳи нашрияи мустақилли "Пайкон" ба додгоҳ шикоят бурд ва додгоҳ ин ҳафтаномаро сесад ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Ҳамчунин, мавориди зиёде аз шикоёти мақомот алайҳи худи хабарнигорон мушоҳида шудааст, вале ба гуфтаи соҳибназарон, маъмулан ҷонибҳо муваффақ мешаванд ин қазоёро қабл аз муҳокима дар додгоҳ байни худ бо тавофуқ рафъ куанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2674-2010-07-14-14-47-59.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ