03:35:12 29-уми Июни 2025 сол

РӮЗНОМАИ "ИМРӮЗ NEWS" НАШР МЕШАВАД

Таҳти унвони "Имруз News" як рӯзномаи хабарию таҳлилӣ дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Раҷаби Мирзо, сардабири ин нашрия мегӯяд, дар ҳоли ҳозир омодагӣ барои нашри шумораи нахустини он идома дорад. Раҷаби Мирзо мегӯяд, ки ҳайати кормандони худро дуруст кардааст ва идораи рӯзнома ҳам мушаххас буда танҳо ҳоло наҳваи ба дасти мардум расонидани шумораҳои "Имрӯз News”, баррасӣ шуда истодааст. "Имрӯз News" нашрияи мустақил буда нашрияи кадом ниҳоди давлатӣ ба шумор намеояд.

 

Раҷаби Мирзо ба ҳайси сардабири ин рӯзнома чунин мегӯяд: "Имрӯз News” равиши таҳлилию хабарӣ дошта бо анҷоми корҳои ташкилӣ дар рӯзҳои наздик ва хусусан бо мушаххас кардани наҳваи расонидани шумораҳои рӯзнома ба мардум, ба чоп хоҳад расид".

 

Созмонҳои байналмилалии масоили матбуот ва ҳуқуқи башар дар бозрасиҳои худ оид ба вазъи матбуоти Тоҷикистон ҳатман набудани як рӯзномаи дар ин кишварро яке аз камбудҳои матбуоти Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

 

Таи ба истқлол расидани Тоҷикистон, ки наздики бист сол мегузарад, дар кишвар рӯзнома ба маънои аслиаш вуҷуд надорад. Талошҳои зиёде аз ҷониби рӯзноманигорони тоҷик дар ин роҳ ба харҷ рафтааст, вале дастёб нашудаанд. Масалан, раиси Иттиҳодияи Журналистони Тоҷикистон Акбар Саттор ва сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шарифи Ҳамдампур борҳо талош кардаанд, рӯзнома ба нашр расонанд.

 

Ё рӯзноманигорони дигари шинохта ба мисли Зафар Абдуллоев, Хуршеди Атовулло хостаанд барои таъсиси як рӯзнома комёб шаванд, аммо мувафақ нашудаанд. Раҷаби Мирзо мегӯяд, барои роҳандозии «Имрӯз News” аз тарафи яке аз бонкҳои бонуфузи Тоҷикистон қарзи имтиёзнок дарёфт кардааст. Аммо Оғои Мирзо аз овардани номи ин бонк худдорӣ мекунад.

 

«ИмрӮз News”  - тарҳи кист?

Барои ҳалқаи рӯзноманигорони тоҷик ба кадом бонк тааллуқ доштани ин қарз пӯшида набудааст. Онҳо мегӯянд, «Имрӯз News”, бо маблағгузории "Ориёнбонк", ки раиси он Ҳасан Асадулозода, додарзани Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар мебошад, ба нашр хоҳад расид.

 

Пурсида мешавад, дар чунин ҳолат, ин рӯзнома, ки маводи таҳлилии сиёсӣ низ ба нашр хоҳад расонид, дар сояи шахси алоҳидаи бонуфуз метавонад фаъолияти мустақил пеш барад? Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев қабл аз изҳори назар фаъолияти радиои «Имрӯз»-ро мисол овард.

 

Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, фаъолияти радиои «Имрӯз» нишон додааст, ки муассис на ҳама вақт дар равиши кори расона ва интихоби мавзӯъ пешниҳоди масъала таъсир доштааст. Аз ин рӯ ба қавли вай, «Имрӯз News» ҳам ба ҳамин шева фаъолият пеш хоҳад бурд.

 

Мушкили паҳнкунии рӮзнома

Ба қавли аксари ҳамсӯҳбатҳои мо рӯшан мешавад, ки яке аз сабабҳои то кунун ба нашр нарасидани рӯзнома дар Тоҷикистон агар камбуди маблағ бошад, вале дар аксари ҳолат бебандуборӣ ва фалаҷ будани системаи Почта дар кишвар пеши роҳи ин иқдомро гирифтааст.

 

Устоди риштаи журналистикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон Сангин Гулов мегӯяд, Раҷаби Мирзо низ дар роҳи расонидани шумораҳои «Имрӯз News” бо ин мушкил ва чанд масъалаи дигар рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

 

Вай мегуяд: «Агар мушкили хадамоти Почта яке аз монеаҳо ба шумор равад, мушкили дигар фаъол будани расонаҳои хабарӣ ба мисли оҷонсиҳои хабаргузорӣ, сомонаҳои хабарӣ, хабаргузориҳои радиои телевизонҳои бурунмарзӣ ва дохили кишвар ҳастанд, ки талаботи мардумро қонеъ мекунанд ва ба рӯзнома кам таваҷҷӯҳ хоҳанд кард».

 

Вале Раҷаби Мирзо мегӯяд, ки «Имрӯз News” танҳо бо хабаргузорӣ маҳдуд нашуда, мақолаҳои сиёсӣ ба нашр хоҳад расонид, ки дар оҷонсиҳои хабаргузорӣ кам пайдо карда хоҳанд шуд.

 

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2769--q-newsq--.html

 

 

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 05.08.2010 16:34
Акаи Раджаб бисёр кушиш мекуни да.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ