01:31:44 06-уми Июни 2025 сол

НАШРИЯИ “ЧАРХИ ГАРДУН” БА ДОДГОҲ КАШИДА ШУД

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе алайҳи масъулони “Чархи гардун”, як ҳафтаномаи чопи пойтахт, ба иттиҳоми чопи туҳмат ва таҳқир парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи Муҳаммадалии Мақсадуллоҳ, сардабири ин ҳафтанома, субҳи рӯзи сешанбеи 17-уми август онҳо ба додгоҳи ноҳия даъват ва бо муҳтавои парванда ошно шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, қаблан онҳо бо афроди шикояткунанда ба тавофуқ расида буданд, ки иштибоҳи худро дар нашри баъдии ҳафтанома тасҳеҳ хоҳанд кард.

 

Оқои Мақсадуллоҳ мегӯяд, ки як матлаби нашрияи онҳо дар бораи Сайвалӣ Нуров мӯҷиби шикояти вай алайҳи онҳо шудааст. Вале вай афзуд: "Мо танҳо як иштибоҳ дар пахши ин матлаб доштем, ки он ҳам иштибоҳи фаннӣ буд. Мо бояд калимаи "авбош"-ро дар нохунак мегирифтем. Зеро он моддае, ки оқои Нуров тибқи он муттаҳам шуда буд, дар қонуни кайфарӣ "авбошӣ" ном гирифтааст."

 

Ба гуфтаи масъулони нашрияи “Чархи гардун”, Рустам Нуров аз бародари худ дар додгоҳ намояндагӣ мекунад. Оқои Нуров нашрияро тибқи моддаҳои 135 ва 136-и Қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне ба туҳмат ва таҳқири худ муттаҳам кардааст. Ҳарчанд бо Рустам Нуров тамос гирифтем ва хоҳиш кардем, ки қазияи бародарашро ба мо тавзеҳ диҳад, аммо вай аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард.

 

Вале гуфта мешавад, ки кормандони интизомӣ бар асоси се моддаи 237, 150 ва 112, яъне ба иттиҳоми авбошӣ, мамонеъат аз кори кумисиюни интихоботӣ ва расондани зарари ҷисмонӣ ба фарди дигар алайҳи Сайвалӣ Нуров, намояндаи қаблии порлумон, парванда боз кардаанд. Ин парванда бар асоси шикоятии Толиб Ҳӯҷаназаров, раиси ҳавзаи интихоботӣ дар ноҳияи Бохтар, боз шуда буд. Сипас, додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ин парвандаро бидуни оғози муҳокима мутаваққиф кард.

 

Муҳаббат Азизова, раиси додгоҳи вилояти Хатлон, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ дар робита бо қазияи Сайвалӣ Нуров барои муҳокимаи дубора ба додгоҳи ноҳияи Бохтар ирсол шудааст. Зимнан, дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон “Чархи гардун” шашумин нашрия аст, ки ба додгоҳ кашида мешавад. Аксари ин нашрияҳо бар асоси моддаҳои 135 ва 136 ба иттиҳоми чопи туҳмат ва тавҳин ба додгоҳ кашида шудаанд.

 

Дар солҳои гузашта низ алайҳи бархе аз рӯзноманигорон ва нашрияҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва мудофеъони озодии баён зимни интиқод аз давлати Тоҷикистон борҳо хоста буданд, ки моддаҳои марбут ба "туҳмат" ва "таҳқир"-ро аз қонуни ҷиноӣ ҳазф кунад ва ин гуна қазоё бар тибқи қонуни шаҳрвандӣ ё маданӣ баррасӣ шаванд.

 

Сафорати Омрико дар Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ бо пахши баёнияе аз ба маҳкама кашида шудани нашрияҳои мустақилли "Asia-Plus", "Озодагон", "Фараж", "Пайкон" ва "Миллат" дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буд, ки муҳокимаи ин нашрияҳо метавонад ба мутаваққиф шудани фаъолияти онҳо мунҷар шавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2914-2010-08-17-17-38-36.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854