13:18:49 02-уми Июни 2025 сол

"ИМРӮЗNEWS" - РОҲАНДОЗИИ РӮЗНОМА ДАР ТОҶИКИСТОН

“ИмрӯзNews”, нахустин нашрияе, ки қарор аст пас аз солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон панҷ рӯз дар ҳафта мунташир шавад, роҳандозӣ шуд. Масъулони нашрия гуфтанд, ки "ИмрӯзNews" натанҳо дар пойтахт, балки дар бештари манотиқи Тоҷикистон тавзеъ хоҳад шуд. Нахустин шумораи ин рӯзномаи ҳаштварақӣ, ки иборат аз хабарҳо ва рӯйдодҳои кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба забони тоҷикӣ аст, рӯзи душанбеи 30 август бо қимати як сомонӣ ба фурӯш расид.

 

Пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991, ки ҷанги дохилӣ ва бӯҳрони шадиди иқтисодиро дар пай дошт, чопи рӯзномаҳо мутаваққиф шуда ва нашрияҳо ҳафтае як ё ду маротиба аз чоп мебаромад. Далели ин амр дар канори мушкилоти молӣ ва камбуди ҳазина фурӯпошии системи пусти Тоҷикистон арзёбӣ шуда буд, ки нашрияҳоро ба манотиқи мухталифи ин кишвар тавзеъ мекард.

 

Дар солҳои ахир дар миёни нашриҳои давлатию мустақил талошҳо барои чопи бештар аз як шумора дар ҳафта сурат гирифтааст. Аз ҷумла, “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии давлати Тоҷикистон дар як ҳафта се маротиба мунташир мешавад. Нашрияи мустақили “Фараж” қаблан барои чопи ду шумора дар як ҳафта талош карда, аммо баъдан "ба далели мушкилоти фаннӣ ва мушкили тавзеъи нашрияҳо" нашри шумораи иловагӣ дар ҳатафро мутаваққиф кард.

 

Рустами Ҷонӣ, мудири кулли ширкати “ИмрӯзNews” ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзномаи ҷадид ин мушкилро надошта ва субҳи зуди 30 август, шумораи нахустини “ИмрӯзNews” аз тариқи худравҳо ба вилоёти Суғд, Хатлон, Бадахшон ва водии Рашти Тоҷикистон мунтақил шуд. Ҳамчунин, оқои Ҷонӣ таъкид кард, ки теъдоди кормандони нашрия болиғ ба 50 нафар буда ва дар куллияи шаҳрҳои бузурги кишвар ва Эрон, Русия, Омрико, Қазоқистон ва Олмон хабарнигорҳои “ИмрӯзNews” фаъолият мекунанд.

 

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки "бо чунин нерӯи бузург нашри ҳамрӯзаи рӯзнома душвор нахоҳад буд". Зимнан, субҳи имрӯз “Asia Plus”, нашрияи мустақили русизабон низ барои бори нахуст шумораи иловагии нашрияро мунташир кард. Ин нашрия, ки то ҳоло ҳафтае як маротиба, дар рӯзҳои панҷшанбе аз чоп мебаромад, ҳамакнун ҳафтае ду маротиба - дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе чоп хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3001-qnewsq----.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 08.09.2010 05:58
А бача хабархо нава намебурорен
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854