МУАРРИФИИ ДУ КИТОБ ДАР СОҲАИ ЖУРНАЛИСТИКА
Рӯзи 21 сентябр, дар конферонс-золи маркази тиҷории «Вафо» муаррифии ду китоби тозанашр дар соҳаи журналистика баргузор гардид. Ин дафъа бо ташаббус ва дастгирии молиявии барномаи ВАУ-Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон китоби «Даҳ қоидаи журналистика»-и Эрик Фихтелиус ва ва китоби «Ташкили кори шӯъбаҳои ахбор»-и Роберт Кембелл дастраси муттахасисини соҳаи журналистика, рӯзноманигорон ва толибилмони факултетҳои журналистии Донишгоҳҳои кишвар гардид.
Чӣ тавре, ки дар оғози ин чорабинӣ намояндагони Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон хонум Наргис Бозорова ва хонум Рухшона Олимова иброз доштанд, ин китобҳо дар олами журналистика китобҳои хеле маъруф ба ҳисоб мераванд. Масалан китоби рӯзноманигор ва муҳаққиқи Шветсия Эрик Фихтелиус дар донишкадаҳои журналистии аксари кишварҳои ҷаҳон ба ҳайси китоби таълимӣ дониста шудааст. Онро Инҷили соҳаи журналистика медонанд.
Худи Эрик Фихтелиус дар муқаддимаи китобаш чунин менависад: «Китоби «Даҳ қоидаи журналистика китоби дарсиест, ки на танҳо дорои маслиҳату машваратҳои амалӣ дар бораи чӣ тавр бо навигариҳо кор кардан аст, он ҳамчунин мадхали назариявӣ дар касби журналистист. Дар китоб бобҳои бахшида ба усулҳои сабт, мусоҳиба ва танзим бартарӣ доранд, ки дар навбати худ бо андешаҳои назариявӣ дар бораи чӣ будани навигарӣ, нақши журналист дар ҷомеаи демократии муосир ва тағйирёбии фишори ҳокимият ба сохторҳои иттилоотӣ дар замони мо пайванд шудаанд».
Мутарҷими ин китоб мутахассиси варзидаи соҳаи телевизион ва документалистикаи тоҷик Изатманд Саломов дар сӯҳбат ба хабарнигори «ИмрӯзNews» гуфт, ки ризоияти муаллифи китоби «Даҳ қоидаи журналистика» Эрик Фихтелиусро барои ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани китоба ӯ ҳанӯз соли 2004 ҳангоми дар шаҳри Кальмари Шветсия дар як гирдиҳамоии байналмилалии журналистон буданаш ҳосил кардааст. Ба гуфтаи мутарҷим «дар назари аввал китобро китоби дарсӣ гуфтан мушкил аст, зеро он ба шакли анъанавии китобҳои дарсӣ мувофиқат намекунад. Вале хонандаи нозукбин аз аввалин саҳифаҳои китоб дарк мекунад, ки китоби таълимие ҳамсанги он ёфтан мушкил аст».
Китоби мутахассиси америкоии соҳаи телевизион Роберт Кембелл «Ташкили кори шӯъбаи ахбор» стеннограммаи пурраи як семинарест, ки ин журналисти амрикоӣ дар Россия муттассадии баргузории он буд. Аслан ӯ журналисти телевизионӣ мебошад. Дар яке аз шаҳракҳои ИМА ӯ бунёдгузори телевизионӣ минтақавӣ ба шумор меравад. Бисту панҷ сол таҷрибаи кор дар телевизионро дорад. Дар сабаби таҳия китобаш ӯ чунин менигорад: «Ман аслан намехоҳам барои шумо нақл кунам, ки журналистика ба таври амрикоӣ, ё ин ки ба таври олмонӣ, ё инглисӣ, ё итолиёӣ, ё ин ки ҷопонӣ яъне чӣ. Ман намехоҳам барои шумо дарс диҳам, ки чи тавр бо журналистика машғул бояд шуд, балки мехоҳам фаҳмонам,ки тавр метавон бо журналистика пурсамар сару кор дошт».
Китобро муаллими кафедраи журналистикаи ДСРТ, муҳаққиқ Масрур Абдуллоев аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Баҳриддин Камолиддинов, мудири кафедраи услубшиносии факултети журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар бораи аҳамияти ин китобҳо барои журналистикаи тоҷик андешаҳояшро баён карда иброз дошт, ки мутарҷимон аз ин ба баъд бояд боз як кори хайри дигареро низ кунанд.
Робитаи хешро бо факултаҳои журналистӣ боз ҳам мустаҳкатар намуда дар таблиғи ин китобҳо ва китобхон гардидани толибилмон саҳми амалӣ бигиранд. Китобҳо ду ҳазор нусхаӣ дар чопхонаи «Мега Басым» ба нашр расидаанд. Қарор аст ин китобҳо миёни факултаву шӯъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳо, китобхонаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, ВАУ-ҳои чопиву электронӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳайати дипломатӣ паҳн шаванд.
Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3199-2010-09-23-16-35-42.html