02:09:36 23-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/04_khayrullayev2147_2'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/04_khayrullayev2147_2'

КӢ АЗ КӢ БОЯД УЗР ПУРСАД?

Миёни ду тан  ҷанг чун оташ аст,

Cуханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

 

Бо таассуфи зиёд бояд арз намуд, ки аз аксари нигоштаҳои Матбуоти мустақили Тоҷикистон оид ба ҳамлаи ваҳшиёнаи террористони зархарид ба қатори мошинҳои Вазорати мудофиаи мамлакат бўйи пуштибонӣ аз ин амали нангини он қотилони бераҳму шафқат меояд. Оё рўзноманигорони мўҳтарами мо андеша намекунанд, ки пуштибонӣ аз террористон худ мусоидат ба терроризм аст ва дастгирӣ аз терроризм худ ҷинояти сангин аст. Агар чунин набошад, пас чаро ин ҳодисаи даҳшатоварро яктарафа инъикос мекунанд?

 

Аз хатою камбудиҳои Вазорати мудофиа  ва фармондеҳони он, сарбозон ба гунае, ки худ гўё коршиносону мутахассисони аршади улуми ҳарбу зарб бошанд, муфассал ёдовар шуда, боре ҳам напурсиданд, ки асосан кӣ ба чунин амали нангин даст зад, чаро, бо амри кадом худобехабар?

 

Охир он террористон ҳам, ба фикри худ, инсонанд, роҳбар доранд, раҳнамо доранд, фармондеҳ доранд, дар пушташон ҳатман қувваи сиёсие ҳаст. Кӣ ва бо кадом рў  амр дод, ки «Аллоҳу акбар» гуфта, он навҷавонони мӯъмину мусулмонро бо гранатомету дигар аслиҳаи оташфишон тирборон кунанд? Ба кадом равияи дини мубини Ислом ин амали онҳо рост меояд, ки бо номи худо даст ба қатлу куштори мусулмонон мезананд.

 

Мутаассифона, чунин маҳкумсозии аъмоли зишти террористони хунхор дар бисёр нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ба мушоҳида намерасад. Ба ҷуз аз бархе рўзномаҳое, ки ангуштшуморанд. Агар, тавре дар изҳорот қайд намудаанд, «барномаи пахшнамудаи Вазорати мудофиа барои Тоҷикистон дар ин рўзҳои бисёр ҳассос як нишони камсалоҳиятӣ, берун рафтан аз ҳадди ваколат» ва ғайраҳо бошад, пас мўҳтарам рўзноманигорон нигоштаҳои яктарафаи Шуморо бояд чӣ гуна арзёбӣ намоем?

 

Зимнан бояд қайд кард, ки мутобиқи моддаи 43-юми Конститутсияи ҶТ хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Шумо, ки имрўз аз ин Конститутсия пуштибонӣ мехоҳед, пас чаро дар  мақолаҳоятон ба мавзӯъҳои баландбардории рўҳияи мардум, хизмати содиқона ба халқу Ватан, ҳимояи  марзу буми кишвар даст намезанед.

 

Мардуми сулҳхоҳу ташнаи тинҷиву амонӣ, ки хушбахтона, тавассути ҷонбозиву меҳнати фидокоронаи ҳазорҳо ҳамватанони мо имрўз истиқлолияти комил ва  ҳаёти осоишта насибашон гаштааст, бояд хуб дар хотир дошта бошанд, ки баъзе аз нашрияҳои озод ва як қатор рўзномаҳои солҳои аввали истиқлолият воқеан нақши ҳезумкаши алангаи оташи ҷанги шаҳрвандиро мебозиданд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки мақолаҳои матбуоти ба таврашон «озод»-у «ҳақиқатнигор»-и онвақта аз имрўза  то  чӣ андоза фарқ менамоянд? Оё дар ҷомеаи имрўза чунин рўзномаҳо  таскинбахши дили мардумони ин сарзаминанд ё баръакс васвасакунандаи аҳли ҷомеаи навбунёд?

 

Зеро муаллифони ин гуна матбуоти ба қавлашон «озод» шояд гумон менамоянд, ки аз мушкилоти ҷомеаи имрўза танҳо онҳо  воқифанду роҳбарияти давлату ҳукумат, масъулини  вазорату идораҳои кишвар, мақомоти давлативу қудратии ҷумҳурӣ ва  мардуми шарафманди ин сарзамин, ки аз ибтидои истиқлолият то имрўз бо гузоштани хиштҳои аввалин дар роҳи музаффариятҳо ва баҳри ободии Тоҷикистони азиз  чӣ хизматҳое кардаанду чӣ корҳоро  бояд ба анҷом расонанд, гўё намедонанд. 

 

Ва тавре мебинем, бо ифтихору худнамоӣ изҳор медоранд, ки бо фалониву фалонӣ қаблан сўҳбат доштаанду аз террористу ҷинояткор чеҳраҳои сиёсиро эҷод мекунанд. Ва боз ҳам боиси таассуф аст, ки баъзе аз рўзноманигорони мо кўшиш доранд, ки аз он қотилон мазлум бисозанд. Дуюм ин ки оё масъулини баъзе аз нашрияҳои имрўзаи моро озод шумурдан мумкин аст? Озодиашон шубҳаангез аст.  Зеро ҳар як нашрия бешубҳа муассису сарпараст дорад ва ё аз нафареву  гурўҳе вобаста аст.

 

Месазад ёдовар шуд, ки моҳҳои июл, август ва ҳам сентябр мавсими рухсатиҳо асту хабарҳо ҳам кам мешаванд ва барои рўзноманигорони корбайъ мавсими камдаромад аст. Шояд аз ин хотир бошад, ки мутаассифона дар навиштаҳои аксари рўзноманигорони нашрияҳои мустақил як навъ оҳанги хурсандӣ ҳам аз ҳодисаи пурдаҳшати Камароб эҳсос мешавад. Яъне ба гуфташон «хайрият нон зиёд шуд». Бо шиори «гўр сўзаду дег ҷўшад» кор кардани рўзноманигорони мўҳтарами мо, ки бешак аз аҳли зиёи кишвар ба шумор мераванд, аз рўи инсоф нест.

 

Ба болои ин ҳама бемасъулиятӣ боз бешармона талаб доранд, ки Вазорати мудофиа аз онҳо узр пурсад. Узр шумо бояд бипурсед, қаламкашони мўҳтарам, агар виҷдону масъулият дошта бошед! Мутаассифона ба ҳамин монанд вокунишҳо аз ҷониби роҳбарияти як зумра ҳизбҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорони маъруфи мамлакат низ ба назар мерасанд. Онҳо дар оғоз ба таври хушку бетаъсир ин амали террористиро маҳкум намуда, ҳамзамон дар рух додани он ҳукумати мамлакатро гунаҳгор медонанд.

 

Онҳо дар ҳамин ҳолат талаби муколамаю гуфтушунид доранд. Пурсида мешавад, муколама бо кӣ? Бо террористону қотилон ё бо шумо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ?  Агар муколама бо террористонро талаб доред, ин ғайри қобили қабул аст. Агар бо худ, боз суол ба миён меояд: Чаро маҳз ҳозир, маҳз дар ҳамин шабу рўз? Агар бо шумо гуфтушунид кунанд, талабу дархости шуморо қонеъ гардонанд, он террористон ором мешаванд? Он гоҳ хулоса метавон кард, ки онҳо   нерўҳои мусаллаҳи ғайриқонунии  шумоянд ва ба амри шумо гўш медиҳанд. Аз ин хотир андеша бояд кард. Беҳуда нагуфтаанд «аввал андеша, баъд гуфтор».

 

Бо арзи ин андешаҳо Вазорати мудофиа ва ҳайати шахсии он, ки дар натиҷаи ҳуҷуми ваҳшиёнаи террористони мусаллаҳ 25 нафар афсарону сарбозони худро талаф додаанд, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат талаб мекунад, ки ба изҳороти сиёсӣ ва ба мақолаю нигоштаҳои дигари рўзноманигорону сиёсатмадорон баҳои ҳуқуқӣ дода, дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои ҷиноӣ гунаҳкорон ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шаванд.

 

Вазири Мудофифи Љумњурии Тољикистон

генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3283-2010-10-04-16-16-27.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ