00:08:46 23-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/11_internet_abstracto_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/11_internet_abstracto_2147'

ИҚДОМ БА МАСДУДИЯТИ БЕШТАРИ СОЙТҲОИ ХАБАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Аз субҳи рӯзи душанбе дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои хабарӣ дар Тоҷикистон боз ҳам маҳдудтар шудааст. Дар канори ширкати "Вавилон" ширкатҳои дигари фароҳамгари хадамоти интернетӣ ҳам дастрасӣ ба сойтҳои хабарии “Авеста”, “Тоҷнюз”, “Фергана.ру”, “Сентрязия.ру” ва “Tjknews.com”-ро масдуд кардаанд. То зуҳри рӯзи душанбе танҳо муштариёни ширкати “Интерком” ба ин сойтҳо дастрасӣ доштанд.

 

Ба гуфтаи як манбаъ дар ширкати “Телеком текноложи”, яке аз ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон, онҳо ахиран аз сӯйи вазорати нақлиёт ва иртибототи кишвар дар бораи масдуд кардани дастрасӣ ба ин сойтҳо дастури расмӣ гирифтаанд. Ин манбаъ афзуд, ки даҳ рӯз пеш низ аз онҳо ба сурати шифоҳӣ хоҳиш шуда буд, ки дастрасӣ ба ин сойтҳоро масдуд кунанд, вале масъулони “Телеком текноложи” бидуни санади расмӣ аз иҷрои ин амр худдорӣ мекарданд. Ҳамакнун онҳо ночор шудаанд ин сойтҳоро филтер кунанд.

 

Даҳ рӯз қабл дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои хабарӣ, назири “Авеста” ва “Тоҷнюз” қатъ шуд. Вале онгуна ки масъулони сойти хабаргузории “Тоҷнюз” мегӯянд, баъд аз анҷоми “музокирот” бо мақомот дастрасӣ ба ин сойт дубора имконпазир шудааст. Вале аз субҳи имрӯз ин сойт боз ҳам масдуд шуд. Зафар Абдуллоев, сардабири хабаргузории “Авеста”, изҳор дошт, ки бозтоби ҳаводиси шарқи Тоҷикистон ва чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ширкати "Талко" метавонад сабабҳои қатъи дастрасӣ ба сойти интернетии ин хабаргузорӣ бошад.

 

Аз сӯйи дигар, оқои Абдуллоев мегӯяд, ки чунин иқдоми давлат дар қиболи сойтҳои хабарӣ чандон муассир нахоҳад буд, зеро фанновариҳои ҷадид шароити дастрасӣ ба ин сойтҳо бидуни филтерро фароҳам кардаанд. Коршиносони мухобирот мегӯянд, ки бо истифода аз сойтҳои вижаи радкунандаи филтер ҳар касе метавонад ба сойтҳои масдудшуда дастрасӣ ёбад.

 

Аз сӯйи дигар, тибқи қавонини Тоҷикистон, масдуд кардани дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ танҳо дар салоҳияти додгоҳҳои кишвар будааст. Вале то ҳол дар бораи чунин тасмими додгоҳӣ гузориш нашудааст. Ҳарчанд дар гузашта дар бораи қатъи дастрасӣ ба сойти интернетии ҳизби Таҳрир ва бархе аз созмонҳои ифротгаро тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон эълом шуда буд.

 

Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон мегӯянд, ки ҳарчанд тайи солҳои ахир рушди қобили мулоҳизаи озодии баён дар Тоҷикистон мушоҳида мешуд, вале мақомоти тоҷик ба гунаи кишварҳои дигари минтақа боз ҳам ба фишор алайҳи хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ рӯй овардаанд. Дар Ӯзбакистон, Туркманистон ва ҳатто Қазоқистону Қирғизистон масдудсозии дастрасӣ ба сойтҳои хабарие, ки мухолифи давлат дониста мешаванд, ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.

 

Коршиносон мегӯянд тасмими давлат ба масдуд кардани сойтҳои хабарӣ боъиси интиқодоти шадиди созмонҳои ҳуқуқи башар хоҳад шуд ва онҳо давлати Тоҷикистонро ба нақзи муқаррароти озодии баён муттаҳам карда ва ҳато мумкин аст дар феҳристи кишварҳои “душмани интернет” ҷой диҳанд.

 

Аз сӯйи дигар, мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар чунин “вазъияти ҳассос”, ки нерӯҳои давлтӣ алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи Тоҷикистон муқобала мекунанд, расонаҳои гурӯҳӣ набояд аз давлат интиқод кунанд. Зимнан, мавзӯъи бозтоби ҳаводиси фирори зиндониён аз боздоштгоҳе амниятӣ дар шаҳри Душанбе ва амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шарқи ин кишвар алайҳи пайкорҷӯён боъиси ихтилофи назар миёни расонаҳои мустақил ва мақомоти давлатӣ шудааст.

 

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, ахиран дар баёнияе хабарнигоронро ба “пуштибонӣ аз теруристҳо” муттаҳам карда буд. Хабарнигорон зимни интиқод аз ин изҳори назари женерол Хайруллоев аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон хостори расидагӣ ба ин қазия шуданд.

 

Вале Президент Раҳмон зимни суханронии ахири худ дар ҳузури фарҳангиён зимни интиқод аз расонаҳои гурӯҳӣ гуфт, ки "бархе аз расонаҳо ба гунаи солҳои 90-ум ҷангҷӯ шудаанд ва барои онҳо рехтани хуни тоҷик аҳаммияте надорад."

 

Ин ихтилоф то ҳадде расидааст, ки ҳафтаи гузашта интишороти мухталиф ба далоили гуногун аз чопи шумораи ҷадиди ҳафтаномаи мустақили "Фараж" худдорӣ карданд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ҳафтаи ҷорӣ миқдори чунин нашрияҳо афзоиш ёбад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3330-2010-10-11-15-40-58.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ