21:34:29 22-уми Майи 2025 сол

МУРОҶИАТИ ХАБАРНИГОРОНИ ТОҶИК БА РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ

president tajikistan

Хабарнигорони Тоҷикистон бо ирсоли номае аз Сайидмурод Фаттоев, мушовири Президент Раҳмон дархости дидор кардаанд. Ин муроҷиа ба дунболи чоп нашудани ҳафтаномаҳои мустақили “Фараж” ва “Пайкон” ироа шудааст. Рӯзноманигорон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон бар ин назаранд, ки давлати Тоҷикистон барои чоп накардани нашрияҳои мустақил дарстур додааст. Дар ин нома аз фишорҳо алайҳи расонаҳои мустақил, худдории интишороти хусусӣ ва давлатӣ аз чопи ҳафтаномаҳо ва маҳдудият дар дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ изҳорӣ нигаронӣ шудааст.

 

Ин нома аз сӯйи раҳбарони 17 нашрия ва созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон имзо шуда, дар он аз Сайидмурод Фаттоев баргузории дидор бо масъулони расонаҳои гурӯҳӣ ва созмонҳои хабарнигорӣ дархост шудааст. Ба гуфтаи Мухтор Боқизода, дабири Шӯрои расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон, як ниҳоди мустақили танзими фаъолияти хабарнигорӣ дар ин кишвар, онҳо изҳори умедворӣ кардаанд, ки дар ин дидор мушовири давлатии раиси ҷумҳурӣ “вазъи ғуборолуди расонаҳои гурӯҳиро шарҳ диҳад”.

 

Оқои Боқизода афзуд: “Муҳим нест, ки ин дидор паси дарҳои баста сурат мегирад ё аслан доир намешавад, вале мо умедворем, ки мақомот тавассути расонаҳои гурӯҳӣ мавқеъи худро дар ин замина изҳор медоранд ва далели чунин муносибат бо расонаҳои мустақилро эълом мекунанд”.

 

Ирсоли ин нома дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи панҷшанбе шумораи ҷадиди ду нашрияи хусусӣ, яъне “Фараж” ва “Пайкон” чоп нашуданд. Ҳафтаи гузашта шумораи қаблии “Фараж” низ чоп нашуда буд. Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”, ҳафтае қабл интишороти “Оила принт” аз чопи шумораи ҷадиди ин ҳафтанома худдорӣ кард.

 

Онҳо ба чопхонаҳои дигари Душанбе муроҷиа карданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо барои чопиФаражҳозир нашуданд. Дар ҳафтаи ҷорӣ онҳо аз интишороти давлатии “Шарқи озод” дархости чопи шумораи ҷадид карданд, вале посух гирифтаанд, ки ба далели фаннӣ чопи “Фараж” ғайримумкин аст.

 

Ба эътиқоди оқои Атовулло, “худдории интишороти “Шарқи озод” аз чопи “Фараж” аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақомот барои манъи чопи ин нашрия дастури ғайрирасмие додааст”. Қазияи чоп нашудани ҳафтаномаи “Пайкон” низ аз ҳафтаи гузашта оғоз шуда буд. Ба гуфтаи Ҷумъабой Толибов, сардабири ин нашрия, интишороти “Оила принт” ҳафтае пеш аз чопи шумораи ҷадиди ин ҳафтанома худдорӣ кардааст.

 

Вале масъулони “Пайкон” тавонистаанд интишороти “Муаттар”, ки муталлиқи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аст, барои чопи шумораи ҳафтаи гузашта мутақоид созанд. Ин ҳафта масъулони ин чопхона низ ба далоили мухталиф аз чопи шумораи ҷадиди “Пайкон” худдорӣ кардаанд.

 

Дар гузашта бо наҳваи мушобеҳ аз чопи ҳафтаномаҳои мустақили "Рӯзи нав", "Одаму олам" ва "Нерӯи сухан" ҷилавгирӣ шуда буд. Ин нашрияҳо баъд аз талошҳои пайваста барои чопи шумораҳои ҷадиди худ ба қатъи фаъолияти худ водор шуданд. Шояд ба н далел аст, ки Хуршуди Атовулло эълом кард, ки то ҳалли қазияи чопи ҳафтаномаи "Фараж" онҳо шакли интернетии ин нашрияро роҳандозӣ хоҳанд кард.

 

Масъулони расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар ин назаранд, ки фишорҳо алайҳи нашрияҳо ва маҳдудият дар дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ дар пайи чопи матолиби интиқодие дар робита ба ҳаводиси Рашт рӯйи даст гирифта шудаанд. Дар ин матолиб муаллифон аз шеваи анҷоми амалиёт алайҳи пайкорҷӯёнро шадидан интиқод карданд, зеро ба эътиқоди онҳо “барои ҷанг алайҳи теруристон ҷавонони тоза ба суфуфи артиш даъватшуда фиристода шуданд”.

 

Ин гуна матолиб боъиси нигаронии мақомоти низомии Тоҷикистон шуд. Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, бо чопи баёнияе бархе аз нашрияҳо ва сиёсатмадоронро “дар пуштибонӣ аз теруристон” муттаҳам кард. Хабарнигорон бо пахши баёнияи худ аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон хостори расидагӣ ба чунин изҳороти вазири дифоъ шуданд ва умедвор буданд, ки раиси ҷумҳури кишвар аз расонаҳо пуштибонӣ хоҳад кард.

 

Вале Президент Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳузури фарҳангиён гуфт, ки бархе аз расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон “ба гунаи солҳои 90-ум ҷангҷӯ шудаанд ва ба онҳо рехтани хуни тоҷик аҳамият надорад”. Оқои Раҳмон ҳамчунин ҳушдор дод, ки “набояд ба умеди хоҷагони хориҷӣ шуд”.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/3346-2010-10-14-08-27-04.html 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ