17:57:55 22-уми Майи 2025 сол

ТАНАЗЗУЛИ ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕҲРИСТИ ОЗОДИИ БАЁН

Тоҷикистон дар феҳрасти тозаи озодии баён, ки аз сӯйи созмони "Хабарнигрони бидуни марз" таҳия мешавад, ҷойгоҳи қаблии худро аз даст додааст. Агар соле қабл Тоҷикистон дар ин феҳраст дар мавқеъи 113 қарор дошт, имсол ба зинаи 115, яъне ду рада ақаб, рафтааст. Ду сол пеш Тоҷикистон дар мавқеъи баландтар, яъне дар зинаи 106, қарор дошт. Ин дар ҳолест, ки дар як моҳи ахир фишорҳо бар расонаҳои мустақил афзоиш ёфта ва ҳафтаи ҷорӣ ҳафтаномаи "Нигоҳ" низ мунташир нашуд. Қаблан чанд нашрияи дигар низ аз чоп бозмонда буданд.

 

Ин феҳраст, ки ҳамасола таҳия мешавад, шароити озодии баён ва фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳои мустақил дар 178 кишвари ҷаҳонро баррасӣ мекунад. Дар феҳрасти соли ҷорӣ Финланд, Исланд ва Ҳуланд аз ҷумлаи кишварҳое ном бурда шудаанд, ки мизони озодии баён дар онҳо бештар аст. Ва баръакс, Куреи Шимолӣ, Эрон, Чин, Яман ва Сурия аз ҷумлаи кишварҳое муъаррифӣ шудаанд, ки муқаррароти озодии баён дар онҳо муроъот намешавад.

 

Аз миёни кишварҳои ҳамсуд баландтарин мизони озодии баён дар соли ҷорӣ дар Мулдовӣ (75), Арманистон (101) ва Укройн (131) мушоҳида шудааст. Ӯзбакистон дар ҷойгоҳи 163 ва Туркманистон дар ҷойгоҳи 176-и ин феҳраст қарор доранд. Ба ин тартиб, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои муштарукулманофеъ аз лиҳози озодии баён баъд аз Мулдовӣ ва Арманистон дар мавқеъияти севум ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Яъне вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нисбат ба соири кишварҳои Осиёи Миёна "беҳтар" аст.

 

Ба гуфтаи гузоришгарон, ин феҳраст дар пайи ҷамъоварии маводди таҳлилӣ ва мусоҳибаҳо бо хабарнигорон ва коршиносон таҳия мешавад. Ба ин далел, ҳаводиси ахири марбут ба озодии баён дар кишварҳои мавриди назари созмони Хабарнигорони Бидуни Марз ба ҷойгоҳи кишварҳо таъсир нарасондааст. Вагарна, дар пайи таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон, эҳтимолан ҷойгоҳи ин кишвар пойинтар аз мавқеъияти феълӣ хоҳад буд. Зеро, дар як моҳи ахир хабарнигорон ва расонаҳои мустақил дар ин кишвар бо фишорҳо ва маҳдудиятҳое рӯбарӯ шудаанд.

 

Дар пайи бозтоби ҳаводиси ахир дар шарқи Тоҷикистон, вазири дифоъи ин кишвар бархе аз расонаҳои гурӯҳиро ба "пуштибонӣ аз теруристон" муттаҳам кард. Сипас, дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои интернетӣ дар Тоҷикистон масдуд шуд. Ҳафтаи севум аст, ки интишороти хусусӣ ва давлатӣ аз чопи ҳафтаномаҳои мустақилли “Фараж” ва “Пайкон” худдорӣ мекунанд. Соҳибони ин нашрияҳо мегӯянд, ки чопхонаҳо ба далели "супориш аз боло" аз чопи ин ҳафтаномаҳо худдорӣ мекунанд.

 

Имрӯз чопхонаҳо ҳамчунин аз чопи ду ҳафтаномаи дигар, нашрияи хусусии “Нигоҳ” ва “Вечерний Душанбе”, низ худдорӣ карданд. Ноширон ба гунаи ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Пайкон” далоили мушобеҳе пеш овардаанд. Як рӯз қабл Дунйа Мийатович, масъули озодии баён дар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо бо ирсоли номае ба Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, аз фишор бар расонаҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карда буд. Хонум Мийатович изҳори умедворӣ кардааст, ки давлати Тоҷикистон ба таъаҳҳудоти худ дар мавриди озодии баён содиқ мемонад ва аз фишор ва маҳдудиятҳо алайҳи расонаҳои гурӯҳӣ худдорӣ хоҳад кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3388-2010-10-20-17-35-50.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ