20:50:12 22-уми Майи 2025 сол

ТАЪСИСИ СОЗМОНИ ҶАДИДИ ҲИФЗИ ОЗОДИИ БАЁН

Хабарнигорони тоҷик ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон созмонеро мавсум ба “Кумитаи 29 сентябр” таъсис додаанд. Ҳадафи аслии ин созмон дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва дастовардҳои озодии баён дар Тоҷикистон унвон шудааст. Муассисони ин созмон гуфтаанд оғози фишорҳои давлат алайҳи расонаҳои мустақил, ки 29-уми сентяри соли ҷорӣ роҳандозӣ шуд, дар исми ин созмон истифода шудааст.

 

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж” мегӯяд, ки ба ин Кумита 14 нафар сардабирони нашрияҳои мустақил ва масъулони созмонҳои ҷамъиятӣ шомил шуданд. Нашрияҳои мустақили “Фараж”, “ИмрӯзNews”, “Asia-Plus”, “Нигоҳ”, ожонсии “Авеста” ва созмонҳои назири Идораи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, Анҷумани расонаҳои мустақил ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон узви ин кумита шудаанд. Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, яке аз аҳдофи ин сзмон ироаи иттилоъи саҳеҳ дар бораи вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ба раиси ҷумҳури ин кишвар аст, ки кафили озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад.

 

Ҳамчунин ин ниҳод қасд дорад кишварҳои дорои низоми демукросӣ дар ҷаҳонро аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон огоҳ созад. Гуфта мешавад ба ин далел блоги интернетии ин созмон сареъан фаъол шудааст. Созмондиҳандагон бар ин боваранд, ки қабл аз 29 сентябр Тоҷикистон ба мизони баландтарини озоди баён расида буд ва ба ин далел бозгашт ба ин мизон яке аз аҳдофи “Кумитаи 29” сентяр” будааст. Дар ҳамин ҳол Иттиҳодияи Урупо бо пахши баёнияе аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

 

Эдуард Ауэр, масъули дафтари намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ниҳод аз талошҳои давлат барои таъмини суббот ва амният дар ин кившар пуштибонӣ мекунад, вале ҳамзамон давлати Тоҷикистон набояд тааҳҳудоти худ мабни бар риояти озодиҳои инсонро фаромӯш кунад. Тревор Мур, сафири Бритониё дар Тоҷикистон гуфтааст, ки масоили таъмини озодии баён дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Иттиҳодияи Урупо бо давлати Тоҷикистон, ки қарор аст 15 ноябр баргузор шавад, матраҳ хоҳад шуд.

 

Дар ҳафтаи ҷорӣ Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ бо пахши баёнияе аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон изҳорини гаронӣ карда ва дар номае унвонии вазири хориҷаи Тоҷикистон хостори муровоти тааҳҳудоти байналмилалии ин кишвар дар заминаи озодиҳои сиёсӣ шуд. Ихтилофот миёни раоснаҳои умстақил ва давлати Тоҷикистон баъд аз оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи Тоҷикистон буруз кард.

 

Бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ низомиёнро дар бесалоҳиятӣ муттаҳам карданд. Вазири дифоъи Тоҷикистон бо пахши баёнияе бархе аз расонаҳоро дар “пуштибонӣ аз теруристҳо” муттаҳам кард ва хостори расидагии ниҳодҳои зирабт ба чунин матолиб шуд. Сипас, фаъолияти интишороти хусусии шаҳри Душанбе мавриди бозрасии ниҳодҳои молиёт қарор гирифт ва дар ниҳоят ин чопхонаҳо аз чопи ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Пайкон” худдорӣ карданд.

 

Дар ҳафтаи ҷорӣ бо ин мушкил ҳафтаномаи “Нигоҳ” рӯбарӯ шуд. Ин дар ҳолест, ки аз 29 сентябр ба ин сӯ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои хабарии интернетӣ масдуд шудааст. Масъулони вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин мушкил “ба далели фаннӣ” рух додааст. Вале манобеъи ширкатҳои ироакунандаи хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо аз ин вазоратхона дастур гирфитаанд, ки дастарсӣ ба бархе аз сойтҳоро масдуд созанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3394-2010-10-21-15-02-52.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ