14:05:32 02-уми Июни 2025 сол

ТАЪВИҚИ ЧОПИ “ИМРӮЗ NEWS” ВА НАШРИ ДУБОРАИ “ПАЙКОН”

Чопи рӯзномаи “ИмрӯзNews” ба таъвиқ дароварда шуда ва кормандони ин нашрия барои муддате мураххас шудаанд. Ба гуфтаи масъулони ин нашрия, сабаби таъвиқи чопи “ИмрӯзNews” ба мушкилоти молӣ рабт дорад ва дар сурати ҳалли ин мушкилот, рӯзнома дубора мунташир хоҳад шуд. Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи “ИмрӯзNews”, гуфт, ки дар таъвиқи чопи ин рӯзнома ҳеҷ ангезаи сиёсие вуҷуд надорад. Вай афзуд: "Танҳо мавзӯъи молӣ матраҳ аст ва талош дорем, ки ҳафтаи оянда чопи ин нашрияро аз сар бигирем."

 

шькгя туцыЗимнан, “ИмрӯзNews” танҳо рӯзнома дар Тоҷикистон аст, ки аз авоили моҳи сентябр ба ин сӯ мунташир мешавад. Ҳарчанд, дар бораи ҳимояти молии “Ориёнбонк” аз роҳандозии чопи ин рӯзнома сару садоҳое паҳн шуда буд, вале ба гуфтаи масъулон, ин тарҳи хусусиест, ки бидуни кумаки ин бузургтарин бонк дар Тоҷикистон иҷро мешавад. Дар ҳамин ҳол, баъд аз таъвиқи думоҳа имрӯз шумораи ҷадиди нашрияи “Пайкон” дубора мунташир шуд. Чопи ин ҳафтанома дар канори ду нашрияи дигар, яъне “Фараж” ва “Нигоҳ” аз ду моҳ қабл мутаваққиф шуда буд.

 

Ҳарчанд иттилоъи расмие дар бораи таъвиқи чопи ин се нашрия эълом нашуда, вале куллияи интишороти хусусӣ ва давлатии Тоҷикистон аз чопи шумораҳои ҷадиди ин ҳафтаномаҳо худдорӣ мекарданд. Масъулони ин нашрияҳо пештар изҳор дошта буданд, ки ин иқдоми ғайрирасмӣ аз сӯйи мақомот ба дунболи интиқодоти нашрияҳои мустақил аз онҳо сурат гирифтааст.

 

Баъд аз оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт ва кушта шудани теъдоде аз сарбозон, бархе аз нашрияҳои мустақил мақомоти низомии кишварро ба бесалоҳиятӣ муттаҳам карданд. Дар посух ба ин, вазири дифоъи Тоҷикистон бо пахши баёнияе ин расонаҳоро ба “пуштибонӣ аз теруристон“ муттаҳам кард. Президент Раҳмон низ зимни як суханронии худ гуфт, ки бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон “ҷангҷӯ” шудаанд.

 

Баъд аз таъвиқи чопи се нашрияи мустақил, дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои интернетӣ низ маҳдуд шуд. Вале дар ҳафтаи гузашта дастрасӣ ба сойти хабаргузории “Авеста” мумкин шуд. Ҳамчунин чопи шумораи ҷадиди “Нигоҳ” ва “Фараж” аз сар гирифта шуд. Вале ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”, ин ҳафта ҳеҷ яке аз интишороти Душанбе чопи шумораи ҷадиди ин нашрияро ба ӯҳда нагирифтаанд.

 

Вай афзуд: "Мо ночор шудем, ки шумораи ҷадиди “Фараж”-ро дар принтер ё дастгоҳи чопи кӯчак шабона мунташир кунем. Чунин наҳваи чопи ҳафтанома муассир нест ва ҳазинааш низ бузург аст. Намедонам, ки ҳафтаи дигар чӣ хоҳад шуд."

 

Дар ҳамин ҳол, Саймуддин Дӯстов, муассиси “Нигоҳ”, мегӯяд, ки шумораи ҷадиди ин ҳафтанома шоми имрӯз чоп хоҳад шуд ва то ҳол аз сӯйи интишороти давлатии “Шарқи озод” монеъае барои чопи он пеш наомадааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3655----news----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854