“АВЕСТО” МОЛИКИ НАВ ПАЙДО КАРД
Зафар Абдуллоев, муассиси хабаргузории “Авесто” ин хабаргузориро ба ихтиёри ҷамъияти “Муҳаммад Билол” додааст. Ба гуфтаи ӯ, Ҷамшед Улмасов, сардабири нашрияи русизабони “Бизнес и Политика”, аз ин ба баъд молики хабаргузории “Авесто” хоҳад буд.
Зафар Абдуллоев, мудири хабаргузории “Авесто”, ин иқдоми худро ба мушкилоти молӣ вобаста медонад. Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, солҳои ахир ин хабаргузорӣ дучори мушкили молӣ шуда, аслан наметавонист хароҷоташро бипӯшонад. Молики нав пайдо кардани хабаргузории “Авесто” дар ҳолест, ки Зафар Абдуллоев қаблан мехост ин хабаргузорияшро бифурӯшад. Аммо ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, ҳоло “Авесто”-ро нафурӯхта, балки ба як дӯсти худ додааст.
Вай мегӯяд, қаблан нафароне буданд, ки мехостанд ин хабаргузориро бихаранд. Вале ҳамон тавре ки ӯ гуфт, “онҳо ҳадафҳои сиёсӣ дошта, мехостанд хабаргузориро ба тамом аз миён баранд.” Гуфта мешавад, Назаралӣ Пирназаров, ки дар гузашта муҳаррири хабаргузории "Авесто" буд, дубора ба ин симмати худ бармегардад.
Зафар Абдуллоев мегӯяд, хӯди ӯ низ ҳуқуқи навиштан ва таҳрир дар саҳифаҳои “Авесто”-ро ҳифз хоҳад кард. Хабаргузории “Авесто” дар шаш соли пеш аз сӯйи созмони Кӯҳи Нор ташкил ёфта, хабарҳои Тоҷикистонро ба забони русӣ пӯшиш медод. Ин хабаргузорӣ дар соли 2006 бахши тоҷикии худро низ бо унвони “Замон ти ҷей” боз кард, вале ба иллати мушкили молӣ ин тарҳ дер идома наёфт.
Ҳоло Зафар Абдуллоев дар ихтиёри худ нашрияи русизабони “Факты и комментарии”-ро дорад. Аммо мегӯяд, чопи ин нашрия низ дер давом нахоҳад кард. Зеро ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, ӯ аз молик ё муҳаррири ин ё он нашрия будан худдорӣ карда, ба тиҷорати хурд машғул хоҳад шуд. Агарчӣ ҳамчун муаллиф ва ё мушовири ин ё он нашрия боқӣ мемонад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4316-2011-02-01-08-13-13.html