13:10:56 02-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ БАҲСИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯ ВА МУАССИСИ ҲАФТАНОМАИ "ПАЙКОН"

Вазорати адлияи Тоҷикистон аз додгоҳ хостори қатъи фаъолияти созмони молики ҳафтаномаи “Пайкон” шуд. Ин вазорат мегӯяд, созмони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ки муассиси ҳафтаномаи "Пайкон" аст, суроға ё нишонии идораро тағйир дода, вале дар ин бора ба мақомот хабар надодааст.

 

paykon newspaper 1Қурбоналӣ Бобоев, намояндаи Вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии шикояти ин вазорат дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, БМСТЖ бо ин амали худ муқаррароти қонунро нақз кардааст. Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, ин ниҳоди рӯзноманигорӣ тағйири суроға накарда, балки аз ошёнаи якуми бинои "Шарқи озод" ба ошёнаи дигари он "кӯчидааст".

 

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъаи Толиб, раиси ин Бюро ва сардабири нашрияи "Пайкон" мегӯяд, чоп шудани матолиби интиқодӣ нисбат ба вазорати адлия бо номҳои "Истеъфо" ва "Бузкашӣ дар атрофи ЦУМ" дар шумораҳои моҳи октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар ин ҳафтанома, боис ба додгоҳ кашонда шудани созмонаш шудааст. Вай гуфт, ҳадаф аз ин баҳси додгоҳӣ эҷоди мушкил барои чопи ҳафтаномаи "Пайкон" аст.

 

Ин дар ҳолест, ки охири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе дар баҳсе миёни нашрияи "Пайкон" бо Агентии "Тоҷикстандарт" ҳафтаномаро барои нашри матлаби тӯҳматомез мутаҳҳам донист ва пардохти маблағи 300 ҳазор сомонӣ товонро тақозо кард. Ҳамакнун рӯшан аст, ки дар сурати ҳал шудани баҳс ба нафъи Вазорати адлия дар додгоҳи Фирдавсӣ, на танҳо фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мутаваққиф хоҳад шуд, балки ҳафтаномаи "Пайкон" низ аз чоп хоҳад монд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4394-oghozi-bahsi-vazorati-adliya.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854