А. МИРЗО: "ХУДКОМАҲО БОЯД АЗ САРНАВИШТИ МУБОРАК БИТАРСАНД"
Додгоҳ баъди як соли баҳс миёни Вазорати кишоварзӣ ва "Миллат" ҳалномаи худро ба манфиати ниҳоди давлатӣ навишт. Ҳамакнун ин нашрия муваззаф шудааст, ки ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бисупорад. Аммо масъулини "Миллат" ин қарорро ноодилона ва ғайримунсифона шуморида, изҳор доштанд, ки баҳсро дар зинаҳои болоии додгоҳ идома хоҳанд дод.Дар оғози сӯҳбат аз Адолати Мирзо, сардабири нашрияи "Миллат" пурсидем, ки ба чӣ далел?
"Ҳарферо, ки нагуфтем, чӢ гуна инкор кунем?"
-Қабл аз он ки ин хабар, яъне мавҷудияти фасод дар вазорати кишоварзиро "Миллат" чоп кунад, ду ҳафта пештар он дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мунташир шуда, вале аз сӯи ин вазорат кадом вокунише нашуд. Вале бо чопи ин матлаб дар нашрияи мо, намедонам кадом омил боис шуд, ки вазорати кишоварзиро водор кард маҳз аз болои "Миллат" шикоят кунад. Асли матлаб ин аст, ки ин маълумот ба ҳангоми баррасии буҷаи соли 2009 дар парлумон пайдо шуд. Вакилони Маҷлис гузориши роҳбари Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистонро шуниданд, ки аз вуҷуди фасод дар ин вазорат ва ба маблағи 6,1 миллион сомонии ғайримақсад истифодашуда ҳикоят мекард.
Дар номае ҳам, ки аз сӯи раҳбари ин Оҷонсӣ ба унвони раиси пешини парлумон ирсол шудааст, ин маълумот ошкоро зикр шудааст. Вале чаро мо норозӣ ҳастем аз қарори додгоҳ? Барои он ки мо манбаи паҳнкунандаи ахбор набудем. Билфарзе агар мо рад кунем, ки дар Вазорати кишоварзӣ фасод нест, ибтидо бубояд он манобеи давлатӣ, ки ин маълумотро паҳн ва дар дастрасии хабарнигорон қарор доданд, онҳо рад кунанд. Дар ин маврид раддияи онҳоро бояд нашрия ба нашр бирасонад. Дар ҳоле ин ниҳодҳо чунин кореро накарданд, мо чӣ гуна метавонем ҳарферо, ки нагуфтаем инкор кунем? Аз сӯи дигар, дар ҷараёни мурофиа ҳеҷ як аз далоиле, ки намояндаи ҳуқуқии мо ба додгоҳ пешниҳод кард, ба назар гирифта нашуд. Аз ин рӯ, тасмими мо бар он шуд, ки мо ҳатман аз ҳалномаи содиркардаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи болоӣ шикояти кассатсионӣ хоҳем бурд.
Нашрияҳои мустақил ё мухолифони давлат?
-Вале чаро додгоҳ, ба гуфтаи Шумо, чунин як "ҳалномаи ғайриқонунӣ" содир кардааст? Оё ин зери фишори вазорат ва вазири кишоварзӣ қарор гирифтааст?
-Ҳоло, ки ҳалнома дар дасти мо нарасидааст, наметавонам дар ин бора кадом фикреро баён кунам. Аммо дар маҷмӯъ, дар мавриди он ки чаро додгоҳҳо ҳукми ноодилона содир мекунанд, метавонам ҳамчун як нафаре, ки дар матбуот собиқа дорад ва бо истинод ба он номаҳои зиёде, ки аз болои ҳукми додгоҳҳо ба нашрия мерасанд, тахминҳоеро ба миён бигзорам. Масалан, як омилаш метавонад ин бошад, ки ҳанӯз додгоҳҳои мо бо қонунҳои нав ва шароити нав одат накардаанд. Дуввум, ҳанӯз идеологияи Шӯравӣ аз мағзҳо шуста нашудааст. Барои ҳамин, хеле аз қозиҳои додгоҳҳои мо, ки дар даврони Шӯравӣ таҳсил кардаанд, фикр мекунанд, ки ҳанӯз вазорат ва ё ҳар ниҳоди дигари давлатӣ ин худаш ҳукумат ё давлат аст.
Фикр мекунанд, ки як нашрияи мустақил ба додгоҳ кашида бишавад, он ҳатман муқобили давлат баромад кардааст. Вале мо дар ин қазия дар додгоҳ, ки рӯи мо дарҷ шуда буд, ҳеҷ гуна фишори куллии ҳукуматро намебинем. Вазорати кишоварзӣ як ниҳоде аз ҳукумат аст, ки алайҳи нашрияи "Миллат" ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Мо аз ин истиқбол кардем, чун дигар бо зӯри силоҳу бо зӯргӯӣ масоил ҳал намешавад. Акнун ба таври демократӣ, он гуна ки нерӯҳои рӯшанфикр ва нерӯҳои демократӣ мехостанд, даъвоҳо ба додгоҳ мераванд. Вале он ки дар додгоҳ чӣ ҳукме содир мешавад, дигар ин ба виҷдон ва донишу фаҳмишу фаросати он қозиҳо ҳавола мешавад, ки онҳо чӣ ҳукме содир мекунанд.
"Ҳақ ба ҷониби "Миллат" аст"
- То ҷое огоҳем, аз он ки бархе аз созмонҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ бо ишора ба баҳси шумо бо Вазорати кишоварзӣ "Миллат"-ро низ дар баробари дигар нашрияҳо, аз ҷумла "Фараж", "Озодагон" ва "Азия-Плюс" зикр ва зери фишор арзёбӣ карданд, нороҳат шудед, ки бо ҳукумат мушкил надоред. Воқеан, ҳеҷ фишореро эҳсос намекунед?
-Агар фишор аз тарафи ҳукумат вуҷуд медошт, додгоҳ шояд маблағи ҷаримаи моро аз сесад то пансад ҳазор сомонӣ ҳукм мекард ва бо ҳамин нашрияро муфлис мекарду аз як "дарди сар" халос мешуд. Вале ба маблағи якуним ҳазор сомонӣ қарор гирифтани ҷарима ва ризоияти Вазорати кишоварзӣ ба маънои он аст, ки воқеан ҳақ ба ҷониби "Миллат" буд ва ҳеҷ қонунеро мо убур накардем, қонуншикание дар рафтори мо дида намешуд.
Дар Қонуни матбуоти Тоҷикистон ҳам зикр ёфтааст, ки нашрия барои нақли қавли ахбори расмӣ ва суханони вакили Маҷлиси намояндагон, ки дар ҷаласаи вакилон садо медиҳад, ҷавобгар нест. Ин ҷо фақат метавонам бигӯям, ки то дарёфти ҳалнома изҳори назар набояд кунам. Вале дар мавриди мудохилаи ҳукумат, ки шумо саволро дубора матраҳ мекунед, боз ҳам мегӯям, ки ниҳодҳое дар зери чатри ҳукумат он ҷурмҳое, ки содир карданд мехоҳанд онҳоро рӯпӯш кунанд. Ин як амри маъмулист, вақте як ниҳоди ҳукуматӣ даъво пешниҳод мекунад.
Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки ҳанӯз низоми демократӣ дар он урф ва одат нашудааст, ҳатман хелеҳо бар он назар буданд, ки мо дастболо намешавем. Вале мо талошамонро мекунем, то ба он ҳақиқат ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон арҷ бигузоранд. Мо мехоҳем онҳоро ба ин чиз водор созем, ки дар баробари ҳаққи мо эҳтиром қоил бошанд. Ҳоло воқеъият ин аст, як бахше аз ҳукумат, ки агар он вазорати кишоварзӣ бошад, дар муқобили мо дар додгоқ қарор гирифтааст. Ва он аз кадом асбобе дар ин мубориза истифода мекунад, инро беҳтар аст аз онҳо бипурсед.
Акнун дар бораи он баёнияи созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ ва ба истилоҳ мудофеи озодии баён. Аввал ин ки касе биояд ва ба мушкили шумо бихоҳад кӯмак кунад, шумо ба ӯ танҳо ташаккур мегӯед, вале агар касе биояд ва ба ҷои кӯмак ба мушкили шумо биафзояд, ҳатман ба ӯ мегӯед, ки кори худатро бикун. Мутмаин бошед, ки агар мо ба ҳаёҳуи онҳо дода мешудем, вазъи ба маротиб бадтаре медоштем ва посух ба он суоли шумо дар бораи фишори ҳукумат яксон, ё ба истилоҳ "однозначный" бале. Он гоҳ бо интизор ва шоҳиди фишори воқеӣ мебудем.
Мо аз ду баёния нороҳат будем ва далел дорем. Баёнияи аввал баёнияи Шӯрои ВАО буд, ки содир шуд. Он баёния дар бораи баҳси қозиҳо бо се нашрия буд, дар бораи "Миллат" набуд. Вале номи "Миллат" он ҷо ҳамчун исми ёридиҳанда ёд шуда буд. Гӯиё як нашрияи туфайлӣ ҳасту ҳамчунин мушкиле дорад. Ҳоло он ки қазияи "Миллат" пеш аз он се нашрия сар зада буд ва маблағи даъво ҳам қобили андеша ва 1 000 000 сомонӣ буд. Вақте дар Вена дар қароргоҳи марказии САҲА будем ва роҷеъ ба ин масъала баҳс доштем, гуфтем, ки бояд масъала мунсифона ҳал шавад.
Вале сафири Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҷо «Миллат» матраҳ нест ва дар баҳси матбуоти Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи гузашта (моҳи апрели соли 2010 буд) сурат гирифт, аслан баҳси ҳамон се нашрия ва додрас матраҳ буд. Баъд таҳқиқ кардем ва маълум шуд, ки маркази САҲА дар Душанбе ба асоси ҳамин баёнияи ҷонибдоронаи Шӯрои ВАО ба маркази худ маълумот ирсол кардааст. Фақат баъди он масъули нави умури матбуоти САҲА баҳси «Миллат»-ро бо мақомот ба сурати ҷудогона дар миён гузошт. Акнун аз раҳбарони ин Шӯро бипурсед, ки ин баёнияро ба асоси равобит навиштанд ва ё завобит?
Баёнияи дигар аз САҲА ва дар мавриди санҷиши молиёт буд. Онҳо аз мо чизе напурсида буданд ва он баёния ба ягон рӯзнома кӯмаке накард, агар зарар накарда бошад, ҳама рузномаҳое, ки тафтиш шуданд, ҷарима супориданд, ин баёния як тини онро кам карда натавонист. Аммо баёнияи Сафорати Амрико дуруст, мантиқӣ ва мутавозин буд ва ҳар чор нашрияи гирифтори мушкилро дар як саф қарор медод.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>