IWPR: ГУЗОРИШҲОИ ТАҲЛИЛИИ РАДИОӢ ЧӢ ГУНА ОМОДА ШАВАНД?
Намояндагии Институти бритонии инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон рӯзҳои 18 ва 19 феврали соли ҷорӣ барои журналистони вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб семинар – тренинг дар мавзӯи «Меъёрҳои байналхалқии журналистика ва омодасозии гузоришҳои таҳлилии радиоӣ» мегузаронад. Максади аз гузаронидани ин тренинг баланд бардоштани сатҳи малакаи радиожурналистони ҷавон ва инъикоси дурусти мавзӯҳои доғ ва нозуки минтақа мебошад. Тренингро муҳаррири радиолоиҳаи IWPR Шаҳодат Соибназарова мегузаронад.
Ҳамчунин Додарбек Сайдалиев, раҳбари Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд», ки бевосита бо рушди сектори шаҳрвандӣ дар минтақа сару кор дорад, барои донишҷӯёни курсҳои болоии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дар мавзӯи «Нақши озодии сухан дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон» маърӯза хоҳад кард.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4461-guzorishhoi-tahlilii-radioi.html