ҶУМЪАБОЙ ТОЛИБОВ: БА ҚОЗӢ БОВАР НАДОРЕМ
Сардабири нашрияи мустақилли “Пайкон” бо ирсоли номае ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қозии парвандаи марбут ба ин нашрия ибрози нобоварӣ кардааст. Баррасии баҳси миёни Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистии Тоҷикистон, ки молики нашрияи "Пайкон" аст, ва Вазорати адлияи ин кишвар рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ оғоз шуд.
Вазорати адлия иддаъо дорад, ки муассиси нашрияи “Пайкон” ин вазоратро аз тағйири макони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ расман мутталеъ насохтааст. Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмон ва сардабири нашрияи “Пайкон” ин иддаъоро рад мекунад. Дар номаи оқои Толибов унвонии қозии парванда омадааст, ки вай ба баррасии “беғараз ва холисонаи” парванда аз сӯйи додрас Машкура Содирова бовар надорад ва мехоҳад, ки ҳайъати додгоҳии парвандаи мазкур тағйир ёбад.
Аммо оқои Толибов ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба қонеъ шудани ин дархост низ аз сӯйи қозӣ “умед надорад”. Вай дар ин бора гуфт: “Муттаасифона, тибқи қонунгузории мо, аризаи моро дар бораи нобоварӣ ба қозӣ ҳамон қозӣ, ки мо ба ӯ бовар надорем, баррасӣ мекунад. Танҳо дар сурати қонеъ нашудани дархости ин ариза, ба додгоҳи шаҳрӣ муроҷеъа хоҳем кард.”
Қаблан Ҷумъабой Толибов гуфта буд, ки ҳадаф аз шикояти Вазорати адлия алайҳи Бюрои маслиҳатдиҳӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ эҷоди маҳдудият дар фаъолияти ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ки дар пайи чопи матолиби интиқодӣ дар бораи ин вазорат сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ки машғули баррасии баҳси "ASIA-Plus", як нашрияи дигари мустақил бо як корманди Вазорати кишвари Тоҷикистон аст, баррасии ин парвандаро то ба 10 марти соли ҷорӣ ба таъвиқ гузоштааст.
Дар ин қазия Анвар Тағоймуродов, раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати кишвар иддаъо дорад, ки "ASIA-Plus" бо чопи матлабе “тавҳиномез” ба шаъну эътибори ӯ латма задааст ва тақозо кардааст, ки ин нашрия ба ӯ як милюн сомонӣ ғаромат пардохт кунад. Бино ба иттилоъи масъулони ин нашрия, қозии додгоҳ баррасии парвандаро ба ин хотир ба таъвиқ андохтааст, ки “тарафҳо бояд баъзе аз аснодро барои идомаи баррасии парванда омода кунанд.”
Дар ҳоле ки додгоҳ қаблан даъвои мутақобили нашрияи "ASIA-Plus"-ро ба далели ин ки он аз сӯйи сардабири нашрия на, балки муъовинаш арза шуда, рад карда буд, акнун масъулони нашрия санадеро ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, ки ҳаққи муъовини сардабирро барои ироаи шикояти додгоҳӣ қонунӣ мешиносад. Бо ин ҳол, вакили мудофеъи оқои Тағоймуродов хостааст, ки ваколатномаи Марат Мамадшоев, ки кафили сардабирии ин нашрия аст, санҷида (экспертиза. рус) шавад.
Қазияҳои додгоҳии нашрияҳои мустақил дар додгоҳҳои шаҳри Душанбе тайи ду соли ахир аз мавориде нест, ки банудрат иттифоқ уфтад. Бо ишора ба ин нукта, бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо аз ончи идомаи фишор бар расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон хондаанд, башиддат ибрози нигаронӣ кардаанд.
Аз ҷумла, ахиран созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки баррасии қазияи нашрияи “Пайкон” мунсифона анҷом шавад. Қаблан додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар парвандае ҷудогона ин нашрияро ба пардохти 300 ҳазор сомонӣ ғаромат ба "Тоҷикстандарт" муваззаф карда буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4521-jumaboy-tolibov-ba-kozi-bovar-nadorem.html