21:39:02 02-уми Июни 2025 сол

НАШРИ ҲАФТАНОМАИ ҶАДИД ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар шаҳри Душанбе шумораи нахустини ҳафтаномаи ҷадиди русизабон бо номи “Вечёрка” ба табъ расид. Муассиси ин ҳафтанома Гулнора Амиршоева, сардабири қаблии ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» буда ва дар он бархе аз рӯзноманигорони ин ҳафтанома кор мекунанд.

 

gulnara_amirshaevaГулнора Амиршоева, сардабири ин ҳафтанома мегӯяд, ки нашрияи ҷадид бо шеваи замонавии чопи рӯзномаҳо ба табъ расида ва шумораи аввали онро онҳо ройгон ба тавзеъкунандагони рӯзномаҳо ироа додаанд. Ба гуфтаи хонум Амиршоева онҳо нашрияи ҷадидро дар бахши кумитаи молиёти ноҳияи Фирдавсӣ сабти ном кардаанд ва сармоя барои чопи онро худи вай, яъне сардабири он фароҳам кардааст. Шумораи аввали ҳафтаномаи ҷадиди “Вечёрка”, ки нашрияи шаҳрӣ буда аз 16 саҳифаи чопӣ иборат аст, бо теъдоди 2 ҳазор адад ба чоп расидааст.

 

Вале сардабири он мегӯяд, ки онҳо дар оянда шумораи ин нашрияро афзоиш хоҳанд дод. Ва ба гуфтаи сардабири он рӯзноманигорон дар нашрия бештар масоили зиндагии иҷтимоъии мардуми Тоҷикистонро матраҳ хоҳанд кард. Хонум Амиршоева мегӯяд, ки онҳо кушиш хоҳанд кард, ки дар бораи масъалаҳои сиёсӣ дар ин нашрия камтар матлаб ба нашр расонанд.

 

vecherkaГулнора Амиршоева ва иддае аз хабарнигорони муътариз дар моҳи январи соли ҷорӣ бо нашри баёнияе тасмими гурӯҳӣ ба қатъи фаъолияти худ дар ҷамъияти "Чархи гардун", молики нашрияи "Вечерний Душанбе"-ро эълом карданд. Дар он замон хонум Амиршоева гуфт, ки Акбаралӣ Саттор, молики нашрияи "Вечерний Душанбе" дар садади тавқифи ин ҳафтанома аст ва кормандони нашрия барои нигаҳдории он даст ба чунин иқдоме задаанд.

 

Ҳарчанд оқои Саттор гуфта буд, ки қарор нест, ки вай чопи нашрияро мутаваққиф кунад ва ё касе аз кормандони онро аз кор сабукдӯш созад. Сипас гурӯҳе аз кормандони ин нашрия бо шумули сардабири он ва хабарнигорон Галина Дзутсева, Екатерина Пасторова, мусаҳҳеҳ Владимир Яковлев ва тарроҳ Далер Мӯъминшоев, он замон тасмим гирифтанд, ки ҳафтаномаи ҷадидро нашр кунанд. Ва шумораи нахустини нашрияи ҷадиди “Вечерка”, рӯзи чаҳоршанбеи 2-уми март ба дасти хонандагон расид.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4564-nashri-haftanomai-jadid-dar-tojikiston.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854