АКБАР САТТОР: «БА ҚОСИМ ҚОСИМОВ ГУФТАМ, КИ БО «МИЛЛАТ» ҶАНҶОЛ НАКУНЕД!»
11-уми март дар Тоҷикистони азизи мо иди «Рӯзи матбуот» ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар бинои Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ ҷамъомади тантанавии журналистон баргузор гардид. Пеш аз оғози ҷамъомад дар назди театр ва толори он намоиш ва фурӯши китоб ва дигар маҳсулоти полиграфӣ сурат гирифт.
Дар ин байн майлу тавваҷҷӯҳи ҳозиринро торти бузурге, ки онро дар шакли Модем ширкати Телефонҳои Муҳаррики Тоҷикистон тайёр карда буд, ҷалб намуд. Журналистону дигар ҳозирин қабл аз он ки вориди толори тамошо бигарданд, аз торти бо дасти гулдухтарони ин ширкат бурида даҳон ширин мекарданд. Дар аввали ҷамъомад муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Миралӣ Достиев қаламбадастони кишварро бо иди касбиашон аз номи раҳбарияти вазорат табрик гуфта ба онҳо бахту саодат ва комёбиҳои беназир орзу намуд.
Ӯ эълон дошт, ки ба муносибати ин Ид 31 нафар журналист ва корманди матбуот бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 18 нафар бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 31 нафар бо «Ифтихорнома»-и вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Акбар Саттор -раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон чун анъана дар ин рӯз феҳристи барандагони ҷоизаи муҳимтарини рӯзноманигорони кишвар, ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2010-ро эълон кард. Қабл аз он ӯ гуфт, ки маблағи ин ҷоизаро на аз созмонҳои байналмилалӣ, балки аз сарпарастони дохилӣ дарёфт кардааст ва лозим донист, ки номи сарпарастонро низ ифшо созад. Бино ба гуфтаи ӯ вазорати кишоварзии кишвар (вазир Қосим Қосимов), ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» (раис Абдулло Ёров) ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Вавилион -Т (директори генералӣ Файзуллоҳ Беҳзод) аз манбаъҳое ҳастанд, ки дар дарёфти маблағи ҷоизаи мазкур ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон кӯмак кардаанд.
Акбар Саттор нимшӯхиву нимҷиддӣ илова намуд, ки «ба Қосимҷон Раҳбарович Қосимов гуфтам, ки ҷанҷолро бо «Миллат» камтар кунед. Мо ба ҳар сурат тарафдори журналистон ҳастем». Ҳамин тариқ ба журналистон Нозирҷон Ёдгорӣ (сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик»), Толибшоҳи Саидзода (муҳаррири ҳафтаномаи «Миллат», Абдураҳмон Расулӣ (журналисти собиқадор), Алӣ Ҷӯра (радиои «Ватан»), Фаррух Зиёев (радиои «Тоҷикистон»), Шавкат Муҳаммаддиев (шабакаи аввали Телевизиони Тоҷик), Саидмуроди Хоҷазод (радиои Тоҷикистон) ҷоизаи олитарини журналистони кишвар дар соли 2010 супурда шуд.
Раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ғолибони озмуни журналистони ҷавон ба номи устод Воҳид Асрориро низ эълон кард. Донишҷӯи соли панҷуми Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи устод Мирзо Турсунзода Маъруфзода Суғдмеҳр ва донишҷӯи соли панҷуми факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Усмон Ниёзов тибқи қарори доварон барандагони ин ҷоиза дониста шуданд.
Дар хотима барои ҳозирин гурӯҳи овозхонҳои Филармонияи Давлатии Тоҷикистон консерт намоиш доданд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4642-akbari-sattor-ba-kosim-kosimov-guftam-ki-bo-millat.html